ВидеоМуҳоҷирон

Ронандаи тоҷик ҳам ҷон бохтааст… (3 АКС)

Бино ба охирин иттилои расида, ронандаи мошине, ки рӯзи 4 декабр дар вилояти Челябинск дучори садамаи марговар шуд, дар бемористон ба ҳуш наомада, ҷон бохтааст. Ин шаҳрванди Тоҷикистон, соли таваллудаш 1999-ро дар ҳолати кома ба бемористон интиқол дода буданд.

 Ёдовар мешавем, рӯзи 4 декабр, соати 12:40, дар километри 5-уми роҳи Рошино – Новое Поле дар ноҳияи Сосновои вилояти Челябинск дар натиҷаи бархӯрди мошини сабукрави тамғаи LADA Granta бо микроавтобуси мусофирбари №134 ду духтари 18-солаи савори «Лада» дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. УГИБДД (пулиси роҳ)-и вилояти Челябинск шахсияти қурбониёни ин садамаро ошкор накардааст, вале хабар дод, ки ронандаи мошини сабукрав шаҳрванди 21-солаи Тоҷикистон буда, бар асари садама ҷароҳатҳои вазнин бардоштааст ва ӯро дар ҳолати мадҳушӣ (кома) дар бемористон бистарӣ кардаанд.

Пулиси роҳи вилояти Челябинск мегӯяд, бино ба маълумоти аввалия, ронандаи «Лада», ки ба самти деҳаи Рошино ҳаракат мекард, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт баромада натавониста, ба самти муқобили ҳаракат баромадааст ва ба микроавтобус бархӯрдааст.

Таҳқиқи қазия идома дорад.

Пулис гуфт, ҳангоми садама дар дохили микроавтобус 8 мусофир қарор доштанд, вале дар муқоиса бо «Лада» микроавтобус ва ронандаву мусофиронаш осеби ҷиддӣ набардоштаанд.

Аксҳо аз хадамоти матбуоти УГИБДД вилояти Челябинск

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button