Хабарҳои кӯтоҳ

Шумораи расмии гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон ба 12 ҳазор расид

Бино ба иттилои расмии вазорати тандурустии Тоҷикистон, дар як шабонарӯзи охир дар ин кишвар боз 37 ҳолати нави сироят ба коронавирус ошкор шуда, шумораи умумии гирифторон аз 30 апрел то шоми 25 ноябр ба 12008 нафар расидааст. Вазорати тандурустӣ мегӯяд, аз ин шумор 86 нафар фавтида, 11 ҳазору 3995 нафар, ё 94,9% аз ҷамъи умумии беморон шифо ёфтаанд. Вазорати тандурустӣ мегӯяд, дар як шабонарӯзи охир 40 нафар пас аз табобат аз муассисаҳои тандурустӣ ба хонаҳояшон ҷавоб дода шудаанд.

Мунтақидон ба омори расмии вазорати тандурустӣ зиёд эътимод надоранд. Радиои Озодӣ рӯзи 25 ноябр рӯйхатти 225 нафареро нашр кард, ки гуфта мешавад, аз коронавирус ҷон бохтаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button