Ҷомеа

Бо болға аввал Беҳзодро кушт, баъд ба модараш ҳамла кард…

Шаби 10 ба 11 ноябр дар маркази ноҳияи Зафаробод соҳибкори 24-сола Беҳзод Давронбеков ба таври ваҳшиёна – бо болға – кушта шуда, қотил ҳамчунин бо болға қасди куштани модари 44-солаи ӯро кардааст. Бо иттиҳоми даст доштан дар ин ҷиноят ҳамсояи 29-солаи онҳо Ҷамшед Ҷумъазодаро дастгир кардаанд. Бино ба фарзияи тафтишот, Ҷамшед ва Беҳзод баъди истеъмоли банг дар ҳолати мастӣ ҷанҷол кардаанд ва Ҷумъазода бо болға аввал Давронбековро кушта, дар идома бо гумони он, ки модари охирон кирдори ҷиноятиашро мушоҳида кардааст, қасди аз ҳаёт маҳрум кардани модари ӯро намудааст…

Аз навори хабарҳои рӯзи 3 декабри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Дастгир гардидани 2 ноболиғ бо ҷурми роҳзанӣ

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду нафар ноболиғи 17 ва 16-солаи сокинони кӯчаи Н.Қарабоеви пойтахт, ки яке аз онҳо пеш бо моддаи 110 ва 248 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти роҳзанӣ дастгир карда шуданд.
Номбурдагон, шаби 1-ум ба 2-юми декабри соли 2020, тахминан соати 03:45-дақиқа, ҳангоми дар назди китобхонаи “Лоҳутӣ”, воқеъ дар кӯчаи Н.Қарабоев қарор доштанашон бе ягон асос ҷавони 22-солаи сокини кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанберо лату кӯб намуда, бо корди кисагӣ таҳдид карда, аз дасташ бо роҳи зӯроварӣ 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг А-6”-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 1 ҳазору 200 сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ғорат намудани телефони мобилӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино ҷавонзани 20-солаи сокини кӯчаи С.Шерозии пойтахт муроҷиат намудааст, ки санаи 25-уми ноябри соли 2020, тахминан соати 23:30-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи С.Шерозӣ қарор доштанаш, шахси номаълум бо роҳи зӯроварӣ аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг Галекси С-9”-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 6000 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия писарбачаи ноболиғи 16-солаи сокини кӯчаи А.Сино бо гумони ғоратгарӣ дастгир гардида, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Одамкушӣ ва сӯиқасди одамкушӣ дар ноҳияи Зафаробод

Шоми 10 ба 11-уми ноябр аз ҷониби шахси номаълум шаҳрванд Давронбеков Беҳзод Эркинович, соли таваллудаш 1996, истиқоматкунандаи ноҳияи Зафаробод, дар ҳудуди манзили истиқоматиаш назди иншоотҳои ёрирасони кӯчаи Байналмилали шаҳраки Зафаробод, маҷбуран аз ҳаёт маҳрум карда шуда, ҳамзамон модари ӯ шаҳрванд Зиёева Малоҳат Ризоевна, соли таваллудаш 1976, дар дохили ҳуҷраи истиқоматӣ мавриди латукӯби шадид қарор мегирад. Аз зарбаи олоти кунду сахт ба қисмати сару рӯй Беҳзод Давронбеков ба ҳалокат расида, бо истифода аз ҳамин гуна олот ба модари ӯ Малоҳат Зиёева ҷароҳати вазнин расонида шудааст.
Бо гузашти 10 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи ҳодиса ба кормандони Шуъбаи минтақавии мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили РМЗҶМ ВКД дар вилояти Суғд муяссар гардид, ки парда аз рӯи ҷинояти даҳшатангези одамкушӣ ва сӯиқасди одамкушӣ бардоранд. Шахсияти шаҳрванд Ҷамшед Ҷумъазода, соли таваллудаш 1991 шинохта гардид, ки дар ҳамсоягӣ бо ҷабрдидаҳо истиқомат дошта, дар содир намудани ҷинояти махсусан вазнин гумонбар дониста мешавад.
Хусумати шахсӣ, бадбинӣ нисбати якдигар, қасду қасосгирӣ ё дигар муносибатҳои моливу пулӣ байни гумонбаршуда ва ҷабрдидаҳо, аз фарзияҳои аввалин то ошкор шудани ҷиноят буд, ки дар доираи чорабиниҳои оперативию тафтишотӣ тасдиқ наёфт. Тибқи далелҳои ҷамъоваришуда аз таъсири воситаи нашъадори навъи бангдона ва ҳолати мастӣ байни Ҷамшед Ҷумъазода ва Беҳзод Давронбеков муноқишаи лафзӣ сурат гирифта, гумонбаршуда бо истифода аз болғаи оҳанӣ аввал Беҳзод Давронбековро кушта, дар идома бо гумони он, ки модари охирон кирдори ҷиноятиашро мушоҳида кардааст, қасди аз ҳаёт маҳрум кардани модари ӯро намудааст.

Дар натиҷаи ҳаракатҳои ҷиноятӣ Беҳзод Давронбеков дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, модари ӯ ҷароҳати вазнин ба ҳаёту саломатӣ бардоштааст.
Тафтишоти ҳодисаи одамкуширо мақомоти Прокуратураи ноҳияи Зафаробод пеш мебарад. Як ҳаракати ноҷо Ҷамшед Ҷумъазодаро, ки то рӯзи ҳодиса фаъолияти соҳибкорӣ дошта, рӯзгори ободу осишта мебурд, ба расвоӣ кашид ва шахсияти ӯро доғдор сохт.
Акбар Шарифӣ, майори милитсия

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button