БА ОППОЗИТСИЯ МАЪЛУМОТ МЕДОДАНД: БОЗДОШТИ ЧАНД МАҚОМИ БАЛАНДПОЯИ КДАМ, АЗ ҶУМЛА ГЕНЕРАЛ РУСТАМОВ
Бино ба иттилои дарёфтӣ, рӯзи шанбе, 21 ноябр, дар ҷараёни як амалиёти вижаи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ)-и Тоҷикистон чанд мақоми баландпояи ин идора бо гумони ифшои маълумоти сиррӣ дастгир шудаанд. Ин иттилоъро ду манбаи муътамади пойгоҳи хабарии “Бомдод” тасдиқ карданд. Ба гуфтаи онҳо, дар ҷараёни ин амалиёт 3 ило 4 нафар, аз ҷумла генерал-майор Рустамов Раҷабалӣ Кавгакович, дастгир шудаанд ва як иттиҳоми асосӣ ба зидди онҳо додани маълумот ба оппозитсия мебошад.
Мақомоти КДАМ ин қазияро то ҳол шарҳ надодаанд, вале ба гуфтаи яке аз манбаъҳои “Бомдод”, ҳангоми боздошту кофтуков аз ҷои кор ва хонаҳои афроди боздоштшуда телефону компутар ва флешкаҳову чизҳои дигари ноқили маълумот мусодира шудаанд.
“Гӯё ба ҷониби оппозитсия маълумоти ҳассос медодаанд дар бораи вазъи сиёсии кишвар. Гумон меравад, ки аз ҷумла сомонаи “Ислоҳ”-и Муҳаммадиқболи Садриддинро ҳаминҳо бо маълумот таъмин мекардаанд”, – гуфт ин манбаъ.
Манбаи дуюми “Бомдод” боздошти ин гуруҳро ба афзоиши ихтилоф байни ду клани Фархор ва Данғара дар дохили КДАМ рабт дод:
“Раҷабалӣ Кавгакович дар давраи Хайриддин Абдураҳимов нуфузи зиёд дошт, вале бо раиси кунунии КДАМ Саймумин Ятимов соз нагирифт. Ӯ норозигиашро пинҳон намекард ва дар чандин маҳфил гуфтааст, ки “ҷаноб (президент Эмомалӣ Раҳмон) ба гуфтаҳои Ятимов рафта, билохира Тоҷикистонро аз даст медиҳад. Маро қабул намекунад, то ба ҷаноб фаҳмонам, ки оқибати ин кор бад аст.”
Муҳаммадиқболи Садриддин, сардабири сомонаи “Ислоҳ”, ки вақтҳои охир маълумоти зиёдеро дар бораи ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон нашр кард, рӯзи 26 ноябр дар суҳбат бо пойгоҳи “Бомдод” гуфт, ки нафаре бо номи Раҷабалӣ Рустамовро намешиносад.
“Он манбаъҳое, ки бо мо ҳамкорӣ доранд, ҳамааш сари коранд ва ягон нафарашон дастгир нашудааст. Бо генерал Рустамов “Ислоҳ” ягон ҳамкорӣ надошт. Ин номро бори аввал мешунавам”, – гуфт Муҳаммадиқболи Садриддин.
Рустамов Раҷабалӣ Кавгакович дар ноҳияи Темурмалик ба дунё омада ва дар ноҳияи Данғара ба воя расидааст. Падари ӯ дар совхози ба номи Ленин, ки раисаш Эмомалӣ Раҳмон буд, ҳамроҳи президенти ояндаи Тоҷикистон кор мекард. Генерал Рустамов солҳои 2004-2008 сардори раёсати тафтишоти КДАМ буд, вале дар пайи моҷарои машҳури боздошти Боим (Иброҳим Сафаров, яке аз наркобаронҳои машҳурри тоҷик) ва “Зорро” (генерал Иззатулло Шарифзода, сардори собиқи РВКД Душанбе ва идораи зиндонҳои Тоҷикистон) Рустамовро аз сардории раёсат барканор карданд. Баъди он моҷаро “Зорро” низ аз мақоми сардори милисаи пойтахт барканор ва як муддат ба раёсати сӯхторнишонии ВКД “бадарға” шуда буд.
Ба гуфтаи манобеи “Бомдод”, генерал Рустамов дар давраи раёсати Ятимов ба мадди дуюм рафт ва солҳои охир дар раёсати амнияти дохилии КДАМ кор мекард ва дар мактаби амният ба кадрҳои оянда дарс медод.
Як манбаи “Бомдод” гуфт, генерал Рустамов мисли “Зорро” ва генерал Мансурҷон Умарзода ба сагбозӣ шавқи беҳад дошт ва сагҳояш дар мусобиқаҳое иштирок мекарданд, ки барои саги ғолиб аз 100 то 200 ҳазор доллар ҷоиза мегузоштанд.
Ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” ҳанӯз муяссар нашудааст, ки исми боздоштшудаҳои дигарро маълум кунад, вале гуфта мешавад, ки ҳамагии онҳо полковник ва генераланд. Як манбаи мо гуфт, ки яке аз боздоштшудаҳо аз афроди наздик ба худи Ятимов – ҳамсояи ӯ дар ноҳияи Фархор будааст.
Боздошти ин мансабдорони баландпояи КДАМ бо гумони ифшои маълумоти ҳассос ба оппозитсия дар ҳоле сурат мегирад, ки вақтҳои охир дар расонаҳои хориҷ аз контроли мақомоти Душанбе матлабҳои зиёде дар бораи мақомоти баландпояи амниятии Тоҷикистон нашр шуданд. Ҳамчунин ахиран аз номи “Гуруҳи тадқиқотиии “Темурмалик” як мақолаи густардае дар бораи худи Саймумин Ятимов, раиси КДАМ паҳн ва дар “Ислоҳ” нашр шуд.
Ҳамин тавр, дар арафаи интихоботи президентии Тоҷикистон дар Твиттер аз номи мудири як бемористони маъруфи Исроил дар бораи гӯё дар Исроил аз бемории саратон ҷарроҳӣ шудани Рустами Эмомалӣ, писари калонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ва аз номи раиси Бонки Фаронса дар бораи шустушӯи 5 миллиард доллар тавассути ҳисобҳои бонкии Озода Раҳмон, духтари Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбари дастгоҳи президентии ӯ маълумоти бардурӯғ (фейк) нашр шуд. Мақомоти амниятии Тоҷикистон бо гузашти ду моҳ дар бораи ҷараёни таҳқиқи ин ду киберҳамла ба фарзандони президент иттилое нашр накардаанд.