Муҳоҷирон

Кормандони пулис дару тирезаи хобгоҳи муҳоҷирони тоҷикро дар Митиши зада шикастанд (ВИДЕО)

Як гуруҳи муҳоҷирони тоҷик бо ирсоли як видео аз рафтори хашини кормандони пулис дар шаҳраки Митиши дар канори Маскав шикоят карданд.  Ба гуфтаи муҳоҷирон, кормандони пулис ду субҳ паиҳам – 30 ноябр ва 1 декабр – соати шаши субҳ ба хобгоҳи онҳо омада, дару тирезаи ҷои хоби онҳоро зада шикастаанд ва шиносномаҳояшонро гирифта, чанд нафарро ба шуъба бурдаанд ва аз онҳо аз 5 то 7 ҳазор рубл талаб доранд.

Яке аз ин муҳоҷирон гуфт, кормандони пулис додари ӯро зада, бинияшро шикастаанд.

“Додарамро бо бинии шикаста ҳамроҳи бачаҳои дигар ба шуъбаи пулис бурданд. Дар онҷо бародарон доду фарёд бардоштанд ва нисфирӯзӣ додари маро ба бемористони Королёв бурданд. Вале аз беморхона ӯро бо мошини пулис боз ба ҳамон шуъба овардаанд. То ҳол дар боздошт аст”, – мегӯяд ин муҳоҷири тоҷик.

Дар видео яке аз муҳоҷирон даруни хобгоҳ роҳ рафта, як-як дару тирезаҳои шикастаро нишон медиҳад. Муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, сафорати Тоҷикистон дар Маскавро низ аз ин вазъ дар ҷараён гузоштаанд.

Каримджон Ёров

Аз дируз боз бачаҳоро дару тирезаи ҷои хобашонро шикаста,бурда заданду паспортҳояшонро гирифта аз 5 то 7 ҳазор рубли мепурсанд пулисҳои шаҳраки Митыщи.Бинии як нафарашро шикастаанд мегуянд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button