Таърих

Ҷузъиёти қатли «Ҳазрати Ризвон» аз забони генерал Саидамир Зуҳуров

23 сол пеш дар ҷараёни як амалиёти вижа дар махаллаи «Южний» дар ҷануби Душанбе Ризвон Содиров, собиқ сарфармондеҳи нирӯҳои мухолифини тоҷик кушта шуд. Ризвон Содиров, ки ӯро «Ҳазрати Ризвон» ном мебурданд, бо як бераҳмии хосаш дар солҳои ҷанг фарқ мекард. Бераҳмиаш ба ҳадде буд, ки ҳатто роҳбарони оппозитсия ӯро аз мақоми сарфармондеҳӣ барканор карда ва дар Афғонистон нақшаи аз байн бурданашро мекашиданд. Ӯ ба назди Аҳмадшоҳи Масъуд паноҳ бурд ва баъди муддате бо мусоидати бархе генералҳои тоҷик нирӯҳояшро аз Афғонистон ба Оби Гарм оварданд, то байни нирӯҳои ҳукумат ва мухолифин «буфер» шавад. Аммо афроди Ризвон ба қатлу гаравгонгирӣ идома дода, ҳатто вазири амнияти Тоҷикистон генерал Саидамир Зуҳуровро гаравгон гирифтанд.

Саидамир Зуҳуров дар як мусоҳибааш бо Султони Ҳамад ҷузъиёти чӣ гуна пайдо кардани паноҳгоҳи охирин ва аз байн бурдани Ризвонро қисса кардааст.

Саидамир Зуҳуров:
«Мо марги Ризвонро намехостем».

Мусоҳибаи Султони Ҳамад бо генерал Саидамир Зуҳуров

Қисмати аввал

Рўзи дуввуми декабри соли 1997 дар натиҷаи як амалиёти зиддитеррористии кормандони Вазорати Амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризвон Содиров, собиқ фармондеҳи нирўҳҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Нирўҳои Оппозитсиони Тоҷик дар маҳаллаи «Южний»-и шаҳри Душанбе ба қатл расид. Чандест дар матбуоти мо дар бораи ин шахсияте, ки дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон нақши чуқур дошт, мақолаҳо ва маводҳои зидду нақиз ба нашр мерасанд. Дар баъзе мақолаҳо ўро қариб, ки ҳамчун як қаҳрамони миллат ҷилва медиҳанд. Дар бархе аз мақолаҳои дигар бошад, муаллифон ўро бераҳмтарин инсони хунхор дар таърихи башарият ба қалам додаанд. Албатта, ҳар кадом аз ин муаллифон даъво мекунад, ки ҳақиқатро ў гуфтааст.

Масалан, дар масъалаи гаравгонгириҳои гурўҳи Ризвон дар солҳои 1996- 1997 дар Тоҷикистон ва чӣ гуна ба қатл расидани худи ў низ маълумотҳо хилофи ҳамдигаранд. Аз ин рў мо тасмим гирифтем, ки дар ин бора бо фарде мусоҳиб шавем, ки шояд аз ҳама зиёд дар бораи Ризвон иттилоъ дар даст дошт. Ва ин соҳибиттилоъотӣ натанҳо барои он буд, ки дар ҳамон давра ҳамсўҳбати мо Саидамир Зуҳуров вазифаи Вазири амнияти Тоҷикистонро иҷро мекард. Ин соҳибиттилоъотӣ боз аз он сабаб ҳам ҳаст, ки шояд ў дар ҷаҳон ягона раҳбари хадамоти махсуси як давлати мустақил буд, ки ба мақсади озод кардани гаравгонҳо ба мақари гаравгонгирҳо рафта дар он ҷо бо чашми сар чанд рўз даҳшати гаравгон буданро низ дар ҷисми худ санҷидааст. Ва аз наздик дидааст, ки Ризвон ва гурўҳаш чӣ гуна фаъолият мекунанд ва бо гаравгонҳо чӣ гуна муносибат менамоянд. Аз ин рў сўҳбати мо бо генерал- полковник Саидамир Зуҳуров, ки феълан ба ҳайси сардори саридораи ҳифзи сирри давлатии назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа мекунад, оиди ду масъала, яъне ба гарави гурӯҳи Ризвон афтодани худи Саидамир Зуҳуров ва амалиёти ба қатл расидани худи Ризвон Садиров сурат мегирад.

-Мӯҳтарам ҷаноби Саидамир Зуҳуров, расо даҳ сол пеш, дуввуми декабри соли 1997 дар як амалиёти кормандони Вазорати амният яке аз фармондеҳони Иттиҳоди мухолифини собиқ, ки баъдан бо худи мухолифин душманӣ меварзид, Ризвон Садиров ба қатл расид. Вале тибқи маълумоти расонаҳои хабарӣ таќрибан як сол пеш аз қатлаш ў ба ҳукумат пайваста буд. Мешавад, ки шумо нахуст дар бораи чӣ гуна пайвастани Ризвон ба ҳукумат ва баъдан боз бо чӣ сабаб ба Афѓонистон рафтани ў чанд сухан мегуфтед?

-Дар бораи Ризвон мо иттилооти зиёд дар даст доштем. Ҳам дар бораи ҷиноятҳои дар дохил дар солҳои 1992-93 содир кардааш ва ҳам дар бораи кирдорҳои дар Афғонистон дар дохили оппозитсия намудааш. Хислату хусусиятҳои шахсии ўро чуқур омўхта будем. Медонистем, ки ў тез қаҳр мекунаду оташин мешавад. Мағруру худписанд аст. Маслиҳату насиҳатро тоқати шунидан надорад. Дар сар ҳавои болои ҳама розбар шуданро мепарварад. Идеяи доимӣ надорад. Мехоҳад, ки ҳама аз ў дар тарс бошанд. Маъмулан бо чунин шахсиятҳо кор кардану аз болои онҳо роҳбарӣ намудан хеле душвор аст. Мо медонистем, ки ў вақтҳои охир бо роҳбарияти оппозитсия дар мухолифат қарор дорад. Аз боварии онҳо баромадааст. Ҳатто нияти террор кардани роҳбарони оппозитсияро дорад. Роҳбарияти оппозитсия низ дар қасди нобуд сохтани ў буданд. Дар ҳукумат бошад буданд нафарҳое, ки аз ин вазъият мехостанд истифода бурда шавад. Дар вазъияти ҷанг ин як кори маъмулӣ аст. Барои ҳамин ҳам даъват мекарданд, ки бо Ризвон дар иртибот шавем ва агар шавад ўро ба ҷонибдории ҳукумат ҷалб намоем. Тааҷвубовар ҳам бошад, бояд гуфт, ки ман аз аввал зидди овардани Ризвон аз Афғонистон будам. Росташро гўям, барои овардани Ризвон собиқ фармондеҳи Горди Президентӣ генерал Ғаффор Мирзоев пофишорӣ мекард. Роҳбарияти ҷумҳуриро низ ў тавонист дар ин масъала мутақоид бисозад. Ҳамон шабу рўз Эмомалӣ Шарифович дар Маскав буданд. Аз он ҷо телефон карданд ва амр доданд, ки ман ба Афғонистон барои овардани Ризвон равам. Ман медонистам, ки Ғаффор Мирзоев дар масъалаи овардани Ризвон як барномаи солими дурандешона надошт. Тибқи иттилое, ки мо дар даст доштем, овардани Ризвон дар байни фармондеҳони ҳукуматӣ низ ихтилофро эҷод карда метавонист. Чунки ў душманони зиёде дар байни фармондеҳони ҳукуматї дошт. Бинобар ин гуфтам ба шарте розӣ мешавам, ки ҳамроҳи гурўҳаш дар кадом як гўшаи дурдаст, масалан Мурғоб, бошаду аз омаданаш ҳам касе хабардор нашавад. Розӣ шуданд. Ба ҳар ҳол тоҷиканд, ба Ватан баргарданд, шавад тарбия мекунем,- гуфтанд Президент. Ва бо чархбол бо ҳамроҳии Ғаффор ба нуқоти назди сарҳадии Афѓонистон, ки Ризвон дар он ҷо моро интизор буд, рафта вайро бо як гурўҳи хурдаш овардем. Вале бархилофи қарордоди байни мо худи ҳамон рўз аз тариқи телевизион дар бораи омадани Ризвон бо гурўҳи мусаллаҳаш ва пайвастан ба ҳукумат хабар дода шуд. Ман, албатта, аз ин кор ба Ғаффор изҳори норизигӣ кардам. Баъдтар фаҳмидам ин вокуниши маро ба Ризвон расондаанд.

Чӣ гап шуд, ки Ризвон баъди як муддати кўтоҳ боз гашта ба Афғонистон рафт?

Ман гуфтам-ку бо Ризвон ва гурўҳаш асосан генерал Ғаффор Мирзоев сару кор дошт. Вай ният дошт, ки дар Горди Президетӣ барояш ҷузъу томеро таъсис бидиҳад ва Ризвон дар зери итоати ў бошад. Баъди якчанд рўзи бори аввал омаданаш Ризвон аз тариқи чархболи генерал Ғаффор Мирзоев ба хотири овардани нирўҳояш ба Афғонистон баргашт.

Чаро ҳамон вақт Ризвон нирўҳояшро гирифта ба Тоҷикистон барнагашт?

Дар ин байн дар водии Қаротегин ҷангҳо боз аз сари нав шурўъ шуданд. Рўзи якуми декабри соли 1996 водии Қаротегин, қариб ки пурра ба дасти нирўҳҳои мусаллаҳи мухолифин гузашт. Мо нирўҳои мусаллаҳи мухолифинро барои нақзи Созишномаи сулҳи Ғарм гунаҳкор донистем. Онҳо ҷониби ҳукуматро бо он муттаҳам карданӣ буданд, ки Ризвонро ба муқобили онҳо истифода бурданӣ шуданд. Дар чунин як вазъияти ҳассос мулоқоти навбатии Президенти кишвар мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари мухолифин Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар шимоли Афғонистон баргузор гардид. Мулоқоти Хустдеҳ, ки бо миёнҷигари Раиси Ҷумҳури Афғонистон устод Раббонӣ, шодравон Аҳмадшоҳи Масъуд ва инчунин намояндаи махсуси Котиби генералии СММ дар Тоҷикистон Герд Меррем барпо гардид, натиҷаи умедбахш дошт. Тибқи он ҷанг амалан поён меёфт. Бинобарин овардани Ризвон бо гурўҳаш аз Афғонистон дар ҳамон шабу рўз дигар кори чандон рўзмарра ва ба манфиат мувофиқ ба назар намерасид. Метавонист ба раванди сулҳ халал ворид кунад. Мо ин масъаларо метавонистем баъдан дар натиҷаи як машварат бо ҷонибҳои дахлдор мусолиматомез ҳал кунем. Вале мутаассифона, гурўҳи дар Тоҷикистон боқимондаи Ризвон бо сардории бародари калониаш Баҳром даст ба гаравгонгирӣ зад.
Воқеъан, бори аввал онҳо рўзи 20- декабри соли 1996, дар рўзи иди касбии чекистҳо даст ба гаравгонгирӣ заданд.

Бале, он рўз Баҳром Садиров бо гурўҳи мусаллаҳҳаш дар наздикиҳои Оби Гарм нозирони низомии Намояндагии СММ дар Тоҷикистон ва аъзои Комиссияи назорат бар Созишномаи оташбасро ба гарав гирифтанд. Он вақт ҳукумат тавонист бидуни иҷрои шарти аз Афғонистон овардани Ризвон гаравгонҳоро озод намояд.

Дафъаи дуввум бошад Баҳром дар ин талаби худ қотеъона истодагарӣ мекард. Ў рўзи чоруми феврали соли 1997 аввал чор нафар нозирони низомии Намояндагии СММ дар Тоҷикистонро, ки яке аз Австрия, дигаре аз Украина ва ду нафари дигар аз Швейтсария буданд, бо ҳамроњии тарҷумонашон як шаҳрванди Тоҷикистон дар наздикиҳои шаҳраки Оби Гарм ба гарав гирифт. Баъдан худи ҳамон рўз боз ду корманди Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурхро боздошт намуда ба ҳайси гаравгон ба онҳо ҳамроҳ мекунад.

ҚИСМАТИ ДУВВУМ

-Худи шумо ба ҷараёни озод кардани ин гаравгонҳо чӣ гуна ворид шудед? Нахустин иқдоми шумо кадом буд?
-Субҳи рӯзи панҷуми феврал ман аз тариқи телефони маҳвораии СММ дар ҳузури Герд Мерем бо Баҳром Садиров, ки ӯ низ аз телефони дар дасти гаравгонҳояш буда истифода мебурд, дар тамос шудам. Рости гап, байни ману ӯ суханҳои пасту баланди бисёре гуфта шуданд. Вай мегуфт, ки агар туву Ғаффор Мирзо мард ҳастед, биёед, ман ба шумо гап дорам. Мардак ворӣ гапамро мегӯяму гаравгонҳоро медиҳам. Ман ба ӯ гуфтам, ки мо мард ҳастем, меоем. Вале метарсам, ки ту номардӣ мекунӣ ва гаравгонҳои бегуноҳро сар намедиҳӣ. Қасами бисёр сахт хӯрд, ки агар шумо биёед, ман гаравгонҳоро сар медиҳам. Герд Меррем магар чизеро аз ин муколамаи мо тавассути тарҷумонаш фаҳмид, ки ба ман гуфт:«Ҳаргиз ба назди ӯ наравед». Ин суханонро Герд Меррем ба ман ҳатто дар ҳузури Президенти кишвар, ки як рӯз баъд бо роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва роҳбарони баъзе созмонҳои байналмилалӣ оиди қазияи гаравгонгирӣ машварат мекард, боз такрор кард.
Рӯзи дигари баъди машварати назди Президент, яъне ҳафтуми феврал, бо супориши Эмомалӣ Шарифовичману Ғаффору намояндаи Аҳмадшоҳи Масъуд Муҳаммад Солеҳи Регистонӣ, ки аз Афғонистон,аз номи Аҳмадшоҳ ва Ризвон барои Баҳром пайём оварда буд, барои озод кардани гаравгонҳо, ки рӯзи панҷуми феврал шумораашон аз ҳисоби хабарнигорони Русия боз панҷ нафар зиёд шуда буд (дар маҷмӯъ гаравгонҳо 17-нафарро ташкил медоданд), ба минтақаи «Ҷавонӣ»-и Оби Гарм ба сӯи қароргоҳи Баҳром раҳсипор шудем.
Дар Оби Гарм тавассути телефони СММ боз як бори дигар бо Баҳром телефонӣ дар тамос шудем.Баҳром боз қасам хӯрд,ки ман гаравгонҳоро шахсан ба шумо ва Ғаффор медиҳам, омада баред. Ва барои бурдани мо ба қароргоҳаш ду нафар шахси боваринокаш, ки яке Ҳамроҳ ва дигаре Саидмурод Қиёмиддинов ном доштанд, фиристод. Пешакӣ мехоҳам дар бораи Саидмурод Қиёмиддинов бигӯям, ки ӯ аз ҷониби Баҳром Садиров бо зӯрӣ ба ин кор ҷалб шуда буд ва дар озод намудани гаравгонҳо бисёр талошу кӯшишҳои зиёд намуд. Алалхусус,нисбати шароиту маҳали зисти онҳо корҳои зиёдеро анҷом дод. Мисли Саидмурод боз чанд ҷавони дигар низ буд.
Хуб, инро ҳам бояд бигӯям, ки Муҳаммад Солеҳи Регистонӣ бо ҳамроҳии Ҳамроҳ ва Саидмурод як бор бидуни ману Ғаффор бо хоҳиши мо ба назди Баҳром барои овардани гаравгонҳо рафтанд. Мо фикр мекардем, ки бо гирифтани паёми Аҳмадшоҳи Масъуд ва Ризвон Баҳром гаравгонҳоро озод хоҳад кард. Вале Баҳром ба онҳо гуфтааст, ки гаравгонҳоро фақат ба Саидамир Зуҳуров ва Ғаффор Мирзоев медиҳам. Вақте Муҳаммад Солеҳ ва ҳамроҳонаш баргашта ин шарти Баҳромро ба мо расонданд, дар ҳамин лаҳзаи хеле ҳассос Ғаффор Мирзоев гуфт, ки ман ба ҳеҷ ваҷҳ ба пеши Баҳром намеравам. Ҳамин қадар хоҳишу илтимос кардам, ки якҷо равем, аммо розӣ нашуд. Рӯирост аз рафтан ба қароргоҳи Баҳром барои овардани гаравгонҳо сарпечӣ кард. Сипас бо ҳамроҳии ду ҳозирбошам Хуршед Пиров ва НазарНаимов, ки ҳарду корманди вазорати амният буданд, инчунин Муҳаммад Солеҳи Регистонӣ ва намояндаи Горди Президентӣзери роҳбаладии ҳарду одами Баҳром фиристода ба сӯи мақари Баҳром дар як мошини боркаш ҳаракат кардем. Ман дар кабин будам дигарҳо дар болои мошин.Ин кор, тахминан, баъди намози шом буд. Ҳаво торик шуда буд.Тақрибан як километр аз пости сарбозони ҳукуматӣ гузашта будем, ки ба пости силоҳбадастони Баҳром дучор шудем. Як гурӯҳи мусаллаҳи Баҳром моро иҳота карда талаб карданд, ки силоҳҳоямонро супорем. Ман аз кабин берун шуда бо овози баланд гуфтам, ки вазири амнияти Тоҷикистон Саидамир Зуҳуров ҳастам. Касе маро ва ҳамроҳони маро ҳаққи халъи силоҳ кардан надорад. Маро ба назди Баҳром баред. Гапам магар ба калонтари ин гурӯҳ таъсир кард, ки дигар хоҳони супурдани силоҳ нашуда моро ба назди Баҳром бурданд. Дар назди мактаби деҳа, ки аз бинои якошёна иборат буд, мо аз мошин фаромадем.Ману Муҳаммад Солеҳро аз дигарон ҷудо сохта ба хонае дароварданд.
Баҳром даромад. Ман ба ӯ гуфтам, ки мана, мо талабҳои туро иҷро кардем, акнун гаравгонҳоро ҷавоб деҳ, мангирифта барам. Вале Баҳром эълон кард, ки аз ин лаҳза ба баъд ман низ дар дасти ӯ гаравгон ҳастам. Ӯ гуфт, ки ҳукумат бояд Ризвон ва размандаҳои боқимондаи ӯро аз Афғонистон биёрад. Баъд онҳо гаравгонҳои дигарро, аз ҷумла, маро низ озод хоҳанд кард. Дар ҳамин вақт садои як ғалоғулае дар берун баланд шуд. Баҳром ба берун баромад ва баъди чанд лаҳзае баргашт ва гуфт, ки ба ҳозирбошҳоям амр диҳам то силоҳҳояшонро супоранд. Вақте ки ба берун баромадам, дидам, ки нафарони зиёди мусаллаҳи Баҳром ҳозирбошҳоям Хуршед ва Назарро иҳота карда талаб доранд, ки силоҳҳояшонро супоранд. Вале онҳо омодаи тирпарронӣ шуда ба ҳеҷ ваҷҳ силоҳро супурданӣ набуданд. Онҳо ҳар кадом автомати Калашников бо подстволникаш, пистолет ва норинҷак доштанд. Агар онҳо тирпарронӣ мекарданд, албатта даҳҳо тан аз одамони Баҳромро мекуштанд ва худ низ бо эҳтимоли зиёд кушта мешуданд. Ва ин хунрезӣ албатта ба ҳалли масъалаи гаравгонҳо кӯмак намекард. Бинобар ин ман дар ҷавоби талаби Баҳром гуфтам, ки ба як шарте ба онҳо чунин амрро медиҳам, ки он ҳарду ва Муҳаммад Солеҳро худи ҳозир ҷавоб медиҳӣ, ки ба хона раванд. Дуввум шарти ман ҳамин аст, ки ба ҳеҷ кас ва расонаҳои хабарӣ намегӯӣ, ки ман гаравгони ту ҳастам. Баҳром розӣ шуд ва қавл дод, ки ин шартҳоро иҷро мекунад.
Ҳозирбошҳоям танҳо баъди амри ман иҷозат доданд, ки халъи силоҳ шаванд. Онҳо намехостанд, ки маро он ҷо танҳо гузоранду худ бираванд, вале ман ба онҳо фармон додам, ки ин амр аст, онро бояд иҷро кунанд. Он ҳарду ва Муҳаммад Солеҳро Баҳром ҷавоб дод.
Вале рӯзи дигар котиби матбуотии Президент Зафар Саидов ба тамоми олам хабар дод, ки вазири амният Саидамир Зуҳуров аз ҷониби гурӯҳи Баҳром гаравгон гирифта шудааст. Баҳром ин хабарро аз радио шунида хеле норозигӣ кард, яъне «маслиҳат мекунеду ба он содиқ намемонед». Бояд гуфт, ки Баҳром он рӯзҳо хеле ҳам асабонӣ буд. Бисёр доду фарёд мезад, дашному ҳақорат медод. Фишори хунаш тез- тез баланд мешуд. Духтури СММ, ки худ гаравгон буд, ба ӯ дору медоду уколаш мекард. Хабарнигорони рус Галина Гриднева, Сурайё Собирова ва Саидмурод то метавонистанд бо суханҳояшон ба ӯ таъсири мусбат мерасонданд. Маълум буд, ки баъди сӯҳбат бо онҳо каме ором мегирифт.
-Оё имконияти аз он ҷо фирор кардан ва ё масъаларо бо дигар роҳ ҳал кардан набуд?
-Имконияти аз он ҷо фирор кардан буд. Аз одамони Баҳром ду нафар, онҳое, ки собиқ кормандони ҳукуматӣ буданд ва зӯран ба гурӯҳи ӯ ҳамроҳ шуда буданд, боре ҳар кадом дар алоҳидагӣ омодагии хешро барои ба ман кӯмак расондан изҳор карданд.Онҳо ҳатто роҳи гурезро ба ман нишон доданд. Вале ман наметавонистам ин корро бикунам. Зеро мақсад аз рафтан ба онҷо ин озод кардани дигар гаравгонҳо буд. Баъдан ман ба роҳбарияти ҷумҳурӣ чӣ мегуфтам? Ба хешу наздикони гаравгонҳо чӣ мегуфтам?
Имкони даст ёфтан ба силоҳи террористон ва ҷанг кардан бо онҳо низ буд. Вале сад дар сад кафолати онро надоштем, ки ин амали мо муваффақона анҷом мегираду гаравгонҳо бе осеб озод мешаванд.
Дар дохил кор мебурдем, насиҳат мекардем. Занҳои гаравгон, чи тавре ки пештар гуфтам, хуб кор мекарданд. Баҳромро ором мекарданд.
-Худи шуморо азобу шиканҷа медоданд?
-Фишорҳои физикӣ, шиканҷаву қину азоб набуданд. Факат як бор Баҳром як мушт ба рӯям партофт, вале он ҳам ба сабабе, ки худро канор гирифтам, норасида гузашт. Вале тарсондан буд. Мекушем, гӯшу биниятро мебурем. Чашмонатро мекобем. Саратро мегирем барин гапҳоро ҳаррӯз мегуфтанд. Ҳатто мегуфтанд, ки бо худ ду афғони сарбурро овардем калаатро мебурем. Ин хел гапҳо, буданд. Вале ҳазор бор шукри Худо тарсу ваҳм надоштам.
-Оқибати кор чӣ гуна шуд, ки шумо ва дигар гаравгонҳо озод шудед?
-Баҳром шарт гузошта буд, ки то Ризвон бо тамоми мусаллаҳонаш аз Афғонистон ба Тоҷикистон, ба хусус ба қароргоҳи ӯ оварда нашаванд, ягон гаравгонро ҷавоб намедиҳад. Ин шартро ӯ ҳанӯз то ба гарав гирифтани мо тавассути хабарнигори ИТАР-ТАСС Галина Гриднева, ки худ низ гаравгон буд, ба тамоми олам эълон карда буд. Вазъият дар қароргоҳи террористон хеле ҳассос буд. Ба назар мерасид, ки қарори онҳо қатъӣ ҳаст. Ягона роҳи зинда ва саломат мондани гаравгонҳо дар қабул кардани шарти террористон буд. Дар шароити зимистони кӯҳистон бо роҳи зӯрӣ ва ё амалиёти зиддитеррористӣ беталаф ва ё беқурбонӣ озод кардани гаравгонҳо ғайриимкон буд. Ба мавқеъи террористон имкони ноайён наздик шудан ҳам вуҷуд надошт. Бинобар ин қабули шарти гаравгонгирҳо мантиқан тасмими дуруст буд. Вале бояд табодул сурат мегирифт. Субҳи 10-уми феврал ман дар тамоси телефонӣ аз қароргоҳи Баҳром ба Эмомалӣ Шарифович гуфтам, ки табодул бояд як ба як ва ё ақаллан як ба ду сурат бигирад. Ва Ризвон ҳатман дар охир табодул шавад. Яъне баъде ки ҳама озод шуданд, он вақт маро бо худи Ризвон табодул кунед, гуфтам. Дар ин лаҳза гапҳои маро Баҳром гӯш мекард. Дар пеши ӯ гуфтани чунин гапҳо хатарнок буд. Принсипи табодули ӯ «ҳама ба ҳама» буд. Вале ман дигар илоҷ надоштам.
-Вале тибқи иттилои расонаҳои хабарӣ худи ҳамон рӯз, яъне 10-уми феврал, Ризвонро, ки як рӯз пеш аз Афғонистон якҷо бо Аҳмадшоҳи Масъуд барои озод кардани гаравгонҳо ба Тоҷикистон омада буданд, танҳо ба қароргоҳи Баҳром мефиристанд то Баҳромро розӣ кунонад, ки гаравгонҳоро беқайду шарт озод намояд.
-Бале, вақте шоми 10-уми феврал Ризвон ба қароргоҳ омад, ман хеле ҳайрон шудам. Ризвон ба ҷои он, ки гапи Аҳмадшоҳи Масъудро гирифтаБаҳромро моил созад, ки гаравгонҳоро озод кунад, худаш ба ӯ пайваст. Талабҳои ӯро дастгирӣ кард.
-Оё Ризвон шахсан бо шумо сӯҳбат дошт? Чӣ гуна муносибат мекард ӯ бо шумо?
-Ризвон бо ман чанд бор сӯҳбат кард. Асосан дар бораи ҷангу сулҳ гап мезад. Раҳбарияти мухолифинро бисёр суханҳои пасту баланд мегуфт. Ягон сухани бад ва ё ҳаракати беҷо нисбати ман накард. Ба ҳайси гаравгон низ бо ман сӯҳбат накардааст.
-Баъди омадани Ризвон чӣ тағйироте шуд дар фаъолияти гаравгонгирҳо?
-Баъди омадани Ризвон бародарон ултиматум гузоштанд, ки чил нафар ҷангиёни онҳо бо тамоми лавозимоти ҳарбияшон бояд то бегоҳии рӯзи 12-уми феврал ба Оби Гарм оварда шаванд. Ва агарна, гаравгонҳоро ба қатл хоҳанд расонид.
-Аммо дар овардани тарафдорони Ризвон таъхир ба амал омад. Онҳоро на рӯзи 12-уми феврал, балки 13-уми феврал аз Афғонистон оварданд. Иллаташ чӣ буд?
-Зиндаву саломат озод кардани гаравгонҳо, ки намояндагони миллату давлатҳои гуногун буданд, барои кишвари мо хеле масъалаи муҳим буд. Обрӯву ҳайсияти мо ҳамчун миллат, ояндаи кишвари мо, сулҳи мо аз ин чиз хеле вобастагии зиёд дошт. Барои ҳамин ҳам рӯзи 11-уми феврал ҷаласаи ҳукумати ҷумҳурӣ барпо шуд ва аъзои ҳукумат ҳама бо як овоз гуфтанд, ки ба ҳар коре, ки озодии гаравгонҳоро таъмин мекунад, розӣ шудан даркор аст. Рӯзи 12-уми феврал чархболҳо барои овардани размандаҳои Ризвон ба Афғонистон фиристода шуданд. Ҳамон рӯз байни размандаҳои Ризвон ва муҷоҳиддини афғон даргирӣ ба амал меояд, ки дар натиҷа 6 нафар тарафдорони Ризвон кушта мешаванд. Танҳо рӯзи 13-уми феврал чархболҳо 35 нафар тарафдорони Ризвонро аз Толуқон ба Кӯлоб ва баъдан ба Оби Гарм меоранд.
-Табодул кай ва чӣ гуна сурат гирифт?
-Бояд гуфт, ки дар даври аввали табодул то андозае суханони ман ба инобат гирифта шуданд. Шоми 14-уми феврал ҳафт нафар размандаи Ризвонро бо се нафар хабарнигори Русия табодул карданд. Хабарнигори ИТАР-ТАСС Галина Гриднева, хабарнигори Интерфакс Сураё Собирова ва ронандаи автомашинаи ширкати телевизионии НТВ дар ин табодул озод шуданд. Вале рӯзи 15-уми феврал бошад, намедонам аз чӣ сабаб, боқимонда 28-нафар размандаи Ризвонро якбора ҳамаашонро гирифта ба қароргоҳи Баҳром оварданд. Баҳром бошад он рӯз дар ҷавоб касеро озод накард. Танҳо рӯзи 16-уми феврал баъди аср ду нафар журналисти НТВ ва се нафар корманди Комиссариати Олии СММ оиди паноҳандагонро озод карду халос. Акнун дар дасти Баҳром ва Ризвон 6 нафар гаравгон боқӣ монда буд. Ман ва боз се нафар корманди Намояндагии СММ дар Тоҷикистон ва ду нафар ходими Комиссариати Олии СММ оиди паноҳандагон. Баҳром акнун шарти нав ба миён гузошт. Ӯ талаб мекард, ки ба ӯ даҳҳо мил силоҳи оташфишони мухталиф бидиҳанд.Тӯли ин қазия Президенти кишвар Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов чандин дафъа бо Баҳром сӯҳбати телефонӣ доштанд. Дар тамоси телефонии охирин16-уми феврал Эмомалӣ Шарифович ба Баҳром гуфтанд, ки тамоми масъалаҳои боқимондаро дар мулоқоте, ки рӯзи дигар , яъне 17-уми феврал байни ӯ ва Баҳром дар шаҳрчаи Оби Гарм баргузор мегардид, ҳаллу фасл мекунанд. Эмомалӣ Шарифович иштироки ҳатмии маро дар он мулоқот яке аз шартҳои асосии баргузории ин мулоқот эълон карданд. Баҳром ноилоҷ ин шартро қабул кард. Рӯзи дигар Баҳром аз рафтан ба мулоқот бо Раиси ҷумҳур, намедонам бо кадом сабабҳое, худдорӣ кард. Дар натиҷаи маслиҳат бо Ризвон қарор шуд, ки ба ин мулоқот сардори штаби гурӯҳи Баҳром Саидмурод Қиёмиддинов ва боз ду нафар аз наздикони Баҳромбиравад ва дархостҳои ӯро ба Президент бирасонад.Ман низ тибқи шарти Раиси ҷумҳур бояд дар ин мулоқот иштирок мекардам. Дар қароргоҳи Ризвон ба ҳайси гаравгон се нафар корманди Намояндагии СММ дар Тоҷикистон ва ду нафар ходими Комиссариати Олии СММ оиди паноҳандагон боқӣ мемонданд. Ҳангоми хайру хуш бо гаравгонҳои боқимонда дидам, ки дар чашмони бархе аз онҳо ашк ҳалқа зад. Махсусан, дилам ба ходими Комиссариати Олии СММ оиди паноҳандагон, шаҳрванди Нигерия Силас Иктвех, ки як марди сиёҳпӯсти ситорагарм буд, бисёр сахт месӯхт. Ӯ аз дигарон бештар азоб дошт. Одами дар гармиҳои Африқо ба воя расида дар шароити зимистони қаҳратуни кӯҳистон паррандаи дар қафас болу пар буридаеро мемонд. Ду ҳафтаи гаравгонӣ ӯро чунон ноумеду дилшикаста карда буд, ки ашк дар чашмон бо забони шикастаи русӣ ба ман гуфт, ки шумо мераведу инҳо моро мекушанд. Рости гап, ин суханон ба ман бисёр сахт таъсир карданд. Гуфтам, ки на, ман албатта, аз ин ҷо, аз Оби Гарм, бе ту ва дӯстони боқимонда ба Душанбе нахоҳам рафт.

ҚИСМАТИ САВВУМ

Тибқи иттилои расонаҳои хабарии ҷаҳон мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо сардори штаби Баҳром Саидмурод Қиёмиддинов рӯзи 17-уми феврал дар Оби Гарм баргузор гардид, ки дар он шумо низ ширкат варзидед. Дар он кадом масъалҳо баррасӣ шуданд? Баҳром чӣ дархостҳое доштааст?
Аслан аз сӯи онҳо ягон дархости дигаре ироа нашуд. Намояндаи Баҳром гуфт, ки барои овардани ҳамяроқони худ онҳо маҷбур буданд ин корро кунанд. Вале аз ин ба баъд онҳо бо давлат душманӣ нахоҳанд дошт. Сиёсати давлатро дар масъалаи сулҳ дастгирӣ мекунанд. Мехоҳанд бо давлат ҳамкорӣ кунанд. Мехоҳанд, ки афв шаванд ва барои ин кирдорҳояшон онҳоро ҷазо надиҳанд. Эмомалӣ Шарифович гуфтанд, ки агар мехоҳанд, ки афв шаванд, худи ҳозир гаравгонҳои боқимондаро бе қайду шарт ҷавоб диҳанд ва бо ҳукумат софдилона беягон фиребу найранг ҳамкориро оғоз кунанд. Дигар даст ба ҷиноят назананд. Баръакс, садди роҳи ҷинояткорӣ шаванд. Бозичаи дасти бегонагон нашаванд.Онҳо ба ин фикри Президент розигии худро изҳор карданд. Худи ҳамон лаҳза як мошинеро барои овардани гаравгонҳои боқимонда ба қароргоҳи Баҳром фиристоданд. Ман тибқи ваъдаи ба дӯсти нигериам Силас дода хостам ба қароргоҳи Баҳром барои овардани гаравгонҳои боқимонда биравам, вале Раиси ҷумҳур ва дӯстони ҳамкорам дигар ба ман иҷозати ба онҷо рафтанро надоданд.Ва аммо то овардани гаравгонҳои боқимонда бо Раиси ҷумҳур дар Оби Гарм будем. Сипас онҳоро гирифта баъд якҷо бо онҳо ба Душанбе баргаштем.
Таҳаввулоти баъдина нишон доданд, ки муносибатҳои байни гурӯҳи Ризвон ва ҳукумат чандон муносибатҳои хуб набуданд. Дар ин байн боз чӣ ҳодиса рух дод?
Дар ҳақиқат, ҳамкории судбахше байни гурӯҳи Ризвон ва ҳукумат ба вуқӯъ напайваст. Ризвон аз шомил шудан ба яке аз сохторҳои қудратӣ сарпечӣ кард. Баръакс, ӯ ва ҳамроҳонаш ба тороҷ ва ғорати мардуми бегуноҳ машғул шуданд. Мардум аз дасти ӯ ва гурӯҳаш ба доду фарёд омада буд. Хулоса, Президенти кишвар ва роҳбари мухолифин дар мулоқоташон дар шаҳри Машҳади ҶИЭ 21-22 феврали ҳамон сол ба натиҷае расиданд, ки муштаракан алайҳи ин гурӯҳ мубориза баранд. Дар натиҷаи чунин як амалиёти муштарак бародари Ризвон Баҳром ба асорати нирӯҳои ҳукуматӣ афтод. Аз ин ба баъд Ризвон чандин бор даст ба гаравгонгирӣ зад то ба ивазаш Баҳромро озод намояд.
Амалиёти аз байн бурдани Ризвон чӣ гуна сурат гирифт?
Аз сарчашмаҳои боваринок иттилои дақиқ гирифтем, ки Ризвон дар яке аз хонаҳои маҳаллаи Южний, кӯчаи Титови шаҳри Душанбе паноҳ бурдааст. Ба хотири безарар гардондани Ризвон ва гурӯҳаш ба аъзои гурӯҳи «Алфа» фармон додем, ки омода шаванд ва соати дуи субҳи дуввуми декабр амалиётро шурӯъ кардем. Гурӯҳи «Алфа» ва дигар сохторҳои Вазорати Амният маҳали амалиётро иҳота карда касеро намемонданд, ки ба он ворид шавад ва ё аз он хориҷ гардад. Ягон қувва ва ё ниҳоди дигари на худӣ ва на хориҷӣ дар ин амалиёт ширкат накардааст.
Бачаҳои «Алфа» шабона ба хонае, ки маълумот доштем Ризвон дар он аст, ноайён наздик шуда аз болои девор парида вориди ҳавлӣ гардиданд. Ду посбоне, ки бедорхобӣ мекарданд, ҳамон замон халъи силоҳ шуданд ва ба додани иттилоот шурӯъ карданд. Онҳо ва як духтари хеле ҷавони тахминан 16-17 сола, ки баъдан аз дохили хона баромад ва эътироф кард, ки зани Ризвон аст, тасдиқ мекарданд, ки ин ҷо қароргоҳи Ризвон аст, вале ӯ феълан дар хона нест. Се рӯз пеш ба ноҳияи Кофарниҳон рафтааст,- мегуфтанд онҳо. Ман, ки бо онҳо шахсан сӯҳбат мекардам, ҳис мекардам, ки ҳақиқатро намегӯянд. Муоинаи дақиқи хона ва атрофи ҳавлӣ гувоҳӣ медоданд, ки дар таги хона роҳи зеризаминӣ канда шудааст. Он роҳро пайдо кардем. Роҳи зеризаминӣ аз дохили хонаи истиқоматӣ ба чанд самт канда шуда будааст. Ин нақбҳо чӣ қадар дарозӣ доранд, то ба куҷо мебаранд, феълан дар онҷо чанд нафар пинҳон шудааст, онҳо мусаллаҳанд ё на, ба мо маълум набуд. Мо бисёр мехостем, ки ин амалиёти мо бе хунрезӣ анҷом ёбад. Ҳатто марги Ризвонро намехостем. Мехостем, ки ӯ зинда дастгир шавад ва бидонем, ки ӯ аз сӯи кӣ ҳидоят мешавад ва билохира барои кирдорҳояш дар назди қонун ҷавоб гӯяд. Чанд моҳ пеш Созишномаи сулҳ имзо шуда буд ва акнун волоияти қонун оҳиста-оҳиста татбиқ мешуд. Дигар набояд тоҷик аз тарафи тоҷик кушта мешуд.Ҳатто агар яке аз онҳо ҷинояткор ҳам бошад. Бигузор маҳкама ҳукми ҷазои гунаҳкорро содир мекард.
Воқеан, ӯ бо хадамоти ҷосусии кишварҳои хориҷӣ робита дошт? Оё шумо дар ин бора маълумот доштед?
Дар ин бора маълумоти зиёди оперативӣ ба мо мерасиданд. Аз бархе кишварҳои ном бурда мешуд, ки гӯё Ризвон бо хадамоти ҷосусии онҳо дар робита будааст ва аз сӯи онҳо ҳидоят мешудааст. Вале ман имрӯз намехоҳам аз ин кишварҳо ном бибарам ва ин на танҳо барои ин аст, ки мамнӯъ аст ифшо кардани иттилооти оперативӣ. Балки барои он ҳам ҳаст, ки мо дар як кишвари демократӣ зиндагӣ мекунем ва ҳукми касеро дар содир кардани кадом ҷинояте танҳо суд метавонад эълон намояд. Мутаассифона, Ризвон ба иллати маргаш суолҳои зиёдеро бе посух гузошт.

ҚИСМАТИ ЧАҲОРУМ

-Хуб, пас бармегардем ба амалиёте, ки дар борааш сухан мерафт. Баъдан идомаи амалиёт чӣ шуд?

-Аз байни гурӯҳи «Алфа» як нафаре пайдо шуд, ки довталабона барои дида баромадани роҳи зеризаминӣ омодагии хешро изҳор кард. Ман иҷозат додам. Вай дохили нақб шуд. Баъди чанд лаҳза садои изтиробангезаш баланд шуд. Дод мезад, ки дар ин ҷо касе нест. Баъди чанд лаҳзаи дигар дидем, ки ӯ бо рангу рӯи парида аз нақб берун шуд ва ишора кард, ки он ҷо одам ҳаст. Баъдан ӯ гуфт, ки дар дохили нақб ба ғайр аз як нафар каси дигареро ӯ надидааст. Мо ҳама тахмин кардем, ки он фард Ризвон аст. Вале, мутаассифона, маълум набуд, ки он шахс дар даст силоҳ дошт ё не. Боз ба занаш ва ҳозирбошҳояш рӯ овардем. Онҳо ҳама ҳанӯз ҳам исрор меварзиданд, ки Ризвон он ҷо нест. Сипас ба занаш гуфтам, ки мо ҷони Ризвон ва чанд касеро, ки он ҷо ҳастанд, ҷони ҳамаи онҳоро ҳифз мекунем, агар таслим шаванд. Занаш ҳамоно мегуфт, ки Ризвон дар он ҷо нест. Ба хотири зинда баровардани афроди дар дохили нақб буда мо ду мошини обкашонро оварда ба даруни он қариб 40 тонна об сар додем. Вале касе аз дохили нақб берун нашуд. Ҳамин қадар фарёд мекардем, мегуфтем, ки аз дохили нақб бароянду таслим шаванд, ҷони онҳоро ҳифз хоҳем кард, вале касе аз дохил ба мо ҷавоб намедод. Билохира ба занаш гуфтем, ки мо нақбро мекафонем. Аз зарбаи мавҷи таркиш на танҳо афроди дохили нақб ба ҳалокат хоҳанд расид, балки хонаҳои ҳамсояҳо низ сахт осеб хоҳанд дид, ки ин метавонад ғазаби ҳамсояҳоро ба бор биёрад. Оқибаташ дар ҳамсоядорӣ барои шумо хуб намешавад. Ин суханон магар ба зани Ризвон таъсир карданд, ки гуфт:

Бале, Ризвон дар онҷост. Вале коре кунед, ки вай зинда монад.

Боз як бори дигар гуфтем, ки агар таслим шаванд, ҷонашонро ҳифз хоҳем кард. Ва агар таслим нашаванд, маҷбур ҳастем ин нақбро бикафонем. Ману сардорони шӯъбаҳои раёсати зиддитеррористӣ дар хонаи наздик ба ҷои амалиёт вазъиятро ба риштаи таҳлил кашида нақшаи идомаи онро тарҳрезӣ мекардем, ки садои таркише баланд шуд. Ҳама ба ҷои воқеа рафтем. Таркиш дар даруни хона дар ҳамон ҷое, ки нақб шурӯъ мешуд, рух дода буд. Аз шифти хона хун мечакид. Гумон кардем, ки касе дар болохона будаасту норинҷакро ба болои гурӯҳи «Алфа» партофтааст ва худаш ҳам зарар дидааст. Вале як лаҳза пас фаҳмидем, ки таркиш чӣ гуна сурат гирифта будааст. Вақте аз дохили нақб садои роҳравӣ ё ҷунбидани касе баланд мешавад, яке аз бачаҳои гурӯҳи «Алфа» саросемавор норинҷакро ба дохили нақб мепартояд ва худаш ба хонаи дигар мегурезад. Сипас дар ҷои таркиш ҷасадеро дидем. Либосҳое, ки дар тани ин шахси беҷон буданд, ҳама тар ва гилолуд буданд. Маълум буд, ки ин шахс пайт ҷуста ва роҳ ёфта аз дохили нақб ба зери фарши хона, ки холигие доштааст, худро пинҳон кардааст. Ин корро ӯ шояд ба ин хотир кардааст, ки агар ӯро дар нақб наёбанд, дигар кофтуковро идома намедиҳанд ва ӯ ҷонашро раҳо хоҳад кард. Ҷасадро ба ҳавлӣ бароварданд. Ман, ки қаблан худ чанд муддат пеш Ризвонро дида будам, ҷасадро шинохтам. Ин ҷасади Ризвон буд. Вале бо вуҷуди ин пеш аз он, ки ҷасадро ба зани Ризвон ва ҳозирбошҳояш нишон диҳем, аз онҳо дар бораи нишонаҳои махсуси Ризвон, рангу намуди либосҳои танаш дар лаҳзаи охирини ӯро диданашон чӣ гуна буд, пурсон шудем. Ҳама нишонаҳо ва либосҳоеро гуфтанд, ки мо онҳоро дар ҷасад мушоҳида карда будем. Вақте ки зани Ризвонро ба назди ҷасад овардем, ӯ баробари дидани он худро ба болои тани беҷону дар хоку лой оғӯштаи Ризвон партофта зор-зор ба нолаву гиря даромад. Ӯро ба оғӯш мегирифт, сила мекард, бӯса менамуду доду фарёд мезад. Номашро мегирифту нола мекард. Ҳозирбошҳояш ҳам Ризвон будани ин ҷасадро тасдиқ карданд. Ман ба зердастонам фармон додам, ки ба хешу наздикони Ризвон бирасонанд, ки омада ҷасадашро бурда, чӣ тавре, ки расму оини мо ҳаст, гӯру чӯб кунанд. Вале, мутаассифона, касе ҳозир нашуд ин корро бикунад. Баъди чанд муддат ҷасадашро дар мурдахона нигоҳ доштанд. Чун касе ҳозир нашуд аз ин ҷо ҳам омада ҷасадро бурда дафн кунад, амр кардам, ки онро бурда дар яке аз оромгоҳҳои маҳаллаи Кӯҳдомани шаҳр ба хок супоранд. Баъдан ин кор анҷом гирифт.

-Шумо дар бораи гаравгонҳои фаронсавӣ чизе нагуфтед? Тибқи иттилои расонаҳои хабарӣ яке аз онҳо, корманди яке аз созмонҳои байналмилалии хайрия хонум Карен Манн маҳз дар ҳамин амалиёт озод мешавад, вале, мутаассифона, бар асари ҷароҳати ҳини амалиёт бардошта баъдан ба ҳалокат мерасад. Шумо чӣ мегӯед дар ин бора?

-Бале, шумо дуруст мегӯед, ки дар аксари расонаҳои хабарӣ чунин навишта ва гуфта буданд ва ҳоло ҳам менависанду мегӯянд. Вале бояд бигӯям, ки амалиёти озод кардани хонум Карен Манн ин дигар амалиёт аст ва он чанд рӯз қабл аз ин амалиёт дар дигар мавзеъ сурат гирифта буд. Ва он чӣ то ин вақт навишта буданд, муғоири воқеъият аст. Дар бораи он амалиёт, Худо хоҳад дар ягон вақти мусоид сӯҳбат хоҳем кард. Фикр мекунам ин дигар мавзӯъ аст.

-Ташаккури зиёд барои сӯҳбати пурмӯҳтаво.

Мусоҳиб Султони Ҳамад
Ин мусоҳиба дар ду шумораи ҳафтаномаи «Нигоҳ»- 29-уми ноябр ва 6-уми декабри соли 2007 ба нашр расида буд.

<iframe src=”https://www.facebook.com/plugins/post.php?href=https%3A%2F%2Fwww.facebook.com%2Fjahongirisulton%2Fposts%2F3190962380933609&width=500″ width=”500″ height=”422″ style=”border:none;overflow:hidden” scrolling=”no” frameborder=”0″ allowTransparency=”true” allow=”encrypted-media”></iframe>

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button