Фарҳанг

оЛИМОН ё Аввал хеш, баъд – дарвеш? Шикояти як гуруҳи олимони Академия аз шеваи тақсими ҷоизаҳо

Ҷамила Мирбозхонова, “Фараж”: Як гуруҳ олимони тоҷик ба мо бо шикояте муроҷиат намуданд, ки ба гуфтаи онҳо, барои соҳиб гардидан ба ин ё он унвону ҷоиза ҳамеша аз “омилҳои муҳим”, яъне шиносу маҳал ва хешу ақрабо кор гирифта мешавад. Онҳо мегӯянд ин як баҳсест, ки ҳамеша вуҷуд дошт ва ками олимон барои баррасии он ҷуръат мекунанд. Олимоне, ки ба мо муроҷиат карданд, мегӯянд ин мушкил дарди куҳнаи ҳамоно бедармон аст. Ва Ҷоизаи Сино гирифтани чанд нафарро мисол меоранд, ки гӯё ба ин ҷоиза ягон алоқамандӣ надошта, вале бо сӯйистифода аз мақом онро соҳиб шудаанд

Олимони тоҷик ба пул ниёзи бештар доранд, ё ба дастовардҳои илмӣ?

Маълум мешавад, ки аз фаъолияти олимони тоҷик на танҳо мардум, балки худи онҳо низ қаноатманд нестанд. Одамон мегӯянд, ки махсусан дар шароити пандемия, ки олимони тамоми дунё ба ихтирооти нав ба муқобили бемории коронавирус машғуланд, аз олимони тоҷик ба ҷуз хабарҳое дар бораи оби нуқра, ниқоби нуқра ва чизҳои ба ин монанд чизи бештаре нашунидаанд.

Дар ҳамин ҳол, як гуруҳ олимони тоҷик ба мо бо шикояте муроҷиат намуданд, ки ба гуфтаи онҳо, барои соҳиб гардидан ба ин ё он унвону ҷоиза ҳамеша аз “омилҳои муҳим”, яъне шиносу маҳал ва хешу ақрабо кор гирифта мешавад. Онҳо мегӯянд ин як баҳсест, ки ҳамеша вуҷуд дошт ва ками олимон барои баррасии он ҷуръат мекунанд. Норозиён ба ин назаранд, ки чунин муносибат ба рушди илмии онҳо халал ворид месозад. Чунин масъалагузориву норозигии олимон дар зеҳни мо масъалаҳои дигарро ба вуҷуд овард. Аз ҷумла, ба фикр рафтем, ки дар ҳақиқат чаро ҳарчанд дастовардҳои муҳиме аз олимонамон намешунавем, бовуҷуд нафароне ҳамеша сазовори ифтихорномаву ҷоизаҳои илмӣ ва унвонҳо мегарданд? Олимоне, ки ба мо муроҷиат карданд, мегӯянд ин мушкил дарди куҳнаи ҳамоно бедармон аст. Ва Ҷоизаи Сино гирифтани чанд нафарро мисол меоранд, ки гӯё ба ин ҷоиза ягон алоқамандӣ надошта, вале бо сӯйистифода аз мақом онро соҳиб шудаанд.

«Дар ин маврид бештар гап сари маблағи ин ҷоиза меравад, ки баробар ба 3,5 ҳазор доллар аст. Ин дар ҳолест, ки аз рӯи қоида довталабон бояд алоҳида ҳуҷҷат месупориданд. Шаш нафар ҳамон вақт ҳуқуқ доранд як ҷоизаро ба даст биёранд, ки агар 6 кас муаллифи як китоб бошанд, якҷоя мақола навишта бошанд, ё мутахассиси як соҳа бошанд. Мутобиқи қонунгузорӣ дар тиб дору ё дастгоҳ барои истифода иҷозат дода нашудааст, онро истеҳсол кардан, истифода бурдан, фурӯхтан ва ҳатто барои ҷоизае пешниҳод кардан мумкин нест. Кулли мақолаву корҳои илмии «ҷоизадорон» ба тамоми ҷоизаҳо сазоворанду аз мо не? Алам мекунад, ки як умр дар дохили илм будем, вале як ифтихорномаро ба мо сазовор намедонанд. То ба кай мо олимон аз қафои “одами зӯр” гардем? Айб аст, хаста шудем”,- мегӯянд шикояткунандагон.

Вобаста ба масъалагузориву гилаи ин нафарон хостем мавзӯро бо президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ дар миён гузорем. Он кас дар сафари хизматие дар пойтахти Русия будаанд. Витсе-президенти академия Саидов Абдусаттор Самадович иқрор шуд, ки ин олимони норозӣ ба чандин зинаҳои дигар ҳам мактуби шикоятӣ навишта будаанд ва ин масъала аз ҷониби Прокуратураи генералӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст: «Ин таҳқиқ шаш моҳ давом кард ва ба шикояткунандагон посухи расмӣ фиристоданд, ки “далелҳои шумо тасдиқ нагардид”. Олимони мо бо маоши ночиз кор мекунанд, плагиат надоранд, ин роҳи мардонагӣ нест, ки мушкилотро то ба ҳадди расонаҳо баранд. 6 олими мо 3 ҳазору 500 доллар гирифтаанд. Ин магар бисёр аст?! Ин маблағро байни худашон тақсим мекунанд. Олимонро ҳамеша бояд дастгирии моддиву маънавӣ кард, аммо мутаассифона дар мо барои маблағ ҷанг аст. Бовар кунед, донишмандони мо бо 600 сомонӣ кор мекунанд, маҷбур мешаванд дар вақтҳои холигӣ дар 9 ҷо кор кунанд. Мо ҳам монеа намешавем, то онҳо руҳафтода нашаванд. Агар олимон зиндагии шоҳона медоштанд, магар дар хобгоҳҳо иҷора мешиштанд? Мисли дигар сарватмандон чаро мо дар марказҳои шахр хона надорем? Ҳатто хобгоҳро барои зиёиёни мо як ширкати сохтмонӣ таъмир кард. Ба ин шароити вазнин нигоҳ накарда, олимони мо фаъоланд. Ин олимони норозӣ худашон қалбакианд. Ман медонам, ки ба шумо кӣ шикоят кардааст. Лутфан, як бор корҳои илмии онҳоро варақ занед ва бубинед, ки дар корашон плагиат нест? Мард бошанд, иқрор шаванд! Воқеан, мавзӯи асардуздии олимони тоҷик дар ду соли охир боис ба баҳсҳои ҷиддие гардид. Масъала то ҷое ҷиддӣ гардид, ки Пешвои миллат дар як суханрониашон 18-уми марти имсол дар мулоқот бо олимон таъкид карданд, ки “40 дарсади олимони мо бо роҳи плагиат корҳои илмиашонро анҷом додаанд”.

Дар маҷмуъ мешавад хулоса кард, ки баҳси аслии олимон сари пул аст. Аммо ҷомеа аз он норозӣ аст, ки олимони мо кори муваффақе надоранд. Мавзӯи асардуздӣ ва ба доираҳои илмӣ роҳ ёфтани одамони тасодуфии сарватманду мансабдор ҳам маҳз ба ҳамин мавзӯи пул иртибот мегирад. Яъне баъзе олимон барои дигарони сарватманду пуртаъсир рисолаи илмӣ навишта, ба асардуздӣ даст мезананд, ки ҳам мансабдорону сарватмандон ва ҳам илми тоҷикро беобрӯ мекунанд. Фақат номаълум аст, ки “лимон” (пулро дар баъзе доираҳо ҳамин тавр мемонанд) то куҷо метавонад мушкилоти илми тоҷикро бартараф намояд? Хуб, гуфтем, ки аз ҷониби давлат ба онҳо пули зиёде ҷудо шуд, баъд чӣ? Оё метавонанд бо ягон дастоварди худ мову ҷаҳониёнро дар ҳайрат биёранд? Саволи асосӣ бояд ҳамин бошад.

Ё ман хато мекунам?

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button