Тоҷикистон

Ду артиш дар муқобили 1200 ҷангӣ: Машқҳои муштараки нирӯҳои Русияву Тоҷикистон дар Ҳарбмайдон (ВИДЕО)

ДУ АРТИШ ДАР МУҚОБИЛИ 1200 ҶАНГӢ: МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ НИРӮҲОИ РУСИЯВУ ТОҶИКИСТОН ДАР ҲАРБМАЙДОН (ВИДЕО)

Вазорати мудофиаи Русия видеои давраи асосии машқҳои муштараки нирӯҳои мусаллаҳи Русияву Тоҷикистон дар машқгоҳи Ҳарбмайдонро нашр кард. Ин машқҳои муштарак аз 20 то 28 ноябр давом карда, давраи асосиаш дар Ҳарбмайдон рӯзи 26 ноябр доир шудааст. Тибқи сенария, нирӯҳои Русияву Тоҷикистон як нирӯи мусаллаҳи ғайриқонуниро, ки аз 1200 ҷангӣ иборат буд, нобуд кардааанд. Душманро дар муҳосира қарор дода, сипас бо оташи РСЗО “Град”, “Урагана” ва тӯпҳои худгарди “Акатсия” таҳти пуштибонии силсилаи чархболҳо аз байн бурдаанд. Дар ин машқҳо танҳо аз ҷониби Русия беш аз 3 ҳазор афсару аскари пойгоҳи 201-ум бо беш аз 550 воҳиди техникаву таслиҳоти низомӣ иштирок кардаанд.

Пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон бузургтарин пойгоҳи ҳарбии Русия дар хориҷ ба шумор рафта, ҳудуди 7 ҳазор сарбозу афсарро дар бар мегирад. Ҳукумати Тоҷикистон соли 2012 замони будубоши ин пойгоҳро то соли 2042 тамдид кард ва аз гирифтани пули иҷора аз пойгоҳи 201 даст кашид.

Минобороны России

#Видео Кадры основного этапа совместного учения подразделений 201-й российской военной базы и вооруженных сил Таджикистана, прошедшего 26 ноября на полигоне Харб-Майдон. По сценарию эпизода совместная группировка войск уничтожила условное незаконное вооруженное формирование численностью почти 1,2 тыс. боевиков.

Для создания условий контратаки силы НВФ были затянуты в огневой мешок. По условному противнику велся огонь из РСЗО «Град», «Ураган», самоходных артиллерийских установок «Акация», при этом гаубичная батарея применила высокоточные боеприпасы «Краснополь».

Для окончательного разгрома условной бандгруппировки экипажи армейской авиации применили метод «вертолетной карусели», уничтожив с помощью неуправляемых авиационных ракет живую силу и бронетехнику «неприятеля».

Учение проходило с 20 по 28 ноября. От российской стороны к нему было привлечено более 3 тыс. военнослужащих с более чем 550 единицами вооружения и техники.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button