Номаҳо ба президент

НАРХИ ГАРОН – ҚИММАТИ ҶОН

Комёр Мирзоев: Мушкилии асосие, ки мардуми кишвар (алалхусус қишри бебизоати ҷомеъа) аз он танқисӣ мекашад, ин яку якбора боло рафтани маҳсулоти озуқаворӣ мебошад. Мардуми ВМКБ низ истисно набуда, нисбат ба дигар шаҳру навоҳии кишвар боз ҳам мушкилтар айём ба сар мебаранд…

Мехостам аз мансабдороне, ки имрӯз сари қудрат ҳастанду фақат ба айшу ишрат машғуланд, сулол кунам: Чигуна Шумо зиндагӣ мекунед, дар ҳоле, ки ҳамсояатон аз гушнагӣ қариб мурдааст?!

Оё Шумо боре назар накардаед, ки Шумо болои Ландкурузари гаронбаҳои хориҷӣ сайр мекунеду мардуматон белу чок дар даст болои сангу хоки сард уфтода?!

Шумо бо ҳамаи пулу мол ва муҳтарҳои гаронатон худро хушбахт ҳисоб мекунед?

Ба фикрам хушбахтии зиндагӣ дар он аст, ки дасти бечораеро бигирӣ.

Комёр Мирзоев

Нархи гарон қиммати ҷон

Тибқи суханрониҳои пайдарпайи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – бояд зиндагии мардум дар кишвари азизамон рӯз аз рӯз беҳтару хубтар шавад. Маъюбон, камбағалон, ятимон ва одамоне, ки қудрати кор карданро надоранд, ва ё бекораянд, бояд давлат онҳоро таъмин ва назорат кунад. Мушкилии асосие, ки мардуми кишвар (алалхусус қишри бебизоати ҷомеъа) аз он танқисӣ мекашад, ин яку якбора боло рафтани маҳсулоти озуқаворӣ мебошад. Мардуми ВМКБ низ истисно набуда, нисбат ба дигар шаҳру навоҳии кишвар боз ҳам мушкилтар айём ба сар мебаранд. Мехостам Раисҷумҳур ин масъаларо таҳти назорати қатъии худ гирифта ҳарчи зудтар ба танзими он бипардозанд.

Мушкилосон бояд бошад

Имрӯз дар Бадахшон хонаводаҳое ҳастанд, ки барои хӯрдан чизе надоранд. Оилаҳое дучор мешаванд, ки 5-6 аъзои онҳо ҳануз толибилми дабистону, волидайнашон бо 200 сомонии моҳона арақи ҷабин рехта кор мекунанд. Бо чунин нархи гарони бозор ингуна афрод қути лоямути хешро аз куҷо пайдо мекунанд? Шахсони маъсул, оё боре ин нуқтаро аз худ суол кардаед? Чунин мушкилӣ авзоъи зиндагии мардуми оддиро то дараҷае ба ваҳм овардааст, ки дар шаҳру қишлоқу куча танҳо аз гарон шудани нархи бозор сухан мераваду халос.

Муйсафеде гуфт

Имрӯз бо як пирамарди ҳаштодсолаи асодор мувоҷеҳ шудам. Хостам уро аз роҳи мошингард ба канор гузаронам. Маълум шуд, ки барои хариди нон аз маҳаллаи Шарифобод омадааст. Доду фарёди у низ аз нархи кайҳонии бозор буд. Бечора 20 сол муқаддам аз водии Бартанги ноҳияи Рушон ба шаҳри Хоруғ кӯчидааст. Анқариб 20 соли охир ба ҳайси саройбон (дворник) дар шифохонаи вилоятӣ кор кардааст. Акнун 200 сомонӣ нафақа мегирад, ки бо ин маблағ ҷуоли орд ҳам харидан номумкин аст. Танҳо ду фарзанд дорад, ки онҳо низ аз барои пайдо намудани ризқу рузӣ бо хонаводаҳояшон ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд. Барои волидайнашон аз ночорӣ пули ночизеро равона мекунанд, ки танҳо кирои хона мешаваду халос.

Чи кор кунем?

Мо ҷавонони ВМКБ барои худ кор пайдо кардан наметавонем. Гарчанде, ки ҷисман ва рӯҳан солим ҳастем, дар ягон сохторҳои давлатии вилоят моро ба кор қабул намекунанд. Пушида нест, ки зиндагӣ дар ин вилояти дурдаст аз марказ бисёр мушкил аст. Ҳеҷ заводу фабрика дар ин ҷо сохта намешавад, ки мардум бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардад. Ман худам қариб 4 сол аст, ки бекор мондаам. Бади бозгашт аз Руссия ба Ватани маҳбубамон дигар ҷои кор пайдо накардам. Қариб 80 фисади ҷавонон имруз бекор буда, шароити бунёди зиндагии шоистаро надоранд. Дар бархе ҳолатҳо аз чунин зиндагии чиглилу мушкил ҷавонон ба нушидани машрубот сипиртӣ шуруъ намуда умри ҷавони хешро месузонанд. Мехостам аз мансабдороне, ки имрӯз сари қудрат ҳастанду фақат ба айшу ишрат машғуланд, сулол кунам: Чигуна Шумо зиндагӣ мекунед, дар ҳоле, ки ҳамсояатон аз гушнагӣ қариб мурдааст?!

Ба фикрам хушбахтии зиндагӣ дар он аст, ки дасти бечораеро бигирӣ. Дар китоби осмонии Қуръон ояте дар сураи Наҳл (занбӯр) омадааст, ки Худованд дар он ҷо мефармояд: “Худо рӯзии баъзе аз Шуморо аз баъзеи дигар афзун кардаст. Пас онон, ки фузунӣ ёфтаанд, аз рӯзии худ ба бандагони хеш намедиҳанд, то ҳама дар рӯзӣ яксон шаванд. Оё неъмати Худоро инкор мекунед?

Мушкилии асосие, ки мардуми кишвар (алалхусус қишри бебизоати ҷомеъа) аз он танқисӣ мекашад, ин яку якбора боло рафтани маҳсулоти озуқаворӣ мебошад. Мардуми ВМКБ низ истисно набуда, нисбат ба дигар шаҳру навоҳии кишвар боз ҳам мушкилтар айём ба сар мебаранд…

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button