Сиёсат

ФАВРӢ! МАҲМУРОД ОДИНАЕВ ДАСТГИР ШУД

Раҳматилло Зойиров, раиси ҳизби оппозитсионии сосиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) хабар дод, ки муовини ӯ Маҳмурод Одинаев рӯзи 5 декабр, соати 11 дастгир шудааст. Бино ба иттилои Зойиров, дар амалиёти боздошти Одинаев ҳудуди 15 тан аз кормандони ВКД ва амният иштирок кардаанд, вале “сабаби боздошт шуданаш маълум нест”.

Зойиров аз мақомоти ВКД хостааст, сабаби боздошти Маҳмурод Одинаев, дар кадом асос, омилҳои боздошт ва ба кадом моддаи қонун айбдор шуданаш, ҳамин тавр, дар куҷо нигоҳ доштани шудани ӯ ба роҳбарияти ҲСДТ ва хешу табораш маълумот диҳанд.

Маҳмурод Одинаев, ки бо интиқоди тундаш аз сиёсати ҳукумати кунунии Тоҷикистон маъруф буд, ду ҳафта пеш, дар пайи даъват ба як гирдиҳамоии эътирозӣ дар маркази Душанбе ғайб зад. Сарусадоҳое бархоста буд, ки ӯро дастгир кардаанд ва шиканҷа медиҳанд.

Вале рӯзи 4 декабр Раҳматилло Зойиров дар як нишасти хабарӣ гуфт, Маҳмурод Одинаев ҳангоми амалиёти боздошташ аз хонаи худ дар Ҳисор фирор кардааст ва ҳоло дар як макони номаълум пинҳон шудааст.

“Ду ҳафта пеш, баъди он ки маҳалли зисташро ба иҳота мегиранд, фирор кардааст. Дирӯз аз наздик суҳбат доштем. Маълум шуд, бе пояфзол аз манзил мегурезад. Ҳарду пояш хуншор шуда, осеб дидаанд. Ҳоло дар як макон табобат дорад. Гуфт, ки феълан худро нишон намедиҳад. Барои он имрӯз дар нишаст нест, ки аз мақомот ҳарос дорад“, – нақл кард Зойиров.

Вале раҳбари ҲСДТ гуфт, муовинаш бо ин шакл наметавонад ба табобати худ идома диҳад. “Таслим шуданаш даркор аст, аз ин роҳ наметавонад табобат гирад”, — гуфт Раҳматилло Зоиров.

Рахматилло Зойиров

МАХМУРОД ОДИНАЕВ БОЗДОШТ ШУД.

Имруз соати тахминан 11.00 Махмурод Одинеав боздошт шуд.

Сабаби боздошт шуданаш холо маълум нест.

Захвачен Махмурод Одинаев.

Причины задержания пока неизвестны.

В захвате участвовали группа сотрудников МВД и работники служб безопасности, общим числом около 15 человек.

Рахматилло Зойиров

Ба ВКД Чумхурии Точикистон!!!

Бо сабаби боздошт шудани Махмурод Одинаев хохиш мекунем:

сабаби боздошт шудани Махмурод Одинаев, дар кадом асос, омилхои боздошт, моддаи чиноят ё кодекси маьмури, ки у айбдор карда мешават,

ба ХСДТ ва шахсан раиси ХСДТ Рахматилло Зойиров хатми

расонида шавад.

Рахматилло Зойиров

ДАРХОСТ!

Сараввал, чойи мукаррарии Махмурод Одинаев ба ахлу оила, хешу табор ва рохбарияти ХСДТ, аз чумла раиси ХСДТ Рахматилло Зойиров хабар ва иттилоъ ворид карда шавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button