Фарҳанг

Даҳгонаи беҳтарин филмҳои тоҷикӣ аз нигоҳи Сафар Хақдод (ВИДЕО)

ДАҲГОНАИ БЕҲТАРИН ФИЛМҲОИ ТОҶИКӢ АЗ НИГОҲИ САФАР ҲАҚДОД (ВИДЕО)

Коргардони шинохтаи тоҷик Сафари Ҳақдод дар як суҳбаташ бо маҷаллаи “Истиқбол” 10 филми беҳтарин дар таърихи “Тоҷикфилм”-ро номбар кардааст:

  1. «МАРГИ СУДХӮР», коргардон: Тоҳир Собиров
  2. “ДОСТОНИ РУСТАМ”, коргардон: Бенсион (Борис) Кимёгаров
  3. “РУСТАМ ВА СУҲРОБ”, коргардон: Бенсион (Борис) Кимёгаров
  4. “ВАҚТИ ЗАНГИРИИ ПИСАР РАСИД”, коргардон: Тоҳир Собиров
  5. «СУБҲИ НАХУСТИНИ ҶАВОНӢ», коргардон: Давлат Худоназаров
  6.  «ҚИСМАТИ ШОИР», коргардон: Борис Кимёгаров
  7.  «МАН БО ДУХТАРЕ ВОХӮРДАМ», коргардон: Рафаил Перелштейн
  8. «НИСО», коргардон: Марат Орипов
  9. “РОЯЛИ САФЕД”, коргардон: Муқаддас Маҳмудов
  10. «АСРОРИ ОИЛАИ ҒАЮРОВҲО», коргардон: Валерий Аҳадов

Ҳамаи ин 10 филм сохтаҳои замони Шӯравист. Мутаассифона, дар солҳои истиқлол синамои тоҷик то ҳанӯз филме наофаридааст, ки ҳамсанги шоҳкорҳои он даврон бошанд.

Ба назари Шумо, боз кадом филмҳои тоҷикиро метавон шоҳкор хонд?

Баҳманёр Маҳмудзода

ДАҲГОНАИ БЕҲТАРИН ФИЛМҲОИ ТОҶИКӢ АЗ НИГОҲИ САФАР ҲАҚДОД

Синамошиноси маъруфи тоҷик, Раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон Сафар Ҳақдод барои хонандагони маҷаллаи “Истиқбол” даҳгонаи беҳтарин филмҳои сохтаи “Тоҷикфилм”-ро дар давраҳои гуногун тавсиф кард. Аммо қабл аз розӣ шудан ба нашри ин матлаб таъкид дошт, ки ин дидгоҳи ӯст ва шояд дигарон ба назараш мувофиқ набошанд.

«МАРГИ СУДХӮР» СОЛИ 1966

Коргардон: Тоҳир Собиров

Муаллифи сенария: Игор Луковский (аз рӯи повести ҳамноми Садриддин Айнӣ)

Наворбардор: Анвар Мансуров

Оҳангсоз: Зиёдулло Шаҳидӣ

Донишҷӯе барои таҳсил дар мадраса ба Бухоро меояд ва баҳри дарёфти ҳуҷраи иҷора аз дӯсташ кӯмак мехоҳад. Дӯсташ ба ӯ Қорӣ-Ишкамба, қаҳрамони асосии филмро тавсия медиҳад.

-Не, ман бовар намекунам, ки ӯ сарватманд аст. Ӯ ба гадоёни Бухоро монандӣ дорад. Боз ту мегӯӣ, ки чанд ҳуҷра дорад.

Баъдан маълум мешавад, ки ӯ яке аз сарватмандони Бухоро ва аз судхӯрони машҳури шаҳр будааст. Филми “Марги судхӯр”филми диданиву мондагорест аз киностудияи “Тоҷикфилм” перомуни ҳаёти судхӯрони Бухорои амирӣ.

Нақшҳои асосиро дар филм ҳунармандон Зоҳир Дусматов, Ҳабибулло Абдураззоқов, Ато Муҳаммадҷонов, Абдураҳим Қудуссов, Абдусалом Раҳимов, Зуҳро Ҳасанова, Гурминҷ Завқибеков ва дигарон офаридаанд.

“ДОСТОНИ РУСТАМ”

Коргардон: Бенсион (Борис) Кимёгаров

Муаллифи сенария: Григорий Колтунов

Наворбардор: Давлат Худоназаров

Оҳангсоз: Ориф Меликов

Филми «Достони Рустам» аз рӯйи достони «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ соли 1971-ум рӯи навор омада, дар бораи қаҳрамониҳои Рустами Достон ва муборизаҳои бардавоми ӯ бар зидди бадиву барқарор намудани адолат қисса мекунад. Нақшҳои асосиро дар филм Бимболат Ватаев, Ҳошим Гадо, Светлана Норбоева, Отар Коберидзе, Олим Хоҷаев, Маҳмудҷон Воҳидов, Муҳаммадҷон Қосимов,Нозукмо Шомансурова ва дигарон офаридаанд.

“РУСТАМ ВА СУҲРОБ”

Коргардон: Бенсион (Борис) Кимёгаров

Муаллифи сенария: Григорий Колтунов

Наворбардор: Заур Дахте

Рустами Достон ба Таҳмина дил мебандад ва шаберо дар ҳарами ӯ рӯз мекунад. Аз издивоҷи онҳо тифле ба дунё меояд, ки онро Сӯҳроб ном мегузоранд ва Сӯҳроб ҳама нерӯву паҳлавонии Рустамро ба мерос мегирад, аммо дидани рӯи падар то ба воя расиданаш муяссар намешавад. Баъде ки бузург мешавад, ба ҷустуҷӯи Рустам меафтад ва онҳо дар майдони ҷанг вомехӯранд. Рустам ноогоҳ писари паҳлавонашро мекушад.

Ин филм идомаи достони Рустам аз рӯи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ буда, нақшҳои асосиро дар филм Ҳошим Гадоев, Бимболат Ватаев, Светлана Норбоева, Отар Коберидзе, Сайрам Исоева, Гурминҷ Завқибеков, Абдусалом Раҳимов, Муҳҳаммад Рафиқов ва Раззоқ Ҳамроев бозидаанд.

“ВАҚТИ ЗАНГИРИИ ПИСАР РАСИД”

Коргардон: Тоҳир Собиров

Муаллифи сенария: Шамсӣ Қиёмов

Наворбардор: Г. Никитин

Оҳангсозон: Зиёдулло Шаҳидӣ, Юрий Тер – Осипов

Дӯстони ҷонӣ – Аъзами зоотехник ва Сайфии рассом ба ду духтаре дил мебанданд, ки ҳарду Зебо ном доранд. Аммо дар аввал ҷӯраҳо инро пай намебаранд. Аъзам гумон мекунад, ки Сайфӣ ҳам ба ҳамон духтаре ошиқ шуда, ки ӯ дӯст медорад. Ба сари Сайфӣ ҳам ҳамин фикр мезанад. Дар ин миён нофаҳмиҳои зиёд сар мезанад, ки ин филми мазҳакавии мусиқӣ дар ин бобат аст.

Аввалин маротиба филм моҳи январи соли 1960 дар Душанбе ва моҳи июл дар Москав рӯи экранҳои синамо рафтааст. Нақшҳои асосиро дар филми “Вақти зангирии писар расид” Марат Орипов, Дилбар Қосимова, Роза Акобирова, Ҷаҳон Саидмуродов, София Тӯйбоева, Аслӣ Бурҳонов ва Гулчеҳра Бақоева офаридаанд.

«СУБҲИ НАХУСТИНИ ҶАВОНӢ»

Коргардон: Давлат Худоназаров

Муаллифони сенария: Вера Лукнитская, Александр Марямов

Наворбардорон: Давлат Худоназаров, Константин Орозалиев, А. Ткаченко

Оҳангсозон: Фирӯз Баҳор, Далер Назаров

Соли 1919. Паёмадҳои инқилоби Октябр то кӯҳистони Бадахшон расида. Аммо дар деҳаҳои дурдаст, ки ҳанӯз аскарони сурх имкони рафтан наёфтаанд,зиндагӣ бо маҷрои пешин ҷараён дорад. Ва Нисо, қаҳрамони асосии филмро аз рӯи одатҳои пешин ба Азизхон тӯҳфа мекунанд. Аммо Нисо мехоҳад аз қасри Азизхон гурезад…

Филми “Субҳи нахустини ҷавонӣ” дар се қисм аз рӯйи романи “Нисо”- и Павел Лукнитский соли 1979 таҳия шудааст. Нақшҳои асосиро дар филм Лола Тайғуншоева, Вадим Яковенко, Шамсӣ Ҳайдаров, Гурминҷ Завқибеков ва Мақсудшо Иматшоев офаридаанд.

«ҚИСМАТИ ШОИР»

Коргардон: Борис Кимёгаров

Муаллифи сенария: Сотим Улуғзода

Наворбардор: Николай Олоновский

Оҳангсоз: Андрей Бобоев

Рӯдакӣ дар дарбори Сомониён обрӯву шуҳрати беандоза меёбад ва ба Нигина, канизаки дарбор дил мебандад. Аммо малика худ Рӯдакиро дӯст медорад ва намехоҳад, Нигина аз ишқи шоир баҳравар шавад. Нигина ноумед шуда, худро ҳалок мекунад.

Филми «Қисмати шоир» соли 1959 дар «Тоҷикфилм» рӯи навор омадааст ва нақшҳои асосиро дар ин филм Матар Орипов, Нозукмо Шомансурова, Дилбар Қосимова, София Тӯйбоева, Маҳмуд Тоҳирӣ, Шамсӣ Ҷӯраев ва Муҳаммадҷон Қосимов бозидаанд. «Қисмати шоир» соли 1960-ум дар дуюмин кинофестивали кишварҳои Осиё ва Африқо дар шаҳри Қоҳира сазовори ҷоизаи «Уқоби тиллоӣ» гардидааст.

«МАН БО ДУХТАРЕ ВОХӮРДАМ»

Коргардон: Рафаил Перелштейн

Муаллифи сенария: Елизавета Смирнова

Наворбардор: Яков Кулиш

Оҳангсоз: Андрей Бобоев

Лола овози хеле дилнишин дораду санъатро дӯст медорад. Аммо падар ба хости духтараш зид мебарояд ва ӯро ба деҳа, ба хонаи аммааш мефиристад. Саид, ошиқи Лола ба ҷустуҷӯи маҳбубааш баромада, ӯро пайдо мекунад ва…

«Ман бо духтаре вохӯрдам»- нахустин филми рангаи «Тоҷикфилм» маҳсуб мешавад, ки соли 1957-ум ба навор гирифта шудааст. Суруди «Ман бо духтаре вохӯрдам» то имрӯз дар кишварҳои собиқи Шӯравӣ маҳбубияти беандоза дорад. Нақшҳои асосиро дар филм Аслӣ Бурҳонов, Роза Акобирова, Ҷаҳон Саидмуродов, София Тӯйбоева, Абдулхайр Қосимов, Тоҳир Собиров, Саодат Ҷӯраева ва дигарон офаридаанд.

«НИСО»

Коргардон: Марат Орипов

Муаллифони сенария: Павел Лукнитский ва Леонид Рутитский

Наворбардор: Борис Середин

Модари духтарак вафот мекунад. Ниссо бесаробон мемонад ва холааш ӯро ба тарбияи худ мегирад. Вақте Азизхон барои ситонидани андоз ба деҳаи онҳо меояд, холааш чизе намеёбад, ки андозро пардохт кунад ва ноилоҷ Нисои наврасро ба ӯ пешниҳод менамояд…

Филм соли 1965 аз рӯи асари «Нисо»-и Павел Лукнитский дар студияи Тоҷикфилм ба навор гирифта шуда, нақшҳои асосиро дар он Галия Пулатова, Юрий Назаров, Қурбон Холов, Борис Середин, Муяссара Аминова, Мақсуд Иматшоев, Мушарафа Қосимова офаридаанд.

“РОЯЛИ САФЕД”

Коргардон: Муқаддас Маҳмудов

Муаллифи филмнома: Темур Зулфиқоров

Наворбардор: Иброҳим Барамиков

Оҳангсоз: Александр Затселин

Мусиқишинос Алла Сергеевна дар пайи ҷустуҷӯи асбобҳои мусиқии давраҳои гуногун аст ва ин шуғлро хеле дӯст медорад. Ин хонум ба ёфтану дастрас кардани балалайка (асбоби сетори мусиқии русӣ)-и Пётри 1 ва табли Чингизхон даст ёфтааст. Ин навбат ӯ мехоҳад рояли сафедеро, ки як замоне ба амири Бухоро тааллуқ дошта, пайдо кунад. Алла Сергеевна ба ҷустуҷӯи рояли сафед ба Душанбе меояд ва бо оҳангсози маъруф Ю. Аҳмедова ва сарояндаи боистеъдод Лола ошноӣ пайдо мекунад. Баъди талошҳои зиёд рояли сафед ёфт мешавад ва бомуваффақият ба осорхонаи асбобҳои мусиқӣ интиқол меёбад.

Филм соли 1968 дар «Тоҷикфилм» рӯйи навор омада, дар он Нина Шатская, Сталина Азаматова, Руслан Ахмедов, Алексей Смирнов ва Тамара Кокова нақшҳои асосиро бозидаанд

«АСРОРИ ОИЛАИ ҒАЮРОВҲО »

Коргардон: Валерий Аҳадов

Муаллифони филмнома: Фотеҳ Ниёзӣ, Аркадий Стругатский

Наворбардор: Давлат Худоназаров

Оҳангсоз: Фирӯз Баҳор

Дар кӯҳистон сохтмони нерӯгоҳи барқи обӣ идома дорад. Дар деҳаи Чордар, макони зисти оилаи Ғаюровҳо тарзи нави ҳаёт оғоз мешавад. Воҳид Ғаюров, падари оила мехоҳад, ки фарзандони ба воя расидааш зуд-зуд барои хабаргирии ӯ ба хонаи бобоӣ оянд. Писари хурдӣ дар шаҳр мехонад. Писари калонӣ, ки зану фарзандашро аз даст дода, сардори сохтмони нерӯгоҳ ва ҳамеша банди кор аст. Комил, фарзанди дигари Воҳид Ғаюров мехоҳад оиладор шуда, ба хона кадбонуи ҷавон орад, аммо ба таври фоҷиавӣ ҳалок мешавад…

Ин филм соли 1975 таҳия шуда, накшҳои асосиро дар он ҳунармандон Назаршо Гулмамадов, Ато Муҳамадҷонов, Хушназар Майбалиев, Светлана Тома, Михаил Кузнетсов, Людмила Терзиева, Парвиз Назаров ва Асал Саодатова, нақш офаридаанд.

(Ин мавод чандин сол қабл дар маҷаллаи “Истиқбол” чоп шуда буд. Имрӯз ҳини тагурӯ кардани бойгонии электронӣ ба чашмам расид…))

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button