Тиб ва беҳдошт/Муҳити зист

Табиби тоҷик Шавкат Ҳафизов дар Русия аз коронавирус ҷон бохтааст

Дастпарвари Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, табиби эпидемиолог Шавкат Ҳафизов рӯзи 28 ноябр дар Русия дар синни 55 аз коронавирус ҷон бохтааст. Дар ин бора аз қавли Азиза Ҳафизова – хоҳари марҳум хабаргузории “Спутник-Тоҷикистон” хабар дод.

Ба гуфтаи Азиза Ҳафизова, бародари ӯ Шавкат баъди хатми Донишгоҳи тиббӣ аз соли 1993 то 2005 дар Душанбе, дар бемористонҳои «1-ум Советский» ва бемористони бемориҳои сироятии Зарафшон кор карда, соли 2015 ҳамроҳи оилааш дар чорчӯби барномаи кӯчондани ҳамватанон ба Русия кӯчид. Ӯ чанд сол дар бемористони марказии ноҳияи Сосновои вилояти Тамбов кор карда, вақтҳои охир ба табобати маризони гирифтори коронавирус машғул будааст.

Шавкат Ҳафизов соли 1965 дар Душанбе дар оилаи, ба дунё омадааст.

Азиза Ҳафизова дар суҳбат бо “Спутник” гуфт:  «Ман бо бародарам ҳамкурсем. Ҳарду Донишгоҳи тиббиро хатм кардем. Ӯ табиби сироятшинос шуду ман ҳоло дар Колеҷи тибби ҷумҳуриявӣ дарс мегӯям. Ҳамаи аъзои оилаи мо табибанд Падари мо табиби машҳур Аҳмад Ҳафизов аст, ки солҳои тӯлонӣ дар бемористони Қарияи Боло кор мекард.»

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button