ФарҳангЧеҳраҳо

Умед Шатаков – ситораи тоҷики сериалҳои туркӣ. Чаро ӯ дар филмҳои тоҷикӣ нест? (ВИДЕО)

Сериалҳои туркӣ дар ҳоли ҳозир аз пуртамошобинтарин сериалҳо дар Тоҷикистон ба шумор мераванд. Мардум аз ҳунари баланди ситораҳои синамои туркӣ дар ин силсилафилмҳо ба ваҷд меоянду барояшон каф мекӯбанд. Аммо кам касе медонад, ки як ҳунарпешаи ҷавони зодаи Тоҷикистон алакай дар силсилафилмҳои туркӣ бозӣ мекунад. Умед Шатаков, ки 26 сол дорад ва зодаи шаҳри Данғараи Тоҷикистон аст, то имрӯз дар се филми туркӣ – “Як ҳадис”, Yemin (Қасам)  ва Merhaba Güzel Vatanım (Салом Зебо Ватанам)  ва дар як филми сохтаи Покистон нақш иҷро кардааст ва ду филми наваш дар роҳанд.

Умед — қаҳрамони филмҳои туркӣ. Чаро ӯ дар филмҳои тоҷикӣ нест?

Pressa.tj

Умед Шатаков, аввалин тоҷикест, ки марзҳои Тоҷикистонро убур карда тавонист, ки ба майдони синамои турк роҳ ёбад ва дар як қатор филмҳо нақш офарад.

Чӣ гуна як ҷавони тоҷик ба чунин муваффақият ноил шуд? Барои расидан ба ин чӣ роҳеро тай кард? Дар оянда чӣ нақшаҳо дорад?

Ҳафтаи равон Умед Шатаков меҳмони “Тоҷикистон” буд ва ба суолҳои мо посух гуфт.

Видеои суҳбати мазкурро дар YouTube – канали Pressa.tj тамошо кунед.  

АВВАЛИН ҲУНАРПЕШАИ ТОҶИК ДАР СЕРИАЛҲОИ ТУРКӢ (ВИДЕО)

Сериалҳои туркӣ дар ҳоли ҳозир аз пуртамошобинтарин сериалҳо дар Тоҷикистон ба шумор мераванд. Мардум аз ҳунари баланди ситораҳои синамои туркӣ дар ин силсилафилмҳо ба ваҷд меоянду барояшон каф мекӯбанд. Аммо кам касе медонад, ки як ҳунарпешаи ҷавони зодаи Тоҷикистон алакай дар силсилафилмҳои туркӣ бозӣ мекунад. Умед Шатаков, ки 26 сол дорад ва зодаи шаҳри Данғараи Тоҷикистон аст, то имрӯз дар се филми туркӣ – “Як ҳадис”, Yemin (Қасам)  ва Merhaba Güzel Vatanım (Салом Зебо Ватанам)  ва дар як филми сохтаи Покистон нақш иҷро кардааст ва ду филми наваш дар роҳанд.

Умед Шатаков 7 апрели соли 1994 дар шаҳри Данғара ба дунё омада ва маълумоти миёнаро дар литсейи шаҳри Кӯлоб ба даст овардааст. Ӯ ҳамчунин соли 2017 Донишгоҳи Салҷуқро дар шаҳри Қуния, шаҳре ки Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ солҳои зиёде онҷо ба сар бурдаву дар ҳамонҷо дафн шудааст, хатм кардааст.

Падари Умед қариб тамоми умр дар маҳбаси занонаи шаҳри Норак кор карда ва ҳоло нафақахӯр аст. Модараш дар хобгоҳи Донишгоҳи Данғара кор мекунад.

Умед гуфт, омаданаш ба синамо як амри тасодуф буд, ки ба тадриҷ касби дӯстдошта ва роҳи зиндагиаш шуд: “Ман дар Донишгоҳи Салҷуқ риштаи иқтисодиро хатм карда ва аслан заррае дар фикри ҳунарпеша шудан набудам. Бо даъвати як дӯстам дар силсилафилми “Як ҳадис” нақши дарвшро бозӣ кардам. Ва аз ҳамон ҷо сар шуд роҳи ман ба сӯи синамо.”

Баъди силсилафилми “Як ҳадис”, ки соли 2018 ба навор гирифта шуд,  Умед Шатаков аз Қуния ба Истанбул кӯчид ва дар инҷо ба ҳунарпешагӣ идома дод.

Соли 2019 Умед Шатаков дар ду силсилафилми Yemin (Қасам)  ва Merhaba Güzel Vatanım (Салом Зебо Ватанам)  нақшҳои Вурал ва Энвер Курт (Анвар Гурд)-ро иҷро кард.

Дар силсилафилми аввал, ки алакай ба намоиш даромадааст, Умед дар қисми 10 пайдо шуда, то қисми 20 бозӣ мекунад ва алакай барои мавсими навбатии ин силсилафилм, ки тирамоҳ ба намоиш медарояд, қарордод бастааст.

Ба Умед ҳамчунин муяссар шуд, ки дар як филми покистонӣ нақш иҷро кунад. Ин филм ҳанӯз ба намоиш надаромадааст.

Нақшҳои иҷрокардаи Умед Шатаков мухталифанд.

Барои мисол, Вурал дар силсилафилми “Қасам” ҷавонест, ки тариқи Интернет бо духтаре бо номи Сунна аз як оилаи сарватманд шинос мешавад ва азбаски духтар пои равон надошт, ба Вурал акси ҳамсари бародарашро мефиристад. Вақте Вурал барои дидани духтар меояд, модари духтар ба ҳайрат афтода, ошкор мекунад, ки духтараш дар асл маъюб аст. Ин зан, ки келинашро дӯст намедошт, мехоҳад бо кумаки Вурал ӯро аз хона берун кунад.

Зан ба Вурал пули калон ваъда мекунад, то “ишбозӣ”-аш бо келини онҳо Райҳонро идома диҳад.  Вурал қабул мекунад ва иттифоқан вақте Вурал бо Райҳон вомехӯранд, шавҳари Райҳон – Эмир – ҳардуро ҳамроҳ дида, ҳисси рашкаш боло мегирад. Ӯ Вуралро латтукӯб мекунад ва Вурал ба модари Эмир занг зада, ӯро таҳдид мекунад, ки агар пули калон надиҳад, сирро ба писараш ошкор мекунад.

Ба ӯ як миллион лира ваъда мекунанд, вале Вурал қабул намекунад ва Райҳонаро дуздида, боз як миллиони дигар аз Эмир “меканад” ва бо ҳамин пой ба роҳи ҷиноят мегузорад…

Ба фарқ аз Вурал,  Энвер Курт дар силсилафилми Merhaba Güzel Vatanım (Салом Зебо Ватанам)  як нафари миллатпараст аст, ки дилаш барои Ватанаш месӯзад. Ҳодисоти ин филм марбут ба соли 1975 аст, ки Туркия дар як вазъи нотинҷ қарор дошт. Энвер Курт зери шиори ободии Туркия як гуруҳи мусаллаҳ ташкил карда, ба зидди ҳукумат, ки ба ақидаи вай, дар дасти одамони нолоиқ буд, меҷангад. Энвер Курт барои Ватанаш хеле ҳаракат мекунад, вале дар ниҳоят бо дасти чанд рафиқи худаш кушта мешавад.

Умед Шатаков мегӯяд, ҳамкорӣ бо коргардонҳову ҳунарпешаҳои турк як мактаби бузурги синамо аст ва ӯ мехоҳад дар ин мактаб таҷрибаи кофӣ андӯхта, ба Тоҷикистон баргардад ва дар филмҳои тоҷикӣ низ ҳунарнамоӣ кунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button