Хабарҳои кӯтоҳ

Пули кати гулкорӣ ва дарвозаро надод…

Як сокини 50-солаи ноҳияи Кушониён ба он гумонбар мешавад, ки ҳаз моҳи феврал аз як зан дар бозори “Саховат”-и Душанбе ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ маҳсулоти сохтмонӣ, як кати калони гулкорӣ ва як дарвозаи калонро гирифта, то ҳол пулашро надодааст.

Сокини 21-солаи ноҳияи Данғара ба он гумонбар мешавад, ки шоми 3 декабр аз кӯчаи Яккачинори Душанбе мошини “Тойота-Кемри”-и сокини Файзободро ғайриқонунӣ ҳай карда бурдааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 5 декабри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ғайриқонунӣ ҳай бурдани автомашинаи «Тoйота-Кемри”

Ба ШВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи марди 46-солаи сокини ноҳияи Файзобод ворид гардид, ки санаи 3-юми декабри соли 2020, тахминан соати 18:20-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи Яккачинори шаҳри Душанбе қарор доштанаш, марди 21-солаи сокини ноҳияи Данғара, автомашинаи шахсиаш тамғаи «Тoйота-Кемри»-ро ғайриқонунӣ ҳай карда бурдааст.
Зарари расонидашуда 110 000 сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ошкор шудани қаллобӣ ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи зани 46-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ворид гардид, ки моҳи феврали соли 2020 дар назди бозори «Саховат»-и пойтахт шахси номаълум бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ маҳсулоти сохтмонӣ, 1-адад кати калони гулкорӣ ва 1-адад дарвозаи калонро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Зарари расонидашуда 150 000 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 50-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button