Хабарҳои кӯтоҳ

Ҳалокати падар ва ду фарзанди хурдсолаш дар як садамаи марговар дар Панҷи Поён

Шаби 1 декабр, соати 20:30 бар асари бархӯрди мошини “Опел-Зефира” бо “Дэу-Нексия” дар Панҷи поён Аҳмадҷон Шодиев, сокини ноҳияи Ҷайҳун  ва ду фарзанди хурдсолаш Шукрона Шодизода, с.т. 2018, ва Умарҷон Шодизода, с.т. 2020 ба ҳалокат расида, ҳамсари ӯ Шодиева Гулҳавас, с.т. 1990 ва фарзанди дигараш Меҳрафрӯз Шодиева, с.т. 2009, ҳамчунин ронандагони ҳарду мошин ҷароҳат бардоштаанд.

Як кӯдаки дигари 11-сола шоми 1 декабр, тахминан соати 20 дар Зафаробод зери чархи мошини “Тойота-Марк2” ҷон бохтааст.

Ҳар сол бар асари садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

Ҳалокати 4 нафар, аз он ҷумла 3 ноболиғ дар садамаҳои нақлиётии марговар

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Рӯзи 1-уми декабри соли 2020, тахминан соати 20:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота-Марк-2”, Абдураҳмонов Нуралӣ Сатторович, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Зафаробод, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди шаҳраки “Зафаробод-Дӯстӣ” бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба канори рости роҳ баромада, чаппа шудааст. 
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур, ноболиғ Абдураҳмонов Суҳроб Туйчибоевич, соли таваллудаш 2009, хонандаи синфи 5-уми МТМУ №6-и ноҳияи мазкур, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 
Рӯзи 1-уми декабри соли 2020, тахминан соати 20:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зефира”, Мирзоев Шарифҷон Сайқурбонович, соли таваллудаш 1999, сокини ноҳияи Ҷайҳун, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди “Душанбе-Бохтар-Панҷи-поён”, дар ҳудуди деҳаи П.Поён қоидаҳои ҳаракати роҳро вайрон карда, ба автомашинаи тамғаи “Дэу-Нексия”, таҳти идораи ронанда, Қаноатов Абдурафӣ Маҳмадшоевич, соли таваллудаш 1987, сокини деҳаи Фатҳободи ноҳияи мазкур бархӯрдааст.
Дар натиҷа ронандагони ҳарду автомашинаҳо Мирзоев Ш.С., Қаноатов А.А. ва мусофирони автомашинаи тамғаи “Опер-Зефира” шаҳрвандон: Шодиев Аҳмадҷон Камолович, соли таваллудаш 1985, Шодиева Гулҳавас, соли таваллудаш 1990, Шодизода Шукрона Аҳмадҷон, соли таваллудаш 2018, Шодизода Умарҷон Аҳмадҷон, соли таваллудаш 2020 ва Шодиева Меҳрафрӯз Аҳмадҷоновна, соли таваллудаш 2009, хонандаи синфи 4-уми МТМУ №44-и ноҳияи Ҷайҳун, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд. 
Баъди 1 соат шаҳрвандон: Шодиев А.К., Шодизода Ш.А. ва Шодизода У.А. дар беморхона ба ҳалокат расидаанд. 
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button