Хабарҳои кӯтоҳ

Хатлон: Қатли ҳамсари ҷавон дар заминаи рашк

Урозбек Қарақулов, сокини ҷамоати Норини ноҳияи Ёвон рӯзи 27 ноябр дар манзилаш дар заминаи рашки беасос ҳамсари 32-солааш Бибихол Бобоҷоноваро бо чанд зарби корд куштааст.

Ду сокини қаблан судшудаи Истаравшан бо гумони ғорати ошкорои пул ва телефони мобили як сокини Ваҳдат дар бозори “Панҷшанбе” дастгир шудаанд.

Рӯзи 27 ноябр, соати 17:30, як кӯдаки сесола дар роҳи Гулистон – Сангтӯда зери чархи мошини боркаши ГАЗ-5204 ҷон бохтааст.

Соати якуними шаби 27 ба 28 ноябр аз ширкати “Фавз-Кемикал” дар деҳаи Шӯри поёни шаҳри Ваҳдат ду муҳаррики барқиро дуздидаанд.

Аз навори хабарҳои рӯзи 30 ноябри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Хатлон: Куштор дар заминаи рашк

Зӯроварӣ дар оила як зуҳуроти номатлуб дар байни ҷомеа буда, нигарониҳои зиёдеро ба миён овардааст. 

Дар заминаи муноқишаву ҷанҷолҳои оилавӣ, ки аксаран вақт омили сар задани Ҳодисаҳои нохуш, содиршавии ҷиноятҳои вазнин гаштааст, бетарафиро ихтиёр намудани атрофиён низ боис мегардад.
Чунин як фоҷиаи даҳшатангез дар ҷамоати деҳоти Норини ноҳияи Ёвон санаи 27-уми ноябри соли ҷорӣ ба вуқӯъ пайваст ва мардуми ин ноҳияро ваҳшатзада кард.
Модари 3 фарзанд Бобоҷонова Бибихоли 32-соларо шавҳараш Қарақулов Урозбек дар манзили истиқоматияшон дар пайи муноқишаи оилавӣ ва рашки беасос бо корди хоҷагӣ бо як бераҳмии махсус чанд маротиба ба узвҳои муҳими баданаш мезанад, ки ҷабрдида дар ҷои ҳодиса, аз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонии бардоштааш ба ҳалокат мерасад.
Аз ҷониби кормандони милитсияи ноҳияи Ёвон дар кутоҳтарин муддат гумонбари ҷинояти махсусан вазнин -одамкушӣ, Қарақулов Урозбек муайян ва боздошт карда шуд.

Одамкушӣ – яке аз гуноҳҳои сангин ҳисобида шуда, барои содиркунандаи ин амали зишт ҷазои вазнинтарин таъин карда шудааст.
Куштори бераҳмонаи ин зан бори дигар аҳли ҷомеаро ҳушдор медиҳад, ки дар миёни мо ҳастанд нафароне, ки қадру манзалати инсонҳо назди ин тоифаи разилу камназар қиммате надорад.

Нисбати Қарақулов Урозбек дар Прокуратураи ноҳияи Ёвон парвандаи чиноятӣ бо моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Чумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Офоқ Қодириён


Боздошти ду нафар бо ҷурми ғоратгарӣ

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 47-солаи сокини шаҳри Истаравшан, ки соли 2010 бо моддаҳои 248 қисми 3 ва 244 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст ва марди 43-солаи сокини шаҳри мазкур, ки пеш бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуданд.
Номбурдагон, санаи 25-уми ноябри соли 2020, тахминан соати 22:00, дар бозори Панҷшанбе бо роҳи зӯроварӣ ва тариқи ошкоро аз тани марди 38-солаи сокини шаҳри Ваҳдат, болопӯши зимистона, 715-сомонӣ ва 1-адад телефони мобилии тамғаи «Хонор А-7»-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 1 ҳазору 995 сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати номбурдагон парванди ҷиноятӣ бо моддаи 248 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ҳалокати пиёдагарди хурдсол зери чархи автомашинаи боркаш

Рӯзи 27-уми ноябри соли 2020, тахминан соати 16:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи “ГАЗ-5204”, Муқимов Рӯзимурод Бердиевич, соли таваллудаш 1988, сокини деҳаи Сангтудаи ноҳияи Данғара, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти деҳаи Гулистон ба самти деҳаи Сангтуда, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол Мирзозода Юсуфҷон Ҷомӣ, соли таваллудаш 2017, сокини деҳаи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, хурдсол Мирзозода Ю.Ҷ. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ошкор шудани дуздии 2-адад муҳаррики барқӣ

Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат мактуби роҳбарияти ҶСП “Фавз-Кемикал” ворид гардид, ки шаби 27 ба 28-уми ноябри соли 2020, тахминан соати 01:30-дақиқа, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба бинои Ҷамъияти мазкур, воқеъ дар деҳаи Шӯри поёни шаҳри Ваҳдат даромада, аз он ҷо 2-адад муҳаррики барқии 7,5 КВ-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 4 ҳазору 600 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 46-солаи сокини деҳаи Шӯри-поён, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ба ҳайси гумонбари дуздӣ дастгир гардида, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button