Тоҷикистон

Муаллиме аз Ҳисор соҳиби ҷоизаи асосии бонки Эсхата – мошини Hyundai Accent шуд

Зиёвиддин Назаров, як муаллими мактаб аз деҳаи Нилӯи ҷамоати Алмосии Ҳисор сазовори ҷоизаи асосии маъракаи таблиғотии бонки Эсхата – мошини “Hyundai Accent” шудааст. Зиёвиддин Назаров мегӯяд, дер боз орзуи харидани мошин дошт, вале бо маоши ночизи омӯзгорӣ дасташ кӯтоҳӣ мекард. Писари ин омӯзгор дар Русия мардикор будааст ва ба наздиконаш тавассути бонки Эсхата пул мефиристодааст.

 Маъракаи таблиғотии Эсхата бо номи “Ҳамқадами замон бош!” аз 15 июл то 15-ноябри соли равон идома ёфт.

МУАЛЛИМИ ҲИСОРӢ МОШИНИ “HYUNDAI ACCENT” БУРД КАРД!

 Рустам Азимӣ, “Оила”

Шоми дирӯз тариқи телевизиони Тоҷикистон хабари мошин бурд кардани сокини шаҳри Ҳисор Зиёвиддин Назаров пахш гашта, ҳамагонро ба ҳаяҷон овард. Мо ба ин марди хушбахт занг задем, то ӯро бо чунин бурди калон муборакбод бигӯем.

-Рост аст, ки шумо аз лотерея мошини қиматбаҳо бурд кардаед?

 -Бале, мошин бурд кардам, вале аз лотерея не, аз бонк!

 -Магар ягон бонк ба мизоҷонаш мошин туҳфа мекунад?

 -Ман муддати 4 сол боз бо бонки “Эсхата” ҳамкорӣ мекунам. Дар аксияи “Ҳамқадами замон”-и ин бонк иштирок намуда, соҳиби мошини “Hyundai Accent” гаштам. Росташро гӯям, чандин сол аст, ки орзуи харидани мошинро доштам, аммо маоши ками омӯзгорӣ имкон намедод, ки ин нақшаамро амалӣ созам. Бонки “Эсхата” ин орзуи маро амалӣ гардонд.

-Бо бонк ҳамкорӣ доштам гуфта чиро дар назар доред?

 -Писарам дар Русия мардикор аст. Ӯ ҳар моҳ бо воситаи бонки Эсхата ба мо пул равон мекард ва бо шарофати ҳамин интиқолҳо иштирокчиии ин аксия гашта, мошин бурд кардам.

 -Бахт фақат ба рӯйи шумо хандид ё дигар мизоҷони бонк ҳам бурд карданд?

 -Ба ғайр аз ман боз 4 нафари дигар 10 000 ҳазор сомонигӣ мукофотҳои пулӣ бурд намуданд.

-Ба касоне,ки ин аксияро ташкил карданд, чӣ гуфтаниед?

 -Дуо мекунам, ки корашон боз ҳам пешравтар гардад ва шумораи мизоҷони бонки Эсхата ба сад миллион бирасад!

Ёдрас мешавем, ки иқдоми “Ҳамқадами замон бош”-и бонки Эсхата аз 15 июл то 15-ноябри соли равон идома ёфт. Аксияи мазкур аз чаҳор давр иборат буда, мақсад аз гузаронидани чунин иқдом рушди пардохтҳои ғайри нақдӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифатии молявии мардуми тоҷик мебошад.

Дар даври ниҳоии иқдоми “Ҳамқадами замон бош!” 4 нафар ғолибон бо маблағи пулӣ сарфароз гардида, сокини деҳаи Нилӯи шаҳри Ҳисор-Зиёвиддин Назаров соҳиби шоҳҷоиза -мошинаи сабукрави тамғаи “Hyundai Accent”гашт.

Зиёвиддин Назаров омӯзгор буда, солиёни зиёд аст, ки ба ҳайси муаллими варзиш дар зодгоҳаш -деҳаи Нилуи шаҳри Ҳисор фаъолият дорад. Барои муаллим, ки зиндагиашро бо маоши ночизи омӯзгори пеш мебарад, ин мошин бузургтарин бурдаш дар зиндагӣ гашт. 

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button