ЗӮРИ ТОҶИК ФАҚАТ БА ТОҶИК МЕРАСАД…

Дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия пулис як зодаи Тоҷикистонро бо иттиҳоми ғорати як ҳамватанаш дастгир кардааст. Дар ин бора бо такя ба манбаи худ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ рӯзи 28 ноябр хабаргузории ФАН (Федеральное агентство новостей) хабар дод.
«Ҷабрдида хабар додааст, ки ғоратгарон чанд нафар буданд, вале амали онҳо аз ҷониби як мард роҳбарӣ ва ҳамоҳанг мешуд. Ин мард ибтидо бо зӯрӣ 50 ҳазор рубли ҷабрдидаро кашида гирифта, сипас аз корташ ба як ҳисоби дигар 99 ҳазор рубл гузарондааст. Ба ин тартиб, ҳаҷми умумии зарар 149 ҳазор рублро ташкил медиҳад»», – гуфта мешавад дар хабар.
Манбаи ФАН гуфтааст, ки марди гумонбар дар ғорати пули муҳоҷири тоҷик дастгир шудааст. Ӯ ҳамватани худи ҷабрдида будааст. Нисбат ба ӯву шариконаш парванда оғоз кардаанд.