Хабарҳои кӯтоҳ

МОШИНДУЗДИИ КӮДАКИ 13-СОЛА

Як сокини 13-солаи ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар синфи 7-ум таҳсил мекунад, бо гумони мошиндуздӣ дастгир шудааст. Соати сеи шаби 24 ноябр мошини “Мерседес-Бенс”-и як сокини кӯчаи Рӯдакии пойтахтро рабудаанд. ВКД гуфт, ин наврас мошинро бидуни мақсади тасарруф ғайриқонунӣ ҳай карда бурдааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 26 ноябри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомашина аз ҷониби ноболиғи 13-сола

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ марди 24-солаи сокини кӯчаи Рӯдакии пойтахт дар он хусус муроҷиат намудааст, ки санаи 24-уми ноябри соли 2020, тахминан соати 03:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз назди бинои истиқоматиаш автомашинаи шахсиаш тамғаи «Мерседес-Бенс»-ро ғайриқонунӣ ҳай карда бурдаанд.
Зарари расонидашуда 45 000 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, ноболиғ, писарбачаи 13-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, хонандаи синфи 7-уми МТМУ, ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ ҳай карда бурда автомобил бидуни мақсади тасарруф, дастгир карда шуд.
Ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.

Даст задани ноболиғи 16-сола ба авбошӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино аризаи марди 41-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардид, ки санаи 25-уми ноябри соли 2020, тахминан соати 17:00, писари ноболиғи 16-солаашро дар назди майдончаи варзишӣ, воқеъ дар назди бинои истиқоматиашон, бе ягон асос аз ҳисиёти авбошӣ ноболиғи 16-солаи сокини ҳамин ноҳия, донишҷӯи яке аз Коллеҷҳои пойтахт дашномҳои қабеҳ намуда, бо корд 1 маротиба ба рони пойи росташ задааст.
Дар натиҷа, писараш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар бе-морхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Дастгир гардидани марди 29-сола барои сӯиқасди ғоратгарӣ

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти сӯиқасди ғоратгарӣ муайян ва дастгир карда шуд.
Номбурда, санаи 24-уми ноябри соли 2020, тахминан соати 18:00, дар идораи букмекерии «Рахш», воқеъ дар кӯчаи А.Шукӯҳии шаҳри Хуҷанд қарор дошта, ошкоро бо истифодаи зӯроварӣ хазинадорони идораи мазкур: марди 32-солаи сокини ноҳияи Айнӣ ва зани 29-солаи сокини шаҳри Хуҷандро таҳдид намуда, аз хазинаи идораи мазкур 2 ҳазору 690 сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 32 қисми 3 ва 248 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Бо роҳи фиреб гирифтани маблағи калони пулӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи зани 52-солаи сокини кӯчаи Борбади ноҳияи мазкур ворид гардид, ки санаи 23-юми майи соли 2020, дар назди бинои истиқоматиаш марди 30-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, барои тиҷорат аз ӯ 24 000 доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати кӯтоҳ маблағашро бармегардонад, аммо то ҳол маблағи гирифтаашро барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button