СиёсатТоҷикистон

ФАВРӢ! ДОДСИТОНИИ КУЛ: МАҲМУРОД ОДИНАЕВ БО ИТТИҲОМИ АВБОШӢ ВА ТАҲҚИРИ НАМОЯНДАГОНИ ҲОКИМИЯТ ДАСТГИР ШУДААСТ

Маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ (Додситонии кулл)-и Тоҷикистон рӯзи 5 декабр бо нашри як изҳороти вижа хабар дод, ки Одинаев Маҳмурод Шарифович, с.т. 01.03.1962, сокини Ҳисор, муовини раиси ҳизби оппозитсионии сотсиал-демократи Тоҷикистон, бо иттиҳоми авбошӣ ва таҳдиду зӯроварӣ ва суханҳои қабеҳ нисбат ба намояндагони ҳокимияти давлатӣ дастгир шудааст. Додситонӣ гуфт, Маҳмурод Одинаев ҳамроҳи ҳамсари собиқаш ва писараш рӯзи 29 октябр дар саҳни комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор ба сабаби ба хидмати ҳарбӣ даъват шудани писараш Одинаев Ҳоҷиакбар дидаю дониста дар муддати тахминан 30-40 дақиқа тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, ба огоҳ намудани намояндагони ҳокимияти давлатӣ эътино накарда ин кирдорҳои ғайри қонунии худро худсарона идома дода, нисбати намояндагони ҳокимияти давлатӣ таҳдид, зӯроварӣ ва суханҳои қабеҳро раво дидааст.

Додситонӣ гуфт, нисбат ба Одинаев бар асоси моддаи 237 бо иттиҳоми авбошии гуруҳӣ ва нишон додани муқобилият ба намояндаи давлат парванда оғоз карда, ӯро рӯзи 5 декабр дастгир ва ба додситонии Ҳисор дастрас кардаанд.

Маҳмурод Одинаев тақрибан ду ҳафта пеш дар пайи даъваташ ба як гирдиҳамоии эътирозӣ дар маркази Душанбе бедарак шуд. Сарусадоҳое бархоста буд, ки ӯ дастгир гардида, таҳти шиканҷа қарор дорад. Вале Раҳматилло Зойиров, раиси ҲСДТ рӯзи 4 декабр гуфт, Одинаев ҳангоми кӯшиши боздошташ аз хона фирор кардааст ва ҳоло дар як макон пинҳон шуда, табобат мегирад. Зойиров гуфт, Одинаев пойи луч фирор кардааст ва ба ин далел, пойҳояш осеб дидаанд. Зойиров рӯзи 5 декабр хабар дод, ки муовинашро соати 11 дастгир кардаанд.

Шахси аз ҷиноят пинҳон шуда дастгир шуд

 Одинаев Маҳмурод Шарифович, соли таваллуд 01.03.1962, зода ва сокини шаҳри Ҳисор, ҷамоати деҳоти Ҳисор, 29 октябри соли 2020 соати 16:30 дақиқа дар якҷоягӣ бо собиқ ҳамсараш шаҳрванд Ризоева Меҳринигор Умаровна ва писараш Одинаев Ҳабибулло Маҳмуродович ба комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор ҳозир гардида, бо баҳонаи он, ки кормандони комиссариати ҳарбӣ ғайриқонунӣ ва беасос писари ӯ Одинаев Ҳоҷиакбар Маҳмуродовичро ба хизмати ҳарбӣ даъват кардаанд, дидаю дониста дар муддати тахминан 30-40 дақиқа тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, ба огоҳ намудани намояндагони ҳокимияти давлатӣ эътино накарда ин кирдорҳои ғайри қонунии худро худсарона идома дода, нисбати намояндагони ҳокимияти давлатӣ таҳдид, зӯроварӣ ва суханҳои қабеҳро раво дидааст. 

 Бинобар ин, аз рӯи маводҳои ҷамъовардашуда аз ҷониби Прокуратураи шаҳри Ҳисор нисбати Одинаев М.Ш. 20.11.2020  бо моддаи 237 қисми 2 бандҳои «б» ва «в» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (авбошӣ, аз ҷониби гуруҳи шахсон ё гуруҳи шахсон бомаслиҳати пешакӣ, бо нишондодани муқобилият ба намояндаи ҳокимият ё дигар шахсе, ки вазифаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятиро ба уҳда дорад) пешбини гардида парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, бинобар сабаби ба даъвати чандин каратаи  кормандони прокуратура ҳозир нашудан ва аз ҷойи зисташ гурехта пинҳон гаштан, қарор барои маҷбуран овардан қабул шуда, барои иҷро ба мақомоти  ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор  вогузор карда шуд.

 05.12.2020 зимни амалӣ намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе гумонбаршуда Одинаев Маҳмурод Шарифович дастгир карда шуда ба прокуратураи ш. Ҳисор дастрас карда шудааст.

Нисбати дастгиршуда Одинаев М.Ш.  дар доираи парвандаи ҷиноятӣ гузаронидани ҳаракатҳои мурофиавӣ идома дорад.

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ             

ФАВРӢ! МАҲМУРОД ОДИНАЕВ ДАСТГИР ШУД

Раҳматилло Зойиров, раиси ҳизби оппозитсионии сосиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) хабар дод, ки муовини ӯ Маҳмурод Одинаев рӯзи 5 декабр, соати 11 дастгир шудааст. Бино ба иттилои Зойиров, дар амалиёти боздошти Одинаев ҳудуди 15 тан аз кормандони ВКД ва амният иштирок кардаанд, вале “сабаби боздошт шуданаш маълум нест”.

Зойиров аз мақомоти ВКД хостааст, сабаби боздошти Маҳмурод Одинаев, дар кадом асос, омилҳои боздошт ва ба кадом моддаи қонун айбдор шуданаш, ҳамин тавр, дар куҷо нигоҳ доштани шудани ӯ ба роҳбарияти ҲСДТ ва хешу табораш маълумот диҳанд.

Маҳмурод Одинаев, ки бо интиқоди тундаш аз сиёсати ҳукумати кунунии Тоҷикистон маъруф буд, ду ҳафта пеш, дар пайи даъват ба як гирдиҳамоии эътирозӣ дар маркази Душанбе ғайб зад. Сарусадоҳое бархоста буд, ки ӯро дастгир кардаанд ва шиканҷа медиҳанд.

Вале рӯзи 4 декабр Раҳматилло Зойиров дар як нишасти хабарӣ гуфт, Маҳмурод Одинаев ҳангоми амалиёти боздошташ аз хонаи худ дар Ҳисор фирор кардааст ва ҳоло дар як макони номаълум пинҳон шудааст.

“Ду ҳафта пеш, баъди он ки маҳалли зисташро ба иҳота мегиранд, фирор кардааст. Дирӯз аз наздик суҳбат доштем. Маълум шуд, бе пояфзол аз манзил мегурезад. Ҳарду пояш хуншор шуда, осеб дидаанд. Ҳоло дар як макон табобат дорад. Гуфт, ки феълан худро нишон намедиҳад. Барои он имрӯз дар нишаст нест, ки аз мақомот ҳарос дорад“, – нақл кард Зойиров.

Вале раҳбари ҲСДТ гуфт, муовинаш бо ин шакл наметавонад ба табобати худ идома диҳад. “Таслим шуданаш даркор аст, аз ин роҳ наметавонад табобат гирад”, — гуфт Раҳматилло Зоиров.

Рахматилло Зойиров

МАХМУРОД ОДИНАЕВ БОЗДОШТ ШУД.

Имруз соати тахминан 11.00 Махмурод Одинеав боздошт шуд.

Сабаби боздошт шуданаш холо маълум нест.

Захвачен Махмурод Одинаев.

Причины задержания пока неизвестны.

В захвате участвовали группа сотрудников МВД и работники служб безопасности, общим числом около 15 человек.

Рахматилло Зойиров

Ба ВКД Чумхурии Точикистон!!!

Бо сабаби боздошт шудани Махмурод Одинаев хохиш мекунем:

сабаби боздошт шудани Махмурод Одинаев, дар кадом асос, омилхои боздошт, моддаи чиноят ё кодекси маьмури, ки у айбдор карда мешават,

ба ХСДТ ва шахсан раиси ХСДТ Рахматилло Зойиров хатми

расонида шавад.

Рахматилло Зойиров

ДАРХОСТ!

Сараввал, чойи мукаррарии Махмурод Одинаев ба ахлу оила, хешу табор ва рохбарияти ХСДТ, аз чумла раиси ХСДТ Рахматилло Зойиров хабар ва иттилоъ ворид карда шавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button