Хабарҳои кӯтоҳ

То 8 декабр ҳаво дар Тоҷикистон сард хоҳад шуд

Тавсияҳои КҲФ барои рӯзҳои сард


Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар, аз 5 то 8 декабри соли 2020 ҳаво сард мешавад. Дар водиҳо борон меборад, дар доманакӯҳҳо ва кӯҳҳо барф, дар баъзе минтиақаҳо барф шадидтар меборад. Ҳарорати миёнаи рӯзонаи ҳаво дар водиҳо 5 ° С хоҳад буд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад, ки барфи тар метавонад сабабгори хароб шудани хатҳои интиқоли барқ, қисман шикастану афтидани дарахтон, инчунин хароб гаштани сутунҳои сустниҳоди реклом дар кӯчаҳо шавад.

Дар робита ба тағйири обо ҳаво ва сардиҳои чанд рӯзи ояндаву барфу боронҳо  Кумита аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш мекунад, ки ҳангоми истифодаи асбобҳои гармидиҳандаи барқӣ қоидаҳои бехатарии сӯхторро қатъиян риоя кунанд, инчунин бехатарии ҳаракат дар роҳҳоро риоя намоянд, хусусан ҳангоми истифода аз роҳҳо ва гузаргоҳҳои кӯҳӣ то ҳадди имкон ҳушёр бошанд.

КҲФ дар ин рӯзҳо аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки ҳаракатро дар роҳҳои кӯҳӣ бидуни эҳтиёҷоти фаврӣ маҳдуд кунанд, аз корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳезум ва шикор дар минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ намоянд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button