Хабарҳои кӯтоҳ

Кордзанӣ дар як ошхона дар Данғара ва 9 қурбонии 3 садамаи рӯзи 7 декабр

Як сокини 42-солаи қаблан судшудаи ноҳияи Данғара рӯзи 5 декабр коргари як ошхона дар маркази ин ноҳияро корд задааст.

Рӯзи 6 декабр дар се садама дар ноҳияҳои Рӯдакӣ, Восеъ ва Лахш 5 нафар ба ҳалокат расида, 4 нафари дигар, аз ҷумла се кӯдак, ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд.

Аз навори хабарҳои рӯзи 7 декабри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Боздошти марди 42-сола барои қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 42-солаи сокини ноҳияи Данғара, ки пеш бо моддаи 248 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудаст, бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, санаи 5-уми декабри соли 2020, тахминан соати 11:20-дақиқа, дар ҳолати мастӣ ба ошхонаи хусусии марди 31-солаи сокини ноҳияи мазкур, воқеъ дар кӯчаи Зебуниссои ҳамин ноҳия даромада, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо коргари ошхонаи мазкур марди 36-солаи сокини ҷамоати деҳоти Корез ҷангу ҷанҷол карда, бо корди ошхонагӣ 1-маротиба ба шикамаш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Рух додани якчанд садамаи нақлиётии марговар

Рӯзи 6-уми декабри соли 2020, тахминан соати 22:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тoyota-Хелуксер”, Абдусаломзода Муҳаммад Абдусалим, соли таваллудаш 2001, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Ваҳдат, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахтони канори роҳ бархӯрдааст. Дар натиҷа, худи ронанда Абдусаломзода М.А. ва мусофираш Сайфулоева Сайёра Маҳмуродовна, соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Ваҳдат, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Мусофирони дигараш: Ҷумъаев Мансур, соли таваллудаш 1960, Юнусова Аврия, соли таваллудаш 1963, ноболиғ Самиаллоҳи Аслан, соли таваллудаш 2014 ва хурдсол Ҷумъаева Фахрия, соли таваллудаш 2016, сокинони шаҳри Ваҳдат ба саломатиашон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Санаи 6-уми декабри соли 2020, тахминан соати 16:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Аниси Абдулфайз, соли таваллудаш 1994, сокини ҷамоати деҳоти М.Вайсови ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти М.Вайсов ба самти шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи мазкур дар деҳаи Заркорони ҷамоати деҳоти М.Вайсов аз уҳдаи идора кардани автомашинааш набаромада, пиёдагарди хурдсол Нурматова Оишамо Убайдуллоевна, соли таваллудаш 2014, сокини ҷамоати деҳоти М.Вайсовро пахш намудааст.
Дар натиҷа, ноболиғ ҷароҳатҳои вазини ҷисмонӣ бардошта ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат мерасад.
Инчунин рӯзи 6-уми декабри соли 2020, тахминан соати 10:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “КIA”, Ҳотамов Дилшод Саймуродович, соли таваллудаш 1978, сокини ҷамоати деҳоти Аскалони ноҳияи Рашт, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Тоҷикобод ба самти ноҳияи Лахш, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Пилдон, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, тахминан 200 метр ба ҷарӣ рафта чаппа шудааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашина Ҳотамова Аҳлинисо Ҳотамовна, соли таваллудаш 1964, сокини ҷамоати деҳоти Сари-киштии ноҳияи Рӯдакӣ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ронандаи автомашинаи тамғаи “КIA”, Ҳотамов Д.С., ба саломатиаш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расида, мусофири он, Раҳмадзода Мустафо Раҷаб, соли таваллудаш 1996, сокини ҷамоати деҳоти Хумдони ноҳияи Нуробод ба саломатиаш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Ошкор гардидани дуздии чорво

Ба ШВКД дар ноҳияи Файзобод бо ариза марди 46-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чашмасори ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 4 ба 5-уми декабри соли 2020, тахминан соати 02:00-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба фермаи чорвопарварии ҶДММ “Мурғи ҳилол”, воқеъ дар деҳаи Кӯлобиён, ки дар ҳолати вайрона қарор дорад, даромада, аз он ҷо 4-сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 32 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 32, 28 ва ҷавонони 22, 19-солаи сокинони ноҳияи мазкур ва ҷавони 22-солаи сокини шаҳри Роғун бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Номбурдагон шаби 4 ба 5-уми декабри соли 2020, тахминан соати 01:30-дақиқа, бо роҳи пинҳонӣ ба фермаи чорвопарварии ҶДММ “Мурғи ҳилол”, воқеъ дар деҳаи Кӯлобиён, ки дар ҳолати вайрона қарор дорад, даромада, аз он ҷо 4-сар чорвои калони шохдори марди 39-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чашмасори ҳамин ноҳияро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Инчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 23-солаи сокини ҷамоати деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара, ки пеш бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, санаи 3-юми декабри соли 2020, тахминан соати 13:30-дақиқа, бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои чарогоҳи ҷамоати деҳоти И.Шариф, 11-сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 15 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button