Таърих

КӮРИ ВОСИТ ВА ДИГАР ҶАЛЛОДОНИ ПӮСТИНСАФЕДИ ЁВОНӢ

Овозхони овозадори тоҷик Кароматуллоҳи Қурбон, агар умр вафояш мекард, рӯзи 29 ноябр ба синни 59 мерасад. Кароматуллоҳ соли 1992, вақте ҳамагӣ 31 сол дошт, дар ноҳияи Ёвон аз ҷониби Кӯри Восит ном як фармондеҳи худхоҳ кушта шуд. Кӯри Восит бо куштани Кароматуллоҳ номи худро то абад дар таърих бо рангҳои сиёҳ сабт кардааст. Ҷангиёни кӯри Восит ва дигар ҳаммаслакони ӯ дар Ёвон дар он солҳои беназмӣ садҳо нафарро сари тир карда, молу мулки мардум ва давлатро ба яғмо бурданд.

Чӣ тавр Кӯри Восит мусаллаҳ шуд?

Ҷаллодони пӯстинсафеди ёвонӣ

Сар задани ҷанги шаҳрвандӣ ба худхоҳоне имконият дод, ки оташи маргро ба сари рафиқу шинос аз силоҳи дар даст доштаашон равона кунанд. Баъди парокандашавии митингҳои баҳори соли 1992, ки дар он ҷо ёвониҳо низ кам набуданд, баъди баргаштан ба Ёвон, бо кадом роҳҳои ноаён қисми иштирокчиёни майдон соҳиби Калашников гаштанд, гирди падару писари қалуғ-Саидов Сафарқул ва Самадов Восит (Кӯри Восит), ки худро командирони худхоҳ медонистанд, ҷамъ омаданд. Аввалин кушторе, ки амалӣ карданд, аз паҳлавонбачаҳои ёвонӣ дар ағбаи Шар-шар сар шуд. Баъд ба онҳое террорро раво донистанд, ки ягон вақт дар дилашон нисбати онҳо буғзу кина доштанд, террорро раво донистанд. Дар сар то сари Ёвон 550 нафар дар ин ҷанги шаҳрвандии 5-сола дар маҷмуъ кушта шуд. 500 каси онҳо маҳз аз ҷониби силоҳдороне қатл шудаанд, ки яроқи онҳо сӯи афроде нигаронида шуда буд, ки Тоҷик буданд. Аксарияти мақтулон маҳз аз тири ҷаллодони Сафарқул ба қатл расиданд.

9-уми декабри соли 1991 сессияи вакилони ноҳиявӣ даъват карда шуд. Командири худкома С.Самадов пӯстини сафед пӯшида, кадом медалу нишонеро, ки аз кадом хонаи ғораткардааш ба даст оварда буд, пеши бараш овехта, намоишкорона дар маркази ноҳия мегашт. Тасмаҳои «чорчиллик» бастааш ӯро ба «гвардиячиёни сафед»-и солҳои 1920 монанд мекард. Сафарқул дар собиқ муаллими мактаби миёна дар деҳаи Парчасойи н.Ёвон буд. Солҳои 1990 шахсан дар сӯҳбат бо ман гуфта буд, ки «падарамро бо дасти худам барои кадом кораш ба ҳукумати вақт супорида будам». Аз чунин одами бадкор оё хубӣ баромада метавонад? Албатта, не!!!

Дар сессия аз 50 нафар депутат 35 нафар иштирок доштанд. Сессия дар мактаби миёнаи №4-и деҳаи Парчасой-зодгоҳи Самадов шуда гузашт, зеро инро худи ӯ сахт мехост. Баъдан мактабро ба штаби ғайриқонунӣ табдил дод. Ҳамаи бедодиву амалҳои ваҳшиёнаро дар ҳаққи бечораҳое, ки барои ӯ «вовчик» буданд, дар ҳамин мактаб ба иҷро мерасонид. Молҳои ғораткардаро ин ҷо оварда, баъдан байни «шербачаҳояш» тақсим мекард. Он шабу рӯз раиси комиҷроия Қурбоналӣ Азизов (равонаш шод бод) дар сессияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар ш.Хуҷанд иштирок дошт. Ӯ ба ноҳия 19 декабр баргашт. Дар набудани Азизов депутатҳо бо исрори Самадов Саъдулло Бекназаров (собиқ раиси бахши кишоварзии вилояти Хатлон ва собиқ раиси н.Қубодиён)-ро раиси нав интихоб намуданд…

Қири тоҷиконро доданд…

14-уми декабри соли 1992 штаби Сафарқул Самадов ва ҳамроҳонаш ба ҳабсхонаи ноҳия кӯчонида шуд, то ба террору истинтоқи бераҳмонаи одамони бегуноҳ хотима дода шавад. Самадов, Каҷҷӣ (писараш), Бозори қарлуқ, Холмӯмин, Маҳмадӣ ва дигарон домани куштору истинтоқро зиёд карданд. Ана ҳамин Каҷҷӣ дар назди деҳаи Бӯстон писари муаллим Шомирзоевро ваҳшиёна (гӯшҳояшро буррида) кушт. Самадов дар сессияи ноҳиявӣ бо тарафдорони то дандон мусаллаҳаш барои соҳиб шудан ба совхози «Гӯсфандпарварӣ»-и ноҳия номи хоҷагиро иваз намуда, онро ба номи писараш-Восит (қотили Кароматуллои Қурбон) гузошт.

Моҳи январи соли 1993 мудири совхози «Гӯсфандпарварӣ» Холмаҳмад Ибодовро ба истинтоқ гирифтанд. Ибодов баъди лату кӯби зиёд аз вазифааш даст кашид. Сафарқул раҳбари совхози «Гӯсфандпарварӣ» шуда, дар муддати кӯтоҳ ба 15.000 сар гӯсфанд қирон оварда, чун гургони гурусна ҳамроҳи ҳамяроқонаш меҳнати солҳо ба даст овардаи халқро бар бод доданд. Ҷинояти вазнине, ки ӯ ҳамроҳи дигар ҳамқавмонаш ҳангоми мудири хоҷагӣ буданаш кард, ин моҳи апрели соли 1993 буд. Ба ӯ хабар доданд, ки гурӯҳи 5-нафараи гурезагони қаротегинӣ аз болои кӯҳи Қаратов сӯи манзили зисташон, ба ноҳияи Куйбишев (ҳоло Абдураҳмони Ҷомӣ) рафтанианд. Ин гурезагон, ки аз дасти чунин ашхоси даррандасифат гуреза шуда, ба Ғарм рафта буданд, дар бозгашт боз ба дасти гурӯҳи хуношоми Самадов афтиданд: Аз дасти қассоб гурехта, ба коми гург афтиданд!!! Дар мавзеи Каҳдарави ноҳия ин 5 нафарро ваҳшиёна-бо белу каланд зада куштанд. Каҷҷӣ-писари Самадов хуни аз пешона шоридаи мақтулонро ба кафи даст гирифта, нӯшида, ташнагияшро шикаст…

Бузкашии тоҷикӣ бо Газ-24

Гурӯҳи Самадов 16-уми декабри соли 1992 «асире»-ро аз назди гастрономи ноҳия ба штаб-ҷои шиканҷадиҳиашон, ки ҳабсхонаи ноҳия буд, задаву кӯфта ва рӯи хок жӯлонида бурданд. Баъди азобҳои гӯшношунид, «маҳбус»-ро дар пушти мошини ГАЗ-24-и дуздидаашон чун гӯсфанд баста, дар кӯчаҳои ноҳия «буз кашиданд»-у тохтанд. Тани пора-порашудаашро дар канори роҳи деҳаи Сарқамиш партофта, сӯи мардуми ноҳия таҳдид карданд, ки «касе тани ҳамин мақтулро зери хок мекунад, дар ҷояш мепарронем». Ин гурӯҳи командирони худкома, ки дар солҳои 1992-93 ба ғорат, дуздӣ, одамкушӣ даст зада буданд, «худро шоҳу табъашонро вазир» мешумурданд. Дар мошинҳое, ки савор буданд, дар паҳлуяшон занону духтарони ба ғорат гирифтаашон менишастанд. Органҳои қудратӣ дар он солҳои пурошӯб чизе гуфта наметавонистанд, чун қуввату қудрати онҳоро мусаллаҳони Самадов «пачақ» намуда буд.

-Як рӯзи тамузи тобистони соли 1995 буд, – мегӯяд собиқ майори милитсия Эмомалӣ Зокиров, ки он вақт нозирии бозори ноҳияро ба уҳда дошт, – маро бо оперативникҳои шуъбаи сеюми Вазорати корҳои дохилӣ барои дастгир кардани Сафарқул Самадов-қумондони Фронти Халқӣ фиристоданд. Кормандони дастаи зудамал назди дарвозаи Самадов қарор гирифтанд, ки гирдогирди ҳавлиаш бо тахтадеворҳои аз кадом корхона дуздида овардааш иҳота шуда буд. Яке аз кормандони шуъбаи сеюми ВКД чолокона аз болои дарвоза ба дохили ҳавлӣ парида, дарвозаро кушод. Боқимондаи гурӯҳ аз дарун хонаи Самадовро иҳота карданд. Ӯ дар ҳолати гурехтан қарор дошт, вале дастаи ҳузарби нигоҳбони қонуният бозуяшро мустаҳкам боздошт. Вақте ӯро қаппидем, командири «ҷасур» чун рӯбоҳ дар ҷояш меларзид.

Ҳангоми дар пурсиш буданаш Самадов ва Бозори қарлуқ аз тарс… ҷон доданд. Ба силоҳдорону қумандонҳои ғайритоҷики дигар, тибқи амалҳои кардаашон, Суди Олӣ ҷазоҳои мувофиқро раво дид.Онҳое, ки дар ноҳияи Ёвону дигар ҷойҳо ба ҷони одамон қасд карда буданд, худованд ҷурмашонро бо ситодани ҷонашон баробар намуд. Аз командиру ҳаммаслакони худкомаҳо кам касон мондаанд ва онҳо азоби виҷдону ҷисмонӣ мекашанд, ки ҳоло шоҳидон дидан доранд.

***

Чаро Файзалӣ дари зиндони Ёвонро кушод?

Ошӯб ва қатли дастикам 50 нафар маҳбус дар зиндони №3-и шаҳри Хуҷандро хонда, воқеае дар назарам падид омад. Ин ҳодиса соли 1992 дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон аз ҷониби Файзалӣ Саидов-яке аз лидерони Ҷабҳаи халқӣ ба амал омада буд…

Дар аввали солҳои 1960 Ёвон ба майдони корзор табдил ёфт. Маркази ноҳияро хонаҳои дуошёна, ки бинокорони русу тоҷик ва дигар миллатҳои давлати Шӯравӣ месохтанд, оро медод. Лоиҳакашу заминсозон, муҳандисҳо шабу рӯз ҳамворию кӯҳу кӯталҳоро чен мекарданд, мардуми маҳаллӣ бошад, “ба дашти Ёвон об мебарояд”, гуфта байни ҳаққу ҳамсояҳо севанчӣ мегирифтанд. Дар қисми шимолу шарқии ноҳия девораҳои мустаҳками бо симхорҳо иҳоташуда қомат рост мекарданд. Дар ин ҷо ба қавли пешхабарон “тюрма-маҳбасхона” сохта, “аз қувваи онҳо санги хорои кӯҳи Қаратоғ байни деҳаи Парчасой ва Пастакон нақб канда мешавад”, мегуфтанд.

Ҳамин тавр ҳам шуд. Нақбканони “Метрострой”-и ш.Москва лоиҳаи нақби 7,5 километраро ба лоиҳа гирифта, ба канданаш шурӯъ намуданд. Ба онҳо аҳолии дар гузашта деҳқони ёвонӣ кӯмак расонид, ба корҳои сохтмонӣ даст заданд ва синфи коргарӣ Ёвонро таҳкурсӣ гузоштанд. Кор аз ду тараф-аз соҳили дарёи Вахш-деҳаи Пастакон ва аз қисми ҷануб-деҳаи Парчасой оғоз ёфт. Муддати 7 сол нақбканон ба кандани синаи кӯҳ машғул шуданд. Маҳбусҳои ҳабсхонаи Ёвон низ дар кандани нақб ҳисса мегузоштанд. Ҳар рӯз бо воситаи мошинҳои боркаш бо нигоҳбонии посбонҳои сагдор ба масофаи 6 км ба ҷои кор оварда мешуданд. Пас аз анҷоми кор ба ҳабсхона бармегаштанд.

Маҳбасхона ё муассисаи ислоҳоти меҳнатии П/Я Я/С-3-8-и раёсати корҳои ислоҳоти меҳнатии ВКД-и ҶТ, ки то ҳол дар н.Ёвон вуҷуд дорад, то 2000-2200 нафар одамони гунаҳкор ҷинояти худро бо роҳи меҳнат пок мекарданд. Ҳоло ин шумора кам гардидааст. Пас аз кандани нақбу обшор гаштани водӣ боз сохтмони заводҳои азими 5-солаи ҳаштум шурӯъ шуд, ки дар сохтани онҳо маҳбусон ҳисса гузоштанд. Солҳои зиёд собиқ Вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Шералӣ Хайруллоев ба ин муассиса роҳбарӣ менамуд. Дар давоми солҳои кории ӯ ҳам дар беруни муассиса ва ҳам дар дохили муассиса дар 3 баст маҳбусон ба кор таъмин буданд. Кор дар дохили муассиса дар 3 баст ба роҳ монда шуда буд, ки барои хоҷагии халқ маҳсулоти гуногун: аз қабили сутунҳои бетонӣ барои ангурзор, қуттиҳои оҳанӣ барои нигоҳдории меваю сабзавот, пивою арақ, тент барои болопӯши ғарами пахта тайёр мекард. Низоми роҳбарӣ ва кор бо маҳбусон дар давраи роҳбарии Ш.Хайруллоев хеле хуб буд, кадри касбӣ ва психологӣ соҳаи кораш буд.

-Маҳбасхонаи ноҳия бо маҳбусонаш дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар амонӣ буд, – мегӯяд собиқ корманди зиндон Умурзоқ Файзуллоев, – вале хавотир аз он будем, ки ягон рӯз ягон ҳодисае ба амал меояд. Ҳамин тавр ҳам шуд. 24-уми ноябри соли 1992 дастаи Файзалӣ Саидов ҳамроҳи боевикҳояш ба ноҳия омада, дарвозаи зиндонро кушода, маҳбусонро озод намуданд. Аскарони дастаи Файзалӣ чанд чизи ба дасташон афтидаро гирифта бурданд, ки дар қатори он мошини “Нива”-и раиси комиҷроияи ноҳия Қурбоналӣ Азизов низ буд. Азизов мошини шахсиашро дар онҷо пинҳон намуд, то ки шахсони бегона соҳибӣ накунанд, вале ҷанговарони Ф.Саидов онро рабуданд. Пас аз чандин соли пурсу суроғҳо мошин ба соҳибаш дар ҳолати табоҳ баргардонида шуд. Баъди чанд рӯзи ин амал роҳбарони муассиса (сардораш У.Нарзуллоев) эълон карданд, ки маҳбусони бо хоҳиши худ ба муассисаи ислоҳотӣ баргашта, аз муҷозот озоданд. Оҳиста-оҳиста “маҳбусони озодгашта” боз ба муассисаи ислоҳотӣ баргаштанд, то вақти баргаштани маҳбусон ҳабсхонаи ноҳия майдони ҷазодиҳӣ барои “вовчик”-ҳо аз тарафи дастаҳои Фронти халқӣ шуда буд. Боевикҳои дастаи Ф.Саидов инчунин дар роҳи мошингарди Ёвон-Ваҳдат чанд мошини мухолифинро оташ заданд.

Рӯзи 2-уми декабри соли 1992 дастаи боевикҳои Ф.Саидов бо роҳи Ёвон ба сӯи ноҳияи Кофарниҳон (ҳоло шаҳри Ваҳдат) рафтанд, то дастаҳои мухолифинро дар онҷо нобуд созанд. Пас аз анҷоми чандин куштори одамони бегуноҳ боевикҳо ба ноҳияи Ёвон баргаштанд ва пагоҳӣ, яъне 3-уми декабри соли 1992 дар назди деҳаи Лақайбегӣ ба муқовимати мухолифин дучор шуда, ақиб нишастанд…

Муассисаи ислоҳоти меҳнатии П/2 2/С 3-8 дар н.Ёвон побарҷост, вале монанди солҳои пешин маҳбусон фаъолияти корӣ надоранд, бекорӣ ба ин муассиса низ таъсир расонидааст.

Аҳлиддин Бӯриев,

Ноҳияи Ёвон

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button