Минтақа ва ҷаҳон
3 АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ЯК МОШИНИ БОРКАШ АЗ ТОҶИКИСТОН ДАР ҒАРБИ ҚАЗОҚИСТОН БА КОМИ ОТАШ РАФТ

Субҳи 24 ноябр дар роҳи Бейнеу –Тажен дар ҳудуди ноҳияи Мангистау дар ғарби Қазоқистон як мошини боркаши тамғаи «Мерседес», ки аз Тоҷикистон маҳсулот мекашонд, дучори сӯхтор шудааст.
Дар ин бора нашрияи inaktau.kz бо истинод ба хадамоти матбуоти департаменти ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Мангистау хабар дод. Нашрия се акс аз ҷои ҳодисаро низ нашр кардааст.
Бино ба иттилои мақомот, сӯхтор фурӯ нишонда шуд ва ронанда осеб надидааст. Дар натиҷаи сӯхтор танҳо бордон (прицеп)-и мошин ба коми оташ рафта, кабинааш осеб надидааст, – гуфта мешавад дар гузориши inaktau.kz.
Манбаъ: https://www.inaktau.kz/news/2949088/gruzovik-s-produktami-zagorelsa-na-trasse-bejneu-tazen


