Варзиш

Подполковники ВКД Аслиддин Шоҳиён соҳиби камарбанди сиёҳи таеквондо шуд

 Муовини аввали Раиси ШҶ «Динамо»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, устоди варзиши таеквондо подполковники хизмати дохилӣ Шоҳиён Аслиддин Назрӣ пас аз супоридани имтиҳон оид ба меъёрҳои якҳарбаи шарқии таеквондо-WT соҳиби камарбанди сиёҳи 5-ум шуд. Ин унвони баландро дар як маросим ба подполковник Шоҳиён аз номи Президенти Kukkiwon раиси Федератсияи таеквондо (WT) Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаҳонзеб Қармишев супурдааст.

Парвина Гулова

Шоҳиён Аслиддин ба гирифтани камарбанди сиёҳ Дани 5 мушарраф гардид!

Муборак бошад!

Муовини аввали Раиси ШҶ «Динамо»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники хизмати дохилӣ Шоҳиён Аслиддин Назрӣ, ки ҳамзамон устоди варзиш дар намуди варзиши таеквондо мебошад, пас аз супоридани имтиҳон оид ба меъёрҳои якҳарбаи шарқии таеквондо-WT ба гирифтани камарбанди сиёҳи 5-ум шарафёб гашт.

Маросими ҷоизасупорӣ санаи 1-уми декабри соли равон дар Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои таеквондо баргузор гашта, дар ин рӯз, ҳамчунин мусобиқаи кушоди шаҳри Душанбе оид ба таеквондо байни кӯдакону наврасон ҷамъбаст мегардид. Сертификати Дани 5-и Кукивонро (KUKKIWON’s 5th Dan Taekwondo Promotion Test)-ро аз номи Президенти Kukkiwon дар фазои тантанавӣ раиси Федератсияи таеквондо (WT) Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаҳонзеб Қармишев супорид.

Ҳамин тариқ, боз як варзишгари тоҷик, корманди мақомоти корҳои дохилӣ имтиҳони навбатиро бомуваффақ супорида, соҳиби Дани 5 ва сертификати дараҷаи байналмилалӣ гардид.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button