Тоҷикистон

Фазои иттилоотӣ…

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода: Чаро имрӯз бо вуҷуди доштани беш аз 9 телевизиони марказии давлатӣ, чандин радиоҳои давлатӣ, нашрияҳои расмӣ (“Ҷумҳурият”, “Садои мардум”, “Минбари халқ”, “Халқ овозӣ” ва ғ) ва як хабаргузории калони расмӣ бо номи “АМИТ ХОВАР” (инҷо танҳо расонаҳои давлатии дар маркази кишвар қарор доштаро номбар кардам, расонаҳои музофотию ғайридавлатиҳояш беҳисоб), ки дар онҳо маҷмуан аз 3 то 5 ҳазор корманди техникию эҷодӣ кору фаъолият доранд, наметавонанд баробари як гуруҳи кучаки хабарнигорони Радиои Озодӣ ва ё ҳамон як рӯзноманигор Мирзои Салимпур, фазои иттилоотии кишвари моро пурра зери тасарруфи худ қарор дода ва диққати мардумро ба хабарҳои худ ҷалб кунанд?

Зеро ҳар куҷое шумо равед ва бо ҳар касе дар Тоҷикистон рӯ ба рӯ шавед, ҳатто агар аз хизматчиёни давлатию рӯзноманигорони ҳукуматӣ ҳам хабареро пурсед, ҳатман мегӯянд ин хабарро аз Радиои Озодӣ фаҳмидааст ё аз ахборком..

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода

Фазои иттилоотӣ…

Нигоштаеро дар бораи иҷборан ба сари мардум бор карда шудани “обуна” ба нашрияҳои расмӣ дар ҳудуди ҶТ хондаму худ ба худ дар фикр фурӯ рафтам🤔

Чаро имрӯз бо вуҷуди доштани беш аз 9 телевизиони марказии давлатӣ (Телевизиони Тоҷикистон, Сафина, Ҷаҳоннамо, Синамо, Баҳористон, Варзиш тв, канали Футбол, тв Душанбе HD), чандин радиоҳои давлатӣ (Радиои Тоҷикистон, Садои Душанбе, Радиои фарҳанг ва Радиои “Ховар”), нашрияҳои расмӣ (“Ҷумҳурият”, “Садои мардум”, “Минбари халқ”, “Халқ овозӣ” ва ғ) ва як хабаргузории калони расмӣ бо номи “АМИТ ХОВАР” (инҷо танҳо расонаҳои давлатии дар маркази кишвар қарор доштаро номбар кардам, расонаҳои музофотию ғайридавлатиҳояш беҳисоб), ки дар онҳо маҷмуан аз 3 то 5 ҳазор корманди техникию эҷодӣ кору фаъолият доранд, наметавонанд баробари як гуруҳи кучаки хабарнигорони Радиои Озодӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд ва ё ҳамон як рӯзноманигор Мирзои Салимпур, фазои иттилоотии кишвари моро пурра зери тасарруфи худ қарор ва диққати мардумро ба хабарҳои худ ҷалб кунанд?

Зеро ҳар куҷое шумо равед ва бо ҳар касе дар Тоҷикистон рӯ ба рӯ шавед, ҳатто агар аз хизматчиёни давлатию рӯзноманигорони ҳукуматӣ ҳам хабареро пурсед, ҳатман мегӯянд ин хабарро аз Радиои Озодӣ фаҳмидааст ё аз ахборком (ахиран аз қатъ шудани фаъолияташ хабар доданд). То ҳадде, ки имрӯзҳо дар нашрҳои иттилоотии аксар радиоҳо дар ҳудуди кишварамон хабарҳо аз сомонаи Радиои Озодӣ начакондаву нарезонда хонда мешаванд…

Шоистаи тазаккур аст, ки дар қиёс ба расонаҳои давлатӣ, нашрия ва расонаҳои хусусӣ ё ғайридавлатӣ дар ҷумҳуриамон миёни доираҳои муайяни мардум, мавриди истиқболи гарм қарор доранд.

Агар то чанд соле пеш хабаргузориҳои мустақили Тоҷикистон: Азия-плюс, Авесто ва боз чанде дигар хеле фаъол буданд ва ҳаргоҳе хабари наверо аз руйдодҳои дохили кишвар фаҳмидан мехостем, ҳатман ба сомонаҳои ин хабаргузориҳо рӯ меовардем, ахиран бо сабабҳои гуногун дигар кори онҳо низ хеле суст ва дастрасӣ ба сомонаҳои ахбориашон хеле мушкил шудааст…

-Пас инҷо суолҳое ба миён меоянд, ки чаро расонаҳои давлатии мо то ба ҳанӯз хабарсоз нестанд?

-Чаро аксари мардуми кишвари мо ба хабар ва маводҳои нашр мекардаи расонаҳои хабарӣ ва агентии иттилоотии давлатӣ таваҷҷӯҳ ва эътимод надоранд? 🤔

Гумонам, баъзеҳо чунин фикр мекунанд, ки сабаби асосӣ инҷо маоши кормандону маблағгузории соҳа аст, вале чун жарфтар мавзӯъро биомӯзем, бароямон яқин хоҳад шуд, ки дар ин мавзӯъ маблағгузорӣ нақши муассире надорад, зеро ҳамон 30 ё 40 нафар корманди эҷодию техникии Радиои Озодӣ ва ё ҳайати 3 ё 4 нафараи ҳамкорони Мирзои Салимпур бо вуҷуди ҳамаи сармоягузорию грантҳои байналмилалии ба даст меовардаашон, он миқдор маоше ба коргаронашон намедиҳанд, ки Ҳукумати ҶТ ҳар моҳ барои музди меҳнат (аз 800 то 2,5 ҳазор сомон вобаста ба вазифа) ба ин “артиши”-и идеологии ҳукумат, таъмини шароити кории онҳо (харидории компютеру дастгоҳҳои чопӣ, омодасозии студияҳову таъсиси радио ва телевизионҳои нав), “коммандировка”-ву боз ҳазорон хароҷоти дигару дигари хабаргузории “Ховар” ҷудо мекунад, ҳаргиз баробар шуда наметавонад…

Пас сабаб дар чист, ки ин ҳама расонаҳои номбаршуда то ба ҳол фазои иттилоотии Тоҷикистонро пурра зери назорати худ гирифта натавонистаанду ҳушу гӯши мардумро ба хабарҳои нашркардаи худ ҷалб карда наметавонанд?

Ё ҳамон мақоли беш аз ҳазор сол пеш гуфтаи Ҳаким Фирдавсӣ: “Пароканда лашкар наояд ба кор, Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор…” инҷо ба маврид бошад?

Чун мо дигар дар ҷомеае зиндагӣ дорем, ки он дар асоси принсипҳои муносиботи капиталистӣ пойбарҷост, пас ман ҳайронам, ки чаро маблағгузор (ҳукумат ва мардум ҳамчун андозсупор) ки ҳар моҳ миллионҳо сомониро ба ин расонаҳо ҷудо мекунад, аз самараи кори онҳо чизе намепурсад?

Ба кӣ даркор аст ин чоҳи бе таҳ? Миллионҳо сомонӣ барои ин соҳа сарф мешаванд, лекин на бинанда аз сатҳу сифати барномаҳои телевизионҳои давлатӣ қаноатманд асту на хонандагон аз матолиби нашркардаи нашрияҳои матбуоти расмӣ ва агентиҳои расмии иттилоотӣ…

Барои ислоҳи кори расонаҳои дохили кишварамон роҳи ҳалро шумо дар чӣ мебинед?

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button