ПОЙИ ХИРАДИ МО, КИ РАВАД КАҶ БА РАҲИ РОСТ…
Кам касе медонад, ки овозхон ва ҳунарпешаи шинохтаи тоҷик Парвиз Пӯлодӣ ҳунари шоирӣ ҳам дорад. Шеър кам, вале баланд мегӯяд. Як намуна аз чакидаҳои қалами Парвиз Пӯлодиро писари низ ҳунармандаш Ромизи Парвиз дар Фейсбук нашр кардааст:
Пойи хиради мо, ки равад каҷ ба раҳи рост,
Пас фарқ чӣ бошад, ки чӣ болою чӣ пастем?
Афсӯс, ки мо мардуми бегонапарастем,
Мо худ набидонем чӣ дорему кӣ ҳастем.
Мо навдаи пурбори ниҳоли самареро
Чун шохаи хушкидаи беде бишикастем.
Мо қадри сухандону ҳунарманд надонем,
Чун риштаи дил канд, дигар бор набастем.
Аз сӯҳбати ёрон самари нӯш надорем,
Чун мо зи майи ҷаҳлу ҷафо масту аластем.
Пойи хиради мо, ки равад каҷ ба раҳи рост,
Пас фарқ чӣ бошад, ки чӣ болою чӣ пастем?
Парвиз ба коғаз алами ҳарфи дилаш рехт,
Мо аз сари сад кина варо хома шикастем.