Ҷомеа

ИНҶО АФҒОНИСТОН НЕСТ! ПАРВАНДАИ РОНАНДАЕ, КИ ШОИРАИ ШИНОХТА АДИБАИ АЗИЗРО ТАЪҚИБ МЕКАРД (АКС)

Адибаи Азиз, шоира ва рӯзноманигори шинохтаи тоҷик рӯзи 27 ноябр дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки кормандони ВКД шахсияти ронандаеро, ки мехост ӯро бо роҳи зӯроварӣ, фишор ва таҳқиру таъқиб савори мошини худ кунад, муайян кардаанд. Адибаи Азиз бидуни овардани ҷузъиёти ҳодиса ба муфаттиши ин қазия лейтенант Маҳмадизода Амонулло Сафовидин ва вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-полковник Рамазон Раҳимзода изҳори сипос карда ва  хостааст, ки агар боз касе аз хонумҳо дучори озори руҳиву ҷинсӣ аз ҷониби ин нафар шуда бошад, хомӯш нашинад. “Мо набояд бо ахлоқи зишти чунин афрод созиш кунем, хомӯш бишинем. Иштибоҳи маҳз мешавад, агар аз онҳое, ки оромии ҷомеаро дар фазои осоиштаи давлати демократӣ-дунявӣ халалдор месозанд, гузашт намоем. Бидуни шак, бемуҷозот мондани ин авбош боиси садамаҳои равонии чандин занони дигари раҳгузар хоҳад шуд!” – навиштааст Адибаи Азиз.

ادیبه عزیز

Ин ҷо Афғонистон нест!

Раёсати ВКД-и Тоҷикистон, ронандаи мазкурро, ки мехост бо роҳи зӯроварӣ, фишор ва таҳқиру таъқиб маро савори мошини худ кунад, дастгир намуд.

Ин акс марбут ба як раҳзан, як қаллоб, як занозор, дар маҷмӯъ як авбош аст!

ЛУТФАН КАСОНЕ, КИ ИН НАФАРРО МЕШИНОСАНД, БА ВИЖА ДУХТАРОН, АГАР АЗ ТАРАФИ Ӯ МАВРИДИ ТАҲДИД, ФИШОР, ХУШУНАТИ ЛАФЗӢ Ё ҶИНСӢ ВА ДИГАР АМАЛҲОИ ЗӮРОВАРӢ ҚАРОР ДОШТЕД, ШИКОЯТ БАРЕД! Мутмаинам аз дасти ӯ духтарони зиёде озори рӯҳӣ ва осеби ҷинсӣ дидаанд. Ва низ мутмаинтарам, ки қаблан мушкил бо қонун бисёр дошт ва ҳанӯзам дорад! Мо набояд бо ахлоқи зишти чунин афрод созиш кунем, хомӯш бишинем. Иштибоҳи маҳз мешавад, агар аз онҳое, ки оромии ҷомеаро дар фазои осоиштаи давлати демократӣ-дунявӣ халалдор месозанд, гузашт намоем. Бидуни шак, бемуҷозот мондани ин авбош боиси садамаҳои равонии чандин занони дигари раҳгузар хоҳад шуд!

ДИФОЪ АЗ ҲАҚҚИ ХУД НАХУСТИН ИҚДОМ БА САМТИ ОЗОДӢ ВА АМНИЯТИ ХУСУСИИ ШУМО ХОҲАД БУД. ТАЛОШИ МО ТАНҲО БА ХОТИРИ АДОЛАТИ ИҶТИМОИСТ.

Дар ҷустуҷӯи гумонбар, лейтенанти милитсия Маҳмадизода Амонулло Сафовидин саҳми сазовор гузошт, воқеан ӯ дар як муддати кӯтоҳ шахсияти авбошро муайян сохт.

Бо истифода аз ҳарими хусусиям,

ба муҳтарам Раҳимзода Рамазон, генерал-полковники милитсия, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҷустуҷӯи оҷилонаву профессионалии чунин кадрҳои ҷавону умедбахш, ростқавл ва ҷиддӣ изҳори сипос менамоям.

🙏
🙏
🙏

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button