Ҳалокати ду пиёдагард дар ду садама дар Вахш ва Душанбе
Рӯзи 1 декабр дар ду садамаи нақлиётӣ дар Душанбе ва Вахш ду пиёдагард, аз ҷумла як кӯдаки 13-сола ҷон бохтаанд.
Хонандаи синфи 7-уми мактаби №17-и ноҳияи Кӯшониён соати 11:30 дар ҳудуди деҳаи Мирзоободи ноҳияи Вахш зери чрахи мошини “Чинбей” ҷон додааст.
Як зани 65-солаи сокини Душанбе соати 16:30 дар рӯбарӯи Маркази миллии ташхисӣ зери чархи мошини “Мерседес” ба ҳалокат расидааст.
Ҳалокати ду пиёдагард дар ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ
Рӯзи 1-уми декабри соли 2020, тахминан соати 11:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Чинбей”, Наботов Бобо Мамадҷонович, соли таваллудаш 1986, сокини деҳаи Якатути ноҳияи Вахш, дар ҳудуди деҳаи Мирзоободи ҳамин ноҳия аз уҳдаи идораи воситаи автомашина набаромада, ноболиғ Қосимов Абдулло Алишерович, соли таваллудаш 2007, сокини деҳаи Мирзообод, хонандаи синфи 7-уми МТМУ №17-и ноҳияи Кӯшониёнро пахш намудааст.
Дар натиҷа, ноболиғ Қосимов А.А. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Рӯзи 1-уми декабри соли 2020, тахминан соати 16:05-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Қозиев Неъматулло Ғозибекович, соли таваллудаш 1969, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Н.Қарабоеви пойтахт аз самти кӯчаи Деҳотӣ ба самти кӯчаи Абай, дар рӯ ба рӯи Маркази миллии ташхисӣ аз уҳдаи идораи воситаи автомашина набаромада, пиёдагард Умарова Меҳриниссо, соли таваллудаш 1955, сокини шаҳри Душанберо пахш намудааст.
Дар натиҷа, Умарова М. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхонаи «Истиқлол» дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон