СОМОН ЭЙР ХАТСАЙРИ ДУШАНБЕ-ХУҶАНД-ДУШАНБЕРО БАРҚАРОР МЕКУНАД
Бо мақсади қонеъ намудани талаботи мардум ба интиқолоти ҳавоии самти шимоли кишвар, ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” парвозҳоро дар масири Душанбе-Хуҷанд-Душанбе аз сар мегирад. Иҷрои парвозҳо аз Душанбе ба Хуҷанд санаи 29-уми ноябр шурӯъ мегардад ва тавре интизор меравад минбаъд парвозҳо ҳафтае ду маротиба амалӣ мешаванд.
Тибқи талабот кулли мусофирон дар толори фурудгоҳ ва дар ҷараёни парвоз бояд ниқоб ва дастпӯши ҳифозатӣ дошта бошанд. Мусофироне, ки таби баланд ё аломатҳои беморӣ доранд ба нуқтаи бақайдгирии мусофирон ва дохили ҳавопаймо роҳ дода намешаванд.
Меъёри интиқоли ройгони бағоҷ 20 кг (эконом-класс) ва бори дастӣ 7 кг муқаррар шудааст. Маълумоти муфассалро оид ба рӯзҳои парвоз ва арзиши чипта аз маркази маълумотдиҳии ширкат тавассути рақамҳои 44-640-40-49, 44-640-40-50 ва 93-7777-459 ва Агентии алоқаи ҳавоӣ бо рақамҳои 98-807-10-00, 98-880-87-87, 93-501-24-24 дарёфт кардан мумкин аст.
Хадамоти матбуоти ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»,
27.11.2020