Ҷомеа

Аризаи бардурӯғи сокини Данғара

Як зани 30-солаи сокини деҳаи Сангтӯдаи ноҳияи Данғара ба мақомоти милитсия хабар додааст, ки шаби 30 ноябр, тахминан соати 23:30 шахси номаълуми ниқобпӯш бо мақсади дуздӣ ба ҳуҷраи хобаш даромада, ба шиками ӯ як корд зада, фирор кардааст. ВКД мегӯяд, дар ҷараёни тафтиш маълум шуд, ки ин зан он шаб  “бо модараш муноқиша карда, баъдан бо мақсади худкушӣ ба ҳуҷраи хобаш даромада, бо корди ошхонагӣ 1 маротиба ба тарафи рости шикамаш задааст.”

Пешниҳоди аризаи бардурӯғ

Ба ШВКД дар ноҳияи Данғара аризаи зани 30-солаи сокини деҳаи Сангтудаи ноҳияи мазкур ворид гардид, ки шаби 30-юми ноябри соли 2020, тахминан соати 23:30-дақиқа, шахси номаълуми ниқобпӯш бо мақсади дуздӣ ба ҳуҷраи хобаш даромада, ҳангоми бо ӯ рӯ ба рӯ шудан бо воситаи корд 1 маротиба ба тарафи рости шикамаш зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Дар натиҷа, номбурда ба саломатиаш зарари ҷисмонӣ бар-дошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки шаби 30-юми ноябри соли ҷорӣ, тахминан соати 23:00, зани номбурда бо модараш муноқиша карда, баъдан бо мақсади худкушӣ ба ҳуҷраи хобаш даромада, бо корди ошхонагӣ 1 маротиба ба тарафи рости шикамаш задааст.
Номбурда барои пинҳон кардани кирдори содиркардааш ба кормандони милитсия аризаи бардурӯғ пешниҳод намудааст, ки зарари ҷисмонии гирифтааш аз тарафи шахси номаълуми ниқобпӯш шудааст.
Далели шайъӣ 1-адад корди ошхонагӣ гирифта шуда, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button