Тоҷикистон

Кадри ҷавон аз Балҷувон: Фурқат Хоҷазода додситони нави Суғд таъйин шуд

Бино ба иттилои манобеъи Sputnik Тоҷикистон, Хоҷазода Фурқат Файзалӣ прокурори вилояти Суғд таъйин шудааст. Фурқат Хоҷазода 41 сол дошта, то имрӯз муовини прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва аз он пеш додситони ноҳияҳои Ш.Шоҳин ва Муъминобод буд. Хоҷазода соли 1979 дар ноҳияи Балҷувон ба дунё омада, соли 2001 риштаи ҳуқуқшиносии Донишгои миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Хоҷазода дар мақоми додситони Суғд Ҳабибулло Воҳидовро иваз кард. Воҳидов рӯзи 18 ноябр ба ҷои генерал Шерхон Салимзода, ки ба нафақа рафт, раҳбари Агентии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон таъйин шуд.

Таъйиноти кадрӣ: Хоҷазода Фурқат Файзалӣ прокурори Суғд шуд

Бар асоси фармони Юсуф Раҳмон прокурори генералӣ, Хоҷазода Фурқат Файзалӣ прокурори вилояти Суғд таъйин гардид

 ДУШАНБЕ, 3 дек – Sputnik. Бино ба иттилои манобеъи Sputnik Тоҷикистон, Хоҷазода Фурқат Файзалӣ прокурори вилояти Суғд таъйин шудааст.

Ӯ, то ин замон муовини прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буд.

Хоҷазода Фурқат Файзалӣ соли 1979 дар ноҳияи Балҷувон таваллуд шудааст. Соли 2001 риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намуда, фаъолияти кориашро дар прокуратураи генералӣ оғоз намуд. Минҳайси муфаттиш кор карда буд.

Баъдан прокурори ноҳияи ба номи Мирсайид Алии Ҳамадонӣ ва прокурори ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон таъин гардидааст. Мушовири адлияи дараҷаи 1, полковник аст.

Ҳоҷазода дар ин мақом Ҳабибулло Воҳидовро иваз намуд. Воҳидов, соли 2015 прокурори Суғд таъйин гардида, ҳудуди панҷ сол дар ин мақом фаъолият кард.

Рӯзи 18 ноябри соли ҷорӣ бо фармони Президент Эмомалӣ Раҳмон, Воҳидов ба ҷойи Шерхон Салимзода, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button