Дин ва боварҳоМуҳоҷирон

ВИДЕО: Боздошти аъзои гуруҳи террористии «Катиба Тавҳид вал-Ҷиҳод» дар Красноярск

Раёсати ФСБ адр кишвари Красноярски Русия рӯзи 7 декабр аз боздошти тарафдорони гуруҳи террористии дар Русия мамнӯи «Катиба Тавҳид вал-Ҷиҳод» хабар дод. Дар иттилоияи расмӣ боздоштшудаҳо «шаҳрвандони яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ» ном бурда мешаванд. Ба гуфтаи мақомоти амниятӣ, яке аз дастгиршудагон чунон ба ақидаҳои ифротӣ дода шуда буд, ки мехост тарки Русия карда, ба саффи гуруҳҳои террористӣ бипайвандад.

 «Дар ҷараёни чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ӯ дар фурудгоҳи Красноярск ҳангоми нишастан ба ҳавопаймо дастгир гардида, дигаронро дар манзилҳои зисташон боздошт карданд. Онҳо мехостанд шумори аъзои ин созмони террористиро зиёд кунанд», – гуфта мешавад дар иттилоияи ФСБ.

Дар видеои нашркарда ФСБ дида мешавад, ки дастикам ду нафарро мақомоти амниятӣ дар фурудгоҳ (якеро дар дохили ҳавопаймо, дуюмиро – дар толори фурудгоҳ) ва дигаронро дар хонаҳояшон дастгир мекунанд.

Нисбат ба боздоштшудаҳо бо иттиҳоми мусоидат ба фаъолиятҳои террористӣ ва омодагӣ ба анҷоми чунин фаъолиятҳо парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Гуруҳи «Катиба Тавҳид вал-Ҷиҳод» соли 2014 дар Сурия аз ҳисоби ҷангҷӯёни зодаи Ӯзбекистону Қирғизистон ва Тоҷикистон  ва ҷангҷӯёни уйғур ташкил шуда, бештар ҷангҷӯёни ӯзбекро фаро мегирад. Нафарони муттаҳам ба ҳамлаи террористии соли 2017 дар метрои шаҳри Санкт-Петербургро низ аъзои ҳамин созмон ном мебурданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button