Хабарҳои кӯтоҳ

Дар водии Бартанг нирӯгоҳи Хатфат ба истифода дода шуд (4 АКС)

Сафорати Амрико хабар дод, ки бо пуштибонии барномаи ЮСАИД, Фонди Оғохон ва ширкати “Помир Энержи” дар водии Бартанг  нирӯгоҳи барқии обии Хатфат мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Ин нирӯгоҳи иқтидораш 450 киловаат беш аз 2000 сокини водии дурдасту душворгузари Бартангро бо нирӯи барқ таъмин мекунад. Водии Бартанг қариб 20 сол боз нирӯи барқ надошт.

U.S. EMBASSY, DUSHANBE, TAJIKISTAN

 

ℹ️Тавассути дастгирии USAID Central Asia, Фонди Оғохон ва Pamir Energy нерӯгоҳи барқи обии #Хатфат ба истифода дода шуд. Ин нерӯгоҳи 450 киловатт ба беш аз 2000 сокинони водии #Бартанг, ки яке аз минтақаҳои дурдаст ва душворфатҳи Тоҷикистон мебошад, нерӯи барқи тоза, боэътимод ва арзон – бори аввал дар қариб ду даҳсола – хоҳад овард. Ин нерӯгоҳи барқи обӣ ба беҳтар намудани сифати таҳсил ва фаъолиятҳои тавлиди даромад мусоидат хоҳад намуд.

—–

📌With the support of USAID Central Asia, the Aga Khan Foundation and Pamir Energy commissioned the #Khatfat #hydropower this month. This 450-kilowatt hydropower plant will bring clean, reliable, and affordable electricity – for the first time in almost two decades – to over 2,000 people in Bartang Valley, one the most remote and underserved areas of #Tajikistan. It is also expected to foster quality improvement in education and boost income-generation activities.

#USAIDTransforms #USAваТоҷикистон #USAID #Bartang #GBAO

Aga Khan Foundation USA

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button