ВидеоСиёсат

Р.Зойиров: Маҳмурод Одинаев ҳангоми фирор аз «амалиёти худсаронаи мақомот» ҷароҳат бардоштааст

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиалдемократи Тоҷикистон, рӯзи 4-уми декабр дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, муовинаш Маҳмурод Одинаевдар озодӣ аст”, аммо ҳангоми фирор аз хона пойҳояш осеб дидаву ҳоло муолиҷа мегирад. Ӯ гуфт, Одинаев ҳангоми амалиёти, ба қавли Зойиров, “худсаронаи маъмурони интизомӣгурехтааст.

Раҳматилло Зойиров, роҳбари ҳизби оппозитсионии сосиал-демократи Тоҷикистон қаблан шоми 3 декабр ба шабакаи телевизионии «Настоящее Время. Азия» хабар дод, ки муовини ӯ Маҳмурод Одинаев, ки ду ҳафта пеш ғайб зада буд, «сиҳату саломат аст. Ӯ муддати тӯлонӣ бемор буд, роҳ гашта наметавонист. Ҳоло кам-кам ба ҳаракат даромадааст.»

Ғайб задани Маҳмурод Одинаев яке аз пурсарусадотарин хабарҳои ҳафтаҳои охир дар Тоҷикистон буд.. Чунки ӯ қабл аз ғайб заданаш ба шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ муроҷиат карда буд, то барои баргузории як митинги эътирозӣ дар назди қасри президент дар маркази пойтахти Тоҷикистон иҷозат диҳад.

Одинаев тақрибан аз 19 ноябр, баъди даъваташ ба бозпурсӣ ба ШВКД шаҳри Ҳисор дар робита ба парвандаи латтукӯби писараш Шайхмуслиҳиддин Ризоев бедарак шуд. Одинаев мегуфт, писарашро дар тарабхонаи «Шоми Шӯроб» ба сабаби фаъолиятҳои оппозитсионии ӯ задаанд. Вале ВКД ҳама гуна ангезаҳои сиёсӣ дар ин қазияро рад карда гуфт, писари Одинаев бо посбони тарабхона барои як духтар ҷанг шудаанд ва ҳоло алайҳи ҳам посбон ва ҳам Ризоев бар асоси моддаи 237 КҶ ҶТ (авбошӣ) парванда кушодаанд.

Баъди бедарак шудани Одинаев бархе, аз ҷумла дар байни мухолифин, иддао доштанд, ки ӯро дастгир кардаанд ва таҳти шиканҷа қарор дорад.

Вале Раҳматилло Зойиров, роҳбари ҲСДТ шоми 3 декабр ба шабакаи телевизионии «Настоящее Время. Азия» хабар дод, ки сабаби чунин муддати тӯлонӣ бедарак шудани Маҳмурод Одинаев бемории ӯ будааст. Зойиров гуфт, тафсилоти бештарро дар ин бора ҲСДТ рӯзи 4 декабр дар як нишасти хабарии вижа нашр хоҳад кард.

Маҳмурод Одинаев аз худ дарак дод, вале гуфтааст, аз мақомот меҳаросад

Радиои Озодӣ


Маҳмурод Одинаев, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ва фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ, баъди ду ҳафтаи нопадид будан аз худ дарак додааст. Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ, рӯзи 4-уми декабр дар нишасти матбуотӣ гуфт, “ӯ дар озодӣ аст” ва “захми пойҳояшро табобат мекунад”.

Ба қавли Зоиров, муовинаш ҳангоми амалиёти, ба қавли ӯ, “худсаронаи маъмурони интизомӣ” аз хона фирор карда, ҳоло дар як макон ба сар мебарад, аммо маҳалли будубоши ӯро ошкор накард.

Мақомот ҳеч вақт дар бораи амалиёти боздошти Маҳмурод Одинаев ва ё иҳотаи хонаи ӯ чизе нагуфта буданд. Қаблан як намояндаи Идораи корҳои дохилии шаҳри Ҳисор ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ дар робита ба қазияи писараш ба бозпурсӣ даъват шуда буд, вале наомад.

“Ду ҳафта пеш, баъди он ки маҳалли зисташро ба иҳота мегиранд, фирор кардааст. Дирӯз аз наздик суҳбат доштем. Маълум шуд, бе пояфзол аз манзил мегурезад. Ҳарду пояш хуншор шуда, осеб дидаанд. Ҳоло дар як макон табобат дорад. Гуфт, ки феълан худро нишон намедиҳад. Барои он имрӯз дар нишаст нест, ки аз мақомот ҳарос дорад”, — афзуд ӯ.

Вале раҳбари ҲСДТ гуфт, муовинаш бо ин шакл наметавонад ба табобати худ идома диҳад. “Таслим шуданаш даркор аст, аз ин роҳ наметавонад табобат гирад”, — гуфт Раҳматилло Зоиров.

Дар посух ба ин суол, ки оё ин қазия баҳонае намешавад, ки мақомот ягона ҳизби мухолифро ба “иғвогарӣ” муттаҳам кунанд, Зоиров гуфт, “Маҳмурод Одинаев ҳамаи ҳизб нест ва мақомот барои чунин иқдом далел надоранд.”

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар охири моҳи ноябр дар изҳороте Маҳмурод Одинаевро ба моҷароҷӯйӣ ва пахши иттилои дурӯғ муттаҳам кард. Илова ба ин, вазорат ба зидди писари ӯ, Шайхмуслиҳиддин Ризоев, бо гумони авбошӣ парванда кушод.

Маҳмурод Одинаев, ки пештар ба ҳимоят аз ҳуқуқи зиндониён машғул буд, чанд соли охир ҳамчун муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ фаъолият дорад. Ба гуфтаи пайвандонаш, рӯзи 20-уми ноябри имсол ва баъд аз дархости гирдиҳамоӣ дар маркази Душанбе нопадид шуд.

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон танҳо ҳизби мухолиф дар кишвар аст, ки пайваста аз тасмимгириҳои мақомот интиқод мекунад. Ин ҳизб интихоботи президентии моҳи октябрро дар Тоҷикистон таҳрим карда ва натиҷаашро напазируфта буд.

Гурӯҳҳои моил ба мақомот дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳбарони ин ҳизбро барои, ба гуфтаи онҳо, “танқиди беҷо” ва “нодида гирифтани пешрафтҳо” айбдор мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button