Фарҳанг

Додарам, во додарам, во додарам… Даргузашти Аҳмадҷон – бародари шоири шинохта Исмоил Зарифӣ

Додарам, во додарам, во додарам,

Ҳасрататро то ба гӯрам мебарам…

Аҳмадҷон – бародари шоири шинохта Исмоил Зарифӣ рӯзи 5 декабр дар синни 61 аз бемории саратон даргузашт. Маросими намози ҷанозаи марҳум субҳи 6 декабр, соати 9, дар деҳаи Косатароши Панҷакент доир мешавад.

Исмоил Зарифӣ

ДОДАРАМ

Дар ёди додарам Аҳмадҷон

Дар ғамат пироҳани худ медарам,

Хушк кай гардад дигар чашми тарам?

Нашнавад панди касе гӯши карам,

Зуд рафтӣ, зуд рафтӣ, аз барам.

Додарам, во додарам, во додарам,

Ҳасрататро то ба гӯрам мебарам.

Будӣ ту мушкилкушо дар кори ман,

Будӣ дар бемориям ғамхори ман,

Будӣ ту хуршеди шоми тори ман,

Беҳ нагардад хотири афгори ман.

Додарам, во додарам, во додарам,

Ҳасрататро то ба гӯрам мебарам.

Доштам аз номи некат ифтихор,

Резам андар ҳасратат ашки қатор,

Дорам андар сина дарди бешумор,

Ҷой гаштӣ дар дили хоки мазор.

Додарам, во додарам, во додарам,

Ҳасрататро то ба гӯрам мебарам.

Рафтию н-ояд ба маргат боварам,

Ман кунун танҳояму бедодарам.

Будӣ ту ганҷи равон, кони зарам,

Боз мехоҳам, ки бошӣ дар барам.

Додарам, во додарам, во додарам,

Ҳасрататро то ба гӯрам мебарам.

Додари ягонаам аз касалии саратон дар синни 61- солагӣ аз дунё гузашт. Ҷаноза пагоҳ 6-уми декабр соати 9.00 дар деҳаи Косатароши шаҳри Панҷакент баргузор мегардад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button