Тоҷикистон

ШИКОЯТИ РОНАНДАГОНИ “ОЛУЧА ТАКСИ” АЗ ҶАРИМАҲОИ МИЁНШИКАН: МО МИСЛИ ҒУЛОМ ЯГОН ҲУҚУҚ НАДОРЕМ (ВИДЕО)

Як гуруҳи ронандагони ширкати “Олуча Такси” ба сомонаи “Бомдод” шикоят карданд, ки масъулони ин ширкат ронандагонро ба таври бераҳмона бо ҳар баҳона ҷарима мебанданд ва ба ронандагони норозӣ таҳдид мекунанд, ки агар пули ҷаримаро насупоранд, аз кор ронда хоҳанд шуд.

“Оё тибқи қонунҳои Тоҷикистон, ширкати хусусӣ ҳақ дорад, ки аз пеши худ ҷарима ҷорӣ кунад? Ва ин ҷаримаҳо ба куҷо мераванд? Барои ҷаримаҳо, ҳатто агар талаб кунед ҳам, ягон санад намедиҳанд. Маълум нест, ки ба хазинаи корхона мераванд ин пулҳо ё ба ҷайби масъулони алоҳида?” – мегӯянд ронандагон.

Бино ба нақли онҳо, як ронандаро баъди ҳамагӣ 6 моҳи кораш рӯзи 24 ноябр аз кор ронданд: “Ун бечора дар ҳавои сард дар назди бозори “Султони Кабир” ба як марди раҳмонда дилаш сӯхтаасту ӯро то истгоҳ бурдааст. Дар ҳамин лаҳза ӯро бригадир меқапад ва “ҳисобкунакатро чаро гирён накардӣ?” гуфта, 550 сомонӣ ҷаримааш бастааст. Он бечора ҳарчанд фаҳмонд, ки аз он муштарӣ пул нагирифтааст, барои савоб фақат то истгоҳ ӯро бурдааст, кора накард. Ба мо мегӯянд, ки ба ғайри оилаатон бояд барои боқимонда ҳисобкунакро гирён кунед, то ки ширкат фоизашро бигирад. Мабодо агар ягон шинос ё дӯстатонро савор кунед,  аз 1200 то 3000 ҳазор сомонӣ ҷарима мебанданд.”

Ҳамин тавр, ба гуфтаи ронандаҳо, барои каме расидани риш ё напӯшидани униформа то 50 сомонӣ, барои саривақт нагирифтани роҳхат (путёвка), ки ҳафтае як маротиба дар ивази 25 сомонӣ дода мешавад, 30 сомонӣ ҷарима мебастаанд. Вале агар ягон ронанда муштариёнро берун аз шаҳр, барои мисол, ба Кӯлоб ё Хуҷанд барад, ҷаримааш 3000 сомонӣ будааст.

“Ман шахсан худам барои ҳамагӣ як рӯз дертар гирифтани роҳхат ҷарима супурдам. 25 сомонӣ барои роҳхат додам, 30 сомонӣ – барои ҷарима. Аз он пештар як рӯз ришам камтар расидагӣ буд, барои он ҷаримаам бастанд. Ронандагон ҳама норозианд, вале ҷавобашон ба ҳама яктост: Ба касе намефорад, бас кунад, равад! О мо куҷо равем? Доктор Фирӯз, раиси иттифоқҳои касабаамон чандин бор пеши роҳбарон даромад, ки бас кунед ҷаримабандиро, бе ин ҳам кор суст аст, коргарон даромади чандоне надоранд. Вале касе гӯшаш накард. Ростӣ, роҳи Русия баста шуду мо маҷбур дар ин ҷо ба кор даромадем. Марзи Русия кушода шавад, як рӯз намеистем. Дар Русия ин қадар беинсофӣ нест, ки мо дар Ватани худамон рӯбарӯ мешавем. Вале суол инҷост, ки оё як корхонаи хусусӣ бар асоси қонун ҳақ дорад, ки аз пеши худ ҷарима ҷорӣ кунад ва ба ҳар баҳона коргаронашро ҷарима бандад?” – дарду алам кард яке аз ҳамсуҳбатони “Бомдод”.

Дар ширкати “Олуча Такси”, бино ба иттилои дарёфтӣ, ҳудуди 1500 нафар кор мекунанд. Аксари онҳо муҳоҷирони собиқанд, ки имсол ба Русия рафта натавонистанд. Ба гуфтаи ронандагон, дар ин авохир беш аз 100 нафар аз таксиронҳо ширкати “Олуча”-ро тарк карда, рафтанд. Бархеи онҳо ба ширкати “Рахш Такси”, як рақиби асосии “Олуча” дар бозори мусофиркашонии шаҳри Душанбе ба кор гузаштаанд.

“Мо мисли ғуломем дар инҷо, ягон ҳуқуқ надорем. Бифорадат ҳамин, нафорадат – чор тарафат қибла”, – чунин аст ҷавоби масъулони “Олуча” ба ҳар касе, ки норозигӣ мекунад. “Рахш Такси” як хубӣ дорад, ки зиёд кор намегиранд ба ронанда, мегӯянд, фоизи ширкатро супор, тамом”, – мегӯянд ронандагони норозии “Олуча Такси”.

Аммо тавре ба назар мерасад, ронандагони “Рахш” низ дар айни вазъият қарор доштаанд. Ахиран дар Интернет навори як ронандаи “Рахш Такси” нашр шуд, ки ӯ ҳам аз ҷаримаҳои ҳангуфт дар ин ширкат шикоят мекунад.

Масъулони “Олуча” ва “Рахш” ин қазияи ҷаримабандии кормандонашонро то ҳол шарҳ надодаанд. Вале ба гуфтаи ҳуқуқдонҳо, тартиби ҷаримабандиро дар Тоҷикистон қонунгузорӣ, аз ҷумла тавассути Кодекси ҳуқуқвайронкунӣ муқаррар мекунад ва қонун ба ширкатҳои хусусӣ ҳаққи аз пеши худ ҷарима ҷорӣ кардан ва он ҳам ба чунин маблағҳои бузурги то 3 ҳазор сомониро надодааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

2 Comments

  1. Максад такси закас мекнем на ай ширкати шумо Кабул мекна ай 1111 и хдш чихели ширкат масулият нест вапше .

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button