ТоҷикистонЧеҳраҳо

МАРГИ ГЕНЕРАЛ ҲОМИДОВ ДАР СИННИ 72. ТОҶИКИСТОН ИМСОЛ 12 ГЕНЕРАЛАШРО АЗ ДАСТ ДОД…

Генерал-майор Ҷаббор Ҳомидов, муовини собиқи фармондеҳи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар синни 72 аз олам чашм пӯшид. Ба гуфтаи наздиконаш, генерал Ҳомидов як ҳафта пеш дучори сактаи қалб шуда буд. Қарор аст, ҷанозаи генералро рӯзи 28 ноябр дар шаҳри Бӯстон ба хок бисупоранд. Ҷаббор Ҳомидов 1 январи соли 1948 дар деҳаи Қистақӯз (ҳоло – Хистеварз) ба дунё омада, собиқадори ҷанги Афғонистон буд. Ӯ солҳои 1987-2020 дар ҳавзаи ҳарбии Осиёи Марказӣ хидмат карда ва солҳои 2002-2006 муовини раиси Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон буд. Интиқоли масъулияти ҳифозати марзи Тоҷикистон бо Афғонистон аз марзбонони рус ба марзбонони тоҷик маҳз дар давраи кори ӯ (соли 2005) сурат гирифт. Ӯ соли 2006 бо дарёфти рутбаи генерал-майор ба нафақа рафт.

Генерал Ҳомидов инак 12-умин генерали тоҷик аст, ки соли 2020 тарки дунё карданд…

Генерали 72 сола, собиқ сарҳадбон: Ҷаббор Ҳомидов даргузашт

 Генерал-майор Ҷаббор Ҳомидов, собиқ муовини раиси Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар синни 72 даргузашт

ДУШАНБЕ, 28 ноя – Sputnik. Шарифҷон Азизов, узви шӯрои собиқадорони хизмати ҳарбии вилояти Суғд бо тайиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Ҳомидов як ҳафта охир аз бемории сактаи қалбӣ ранҷ мекашид, вале рӯзи гузашта даъвати Ҳақро лабайк гуфту ҷон супурд.

“Дирӯз ба мо хабар доданд, ки генерал Ҳомидов бандагӣ кардаанд. Худо раҳмат кунад, Ҳомидов ба сину солашон нигоҳ накарда, ҳамеша дар чорабиниҳои ҳарбӣ ватандӯстӣ ширкат мекарданд. Равонашон шод бод ба аҳли пайвандонашон сабри ҷамил хоҳонем”,- зикр кард Азизов.

Ҳомидов Ҷаббор 1 январи соли 1948 дар деҳаи Хистеварз (собиқ Қистақӯз) и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст.

Баъд аз хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дар соли 1970 фаъолияти меҳнатиашро минҳайси муҳаррири калони Энсиклопедияи советии тоҷик дар шаҳри Душанбе оғоз кардааст.

Моҳи январи соли 1975 барои хизмати сарбозӣ ба сафи қӯшунҳои сарҳадӣ сафарбар гардида, чун афсар дар бахши разведкаи отряди 81-уми округи ҳарбӣ – сарҳадии Осиёи Миёна кор кардааст. Солҳои 1977-1979 муовини командири камендатураи Сарҳадии отряди 81-умро дар ӯҳда дошт.

Аз соли 1979 то 1986 ҳамчун намояндаи КДБ ИҶШС дар назди мақомоти бехатарии Ҷумҳурии демократии Афғонистон хизмат кардааст.

Солҳои 1984-1985 шунавандаи курсҳои бозомӯзии ҳайати оперативии КДБ ИҶШС дар шаҳри Москва буд.

Солҳои 1987-2002 дар вазифаҳои роҳбарикунандаи округи сарҳадии Осиёи Миёна хизмат кардааст.

Аз феврали соли 2002 то марти соли 2006 дар вазифаи муовини раиси Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Ҷаббор Ҳомидов моҳи марти соли 2006 аз ҳамин вазифа бо унвони Генерал-майор ба нафақа баромадааст.

Ӯ аз сарҳадбонони садоқатманди кишвар буд, ки барои хизматҳои содиқонааш бо орденҳои “Спитамен” дараҷаи 1, “Ситораи Сурх”, Ордени Шуҷоати Ҷумҳурии демократии Афғонистон ва медалҳои Барои хизмати ҷангӣ, Барои хизмати бенуқсон ҳар се дараҷа, Барои ҳифзи аълои сарҳади давлатӣ, медалҳои ҷашнӣ ва Ифтихорномаҳои Президиуми Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Қарор аст, имрӯз маросими ҷанозаи Ҳомидов дар қабристони шаҳри Бӯстон ба хок супурда шавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button