Ҷомеа

Даргузашти муовини собиқи шаҳрдори Истаравшан Мӯсоҷон Олимов

Мӯсоҷон Олимов, собиқ муовини шаҳрдори Истаравшан ва раҳбари иттифоқҳои касабаи коркунони маориф бар асари бемории қалб дар синни 65 аз олам чашм пӯшид. Кумитаи Иттифоқи касабаи маорифи вилояти Суғд дар як номаи таслият Мӯсоҷон Олимовро «як шахсияти нотакрор, ташкилотчии моҳир, инсони шариф ва хоксор» номид, ки «содиқонаву софдилона баҳри халқу ватан хидмат намудаанд.»

 «Спутник Тоҷикистон» аз қавли яке аз наздикони Мӯсоҷон Олимов хабар дод, ки ӯро бо бемории дил шаби 4 декабр ба бемористон бурдаанд, вале табибон натавонистанд ӯро аз чанги марг наҷот диҳанд.

“Шаб аҳволашон бад шудааст ва ба бемористон интиқол ёфтаанд, аммо дилашон дошт надодаву соатҳои 4-и субҳ қарзи бандагиро ба ҷо овардаанд. Худо раҳмат кунад, инсони хубе буданд”, – гуфт ҳамсӯҳбати «Спутник».

Мӯсоҷон Олимовро рӯзи 5 декабр дар деҳаи Равғангарон ба хок месупоранд.

Кумитаи Иттифоқи Касабаи Маорифи В.Суғд 

Ҷомеаи меҳнатӣ, аъзоёну фаъолони иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилоят бо андуҳи гарон хабар медиҳанд, ки субҳи имрӯз дили як шахсияти нотакрор, ташкилотчии моҳир, инсони шариф ва хоксор МӮСОҶОН ОЛИМОВ аз тапиш бозмонд. Устод Олимов Мӯсоҷон дар вазифаҳои гуногуни давлативу ҷамъиятӣ фаъолият бурда, содиқонаву софдилона баҳри халқу ватан хидмат намудаанд. Дареғу сад дареғ аз рафтани чунин исонҳои нотакрор. Ба аҳли оила, хешону пайвандонашон сабри ҷамил хоҳонем. Хонаи охираташон обод бошад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button