ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷирон

Муҳоҷирон аз Тоҷикистону Ӯзбекистон барои бозгашт ба Русия омодаанд ҳазорон доллар бидиҳанд

Сокинони Тоҷикистону Ӯзбекистон омодаанд, ки барои бозгашт ба Русия ҳазорон доллар пардохт кунанд, – гуфт ҳуқуқшинос, асосгузори сомонаи migrant.mobi Ботирҷон Шерматов (Шермуҳаммад) дар мусоҳиба бо Nation News.

“Одамони зиёде азм доранд, ки бо роҳҳои ғайриқонунӣ аз марз гузаранд. Агар қаблан, дар оғози пандемия, ҳама занг зада, дар бораи роҳҳои бозгашт ба Ватан мепурсид, ҳоло аз ҳамон Ӯзбекистон занг зада, мепурсанд, ки чӣ тавр ба Русия баргарданд? Бисёриҳо омодаанд, ҳазорҳо доллар сарф кунанд, то ки битавонанд ба Русия баргарданд. Ҳоло ҳатто ширкатҳое пайдо шудаанд, ки чунин хидматрасониро дар баҳои 1300-1400 доллар пешниҳод мекунанд. Яъне ҳар гуна даъватнома ташкил мекунанд, асноди қалбакӣ дар бораи зарурати табобат омода мекунанд. Албатта, мардум барои кор меоянд. Онҳо моҳҳои март-май ба хона баргаштанд, чанд моҳ он ҷо зиндагӣ карданд, вале дар онҷо кор нест, пул нест, оилаҳоро хӯрондан лозим аст, бояд бо ягон роҳе аз ин вазъият бароянд. Шумораи зиёди мардум мехоҳанд ба Русия баргарданд ва барои ин тайёранд, ки ҳар маблағи лозимро бидиҳанд”, — мегӯяд асосгузори сомонаи migrant.mobi.

Ӯ нақл кард, ки одамони зиёде ҳатто кӯшиш мекунанд, ки пои пиёда марзи Қазоқистон бо Русияро убур карда, ба Русия баргарданд.

Жители Средней Азии платят тысячи долларов за возвращение в РФ

Сокинони Тоҷикистону Ӯзбекистон омодаанд, ки барои бозгашт ба Русия ҳазорон доллар пардохт кунанд, – гуфт ҳуқуқшинос, асосгузори сомонаи migrant.mobi Ботирҷон Шерматов (Шермуҳаммад) дар мусоҳиба бо Nation News.

Рӯзи 25 ноябр хабаре паҳн шуд, ки як варзишкор аз Кореяи шимолӣ бо ходаи варзишӣ (шест) девори баландиаш 3 метр дар марз бо Кореяи ҷанубиро убур кардааст ва ягон таҷҳизоти мушоҳидавӣ сарҳадшикании ӯро сабт карда натавонистааст. Марзбонҳои Кореяи ҷанубӣ ба ин мард бовар накарда, хостаанд париданаш бо ходаро такрор кунад. Ва ӯ ба онҳо нишон додааст, ки марзро чӣ гуна гузашт. Шояд акнун мақомоти Кореяи шимолӣ ба рафтори варзишкороне, ки бо ходаи варзишӣ машқ мекунанд, бештар таваҷҷуҳ нишон диҳал, – менависад дар гузоришаш Nation News.

Нашрия меафзояд, ки шеваҳои убури ғайриқонунӣ аз марзҳо зиёданд. Барои мисол скоинони Мексика баъди деворбандӣ шудани марзи Амрико ба ин девор зинапоя ё ягон кунда гузошта, марзро убур мекунанд. Бархе ҳатто аз катапулта (манҷаниқ) истифода мебурдаанд. Дар бордони мошинҳо гузаштан аз марз дигар касеро ба ҳайрат намеорад, «классика» шудааст.

Ботирҷон Шерматов мегӯяд, аз чунин шева муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ низ барои расидан ба қаламрави Русия аз тариқи марзаш бо Қазоқистон зиёд истифода мебаранд.

“Мо ҳатто видео дорем, ки чӣ гуна одамон марзро аз тариқи як дашт савори трактор мегузаранд. Мавридшое буд, ки вақте марзи Қазоқистонро мегузаштанд, ҳаво сард буд ва ду муҳоҷир роҳро гум карда, барои наҷот аз сардӣ либоси худро оташ заданд, то марзбонҳо алангаи оташро дида, онҳоро аз марги ногузир наҷот диҳанд “, — нақл кард Шерматов.

Ба гуфтаи Шерматов, ҳоло, бо вуҷуди марзҳои баста, муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ талош доранд, то ба ҳар роҳу қимате ба Русия баргарданд.

“Одамони зиёде азм доранд, ки бо роҳҳои ғайриқонунӣ аз марз гузаранд. Агар қаблан, дар оғози пандемия, ҳама занг зада, дар бораи роҳҳои бозгашт ба Ватан мепурсид, ҳоло аз ҳамон Ӯзбекистон занг зада, мепурсанд, ки чӣ тавр ба Русия баргарданд? Бисёриҳо омодаанд, ҳазорҳо доллар сарф кунанд, то ки битавонанд ба Русия баргарданд”, — мегӯяд асосгузори сомонаи migrant.mobi.

Табъан ба вуҷуд омадани талабот боиси пайдо шудани онҳое шудааст, ки аз ҳисоби азми бозгашти муҳоҷирон ба Русия мехоҳанд пул кор кунанд.

“Ҳоло ҳатто ширкатҳое пайдо шудаанд, ки чунин хидматрасониро дар баҳои 1300-1400 доллар пешниҳод мекунанд. Яъне ҳар гуна даъватнома ташкил мекунанд, асноди қалбакӣ дар бораи зарурати табобат омода мекунанд. Ахиран ҳатто гуфтанд, ки 600 нафар омаданд, вале онҳоро ба далели қалбакӣ будани аснодашон ё нишон додани мақсади дигари сафар ба қаламрави Русия роҳ надодаанд. Албатта, мардум барои кор меоянд. Онҳо моҳҳои март-май ба хона баргаштанд, чанд моҳ он ҷо зиндагӣ карданд, вале дар онҷо кор нест, пул нест, оилаҳоро хӯрондан лозим аст, бояд бо ягон роҳе аз ин вазъият бароянд. Шумораи зиёди мардум мехоҳанд ба Русия баргарданд ва барои ин тайёранд, ки ҳар маблағи лозимро бидиҳанд “, — гуфтааст дар анҷоми суҳбаташ мусоҳиби Nation News.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button