Ҳуқуқи инсон

ВКД бори дигар муовини нопадидшудаи раиси ҲСДТ-ро ба “иғвоангезӣ” айбдор кард (ВИДЕО)

ВКД Тоҷикистон бо нашри як гузориши видеоӣ бори дигар Маҳмурод Одинаев, муовини раиси ҳизби оппозитсионии сотсиал-демократи Тоҷикистонро айбдор кард, ки “бо бофтану паҳн намудани маълумоти бардурӯғи иғвоангез мехоҳад оромиву осоиштагии сокинони кишварро халалдор созанд.” Ин дар ҳолест, ки Маҳмурод Одинаев чор рӯз боз нопадид шудааст ва дар бораи куҷо будани ӯ на наздиконаш ва на мақомот хабаре надоранд.

Одинаев қаблан шикоят карда буд, ки писараш Шайхмуслиҳиддин Ризоевро дар тарабхонаи “Шоми Шӯроб” дар деҳаи Шӯроб, дар наздикии шаҳри Ҳисор латтукӯб кардаанд.

ВКД гуфт, тафтишот ошкор кард, ки ҳодисаи латукӯби писари Маҳмурод Одинаев ба фаъолияти сиёсии ӯ умуман рабт надошта, балки Шайхмуслиҳиддин Ризоев дар назди тарабхонаи «Шоми Шӯроб»-и деҳаи Шӯроби ҷамоати деҳоти Сомони шаҳри Ҳисор дар ҳолати сархушӣ ба ҷавондухтар Саидова Шаҳноза Қурбоналиева, соли таваллудаш 2002, истиқоматкунандаи ҷ/д Қаратоғи шаҳри Турсунзода дарафтода, ӯро лату кӯб намудааст. Муҳофизи тарабхона Амиршоев Эмомиддин барои халос намудани ҷавондухтар аз чанги Шайхмуслиҳиддин Ризоев талош намуда, дар натиҷа байни номбурдагон муноқиша сар мезанад ва Амиршоев Эмомиддин Шайхмуслиҳиддин Ризоевро мавриди лату кӯб қарор додааст. Мувофиқи санади судӣ-тиббӣ Шайхмуслиҳиддин Ризоев ҷароҳати сабуки ҷисмонӣ ба саломатӣ бардоштааст.

ВКД моҳи октябр низ Одинаевро ба паҳн кардани ахбори бардурӯғ айбдор карда буд.

Авбошӣ дар Ҳисор

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Новобаста аз он ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои амнияту сарҷамъӣ, баробарҳуқуқӣ ва адолати иҷтимоӣ зиндагии осоишта доранд, вале дар ҷомеа ҳастанд нафароне, ки бо бофтану паҳн намудани маълумоти бардурӯғи иғвоангез мехоҳанд оромиву осоиштагии сокинони кишварро халалдор созанд. 

Шаҳрванд Маҳмурод Одинаев, соли таваллудаш 1962, зодаи деҳаи Боғаки ноҳияи Рӯдакӣ, сокини деҳаи Ҳаёти нави ҷамоати деҳоти Ҳисори шаҳри Ҳисор аз ҷумлаи чунин нафарон аст, ки дар ҷомеа ҳамчун шахси моҷароҷӯ шинохта шудааст ва пайваста бо паҳн намудани маълумотҳои бардурӯғ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетӣ мехоҳад ғаразҳои хусусию сиёсӣ худро амалӣ созад. Аз ҷумла, номбурда тариқи шабакаи интернетӣ ва расонаҳои ахборӣ хабар додааст, ки афроди ношинос шабона Шайхмуслиҳиддин Ризоев, писари 24-солаи ӯро латукӯб кардаанд ва ҳолати мазкурро ӯ ба фаъолияти сиёсиаш рабт додааст.
Аммо тафтишот ошкор кард, ки ҳодисаи латукӯби писари Маҳмурод Одинаев ба фаъолияти сиёсии ӯ умуман рабт надошта, балки Шайхмуслиҳиддин Ризоев дар назди тарабхонаи «Шоми Шӯроб»-и деҳаи Шӯроби ҷамоати деҳоти Сомони шаҳри Ҳисор дар ҳолати сархушӣ ба ҷавондухтар Саидова Шаҳноза Қурбоналиева, соли таваллудаш 2002, истиқоматкунандаи ҷ/д Қаратоғи шаҳри Турсунзода дарафтода, ӯро лату кӯб намудааст. Муҳофизи тарабхона Амиршоев Эмомиддин барои халос намудани ҷавондухтар аз чанги Шайхмуслиҳиддин Ризоев талош намуда, дар натиҷа байни номбурдагон муноқиша сар мезанад ва Амиршоев Эмомиддин Шайхмуслиҳиддин Ризоевро мавриди лату кӯб қарор додааст. Мувофиқи санади судӣ-тиббӣ Шайхмуслиҳиддин Ризоев ҷароҳати сабуки ҷисмонӣ ба саломатӣ бардоштааст. Шоҳидон ва гумонбари ҷиноят асли воқеаро чунин иброз доштанд:
3 нафар ҷавонзани дигар низ оиди ҳаракатҳои бадахлоқона ва дорои хусусияти шаҳвонидоштаи Шайхмуслихиддин Ризоев ба мақомот муроҷиат карданд, ки нисбати онҳо низ Шайх Муслуҳиддин кирдорҳои бадахлоқонаро раво дидааст.
Паҳн кардани овозаҳо дар шабакаҳои интернетӣ вобаста ба лату кӯбӣ писараш Ризоев Шайхмуслиҳиддин ва тобиши сиёсӣ додани ин ҳодиса, иғво ва дасисаи навбатии Одинаев Маҳмурод мебошад. Қаблан низ ӯ дар шабакаҳои интернетӣ маълумоти иғвоангез паҳн мекард. Вале нишондоди шоҳидони ҳодиса асли воқеаро ошкор кард.
Оид ба ҳолати мазкур аз тарафи Раёсати тафтишотии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати Амиршоев Эмомиддин ва Шайхмуслиҳиддин Ризоев бо моддаи 237 қ.2 банди б-и КҶ ҶТ, яъне авбошӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, вобаста ба кирдорҳои бадахлоқонаи Шайхмуслиҳиддин Ризоев корҳои тафтишотӣ идома дорад.

Маҳмурод Одинаев – муовини раиси ҳизби оппозитсионии ҲСДТ се рӯз боз нопадид шудааст

Маҳмурод Одинаев, муовини раиси ҳизби оппозитсионии сотсиал-демократи Тоҷикистон се рӯз боз нопадид шудааст. Паёмгири Фейсбуки ӯ рӯшан аст, вале ба паёмҳо посух намедиҳад. Одинаев чанд рӯз пеш дар Фейсбук аз раиси Душанбе Рустами Эмомалӣ барои баргузории як намоиши эътирозӣ дар маркази пойтахт иҷозат хоста буд.

Наздикони фаъоли нопадидшудаи ҲСДТ гуфтанд, бозпурсӣ шудаанд. ВКД рад кард

Радиои Озодӣ


Пайвандони МаҳмуродОдинаевмуовинираисиҲизбисотсиалдемократиТоҷикистон аз боздошту бозпурсии наздикону хешовандони ӯазсӯимақомотхабардоданд.

Мақомот ВКД ин иддаоҳоро “беасос” медонанд. Раҳбарони Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯянд, ки то ба ҳол дар ин замина маълумоти дақиқе пайдо накардаанд. Се рӯз боз аз Одинаев дарак нест ва афроди наздик ба ӯ гуфтанд, намедонанд, ӯ ҳоло дар куҷо қарор дорад. Паёмгири Фейсбуки ӯ рӯшан аст, вале ба навиштаҳо посух намедиҳад.

Маҳмурод Одинаев чанд рӯз пеш дар саҳифаи Фейсбукаш аз Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе хост, ки ба ҳамоиши эътирозӣ дар назди Қасри президент иҷозат диҳад. Расман ба изҳороти ӯ дар Фейсбук вокунише нашуд, вале аз сӯйи, зоҳиран тролҳои ҷонибдори ҳукумат ҳадафи ҳуҷуми лафзӣ қарор гирифт.

Ба гуфтаи наздикони Маҳмурод Одинаев, рӯзҳои ахир мақомоти пулис шуморе аз пайвандони ӯро ба Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ҳисор даъват намуда, бозпурсӣ кардаанд. Бархеро пас аз бозпурсӣ раҳо кардаанд, вале бархеи дигар ҳанӯз дар боздоштанд.

Ҳамсари яке аз бародарони Одинаев дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “дар пайи фирори ӯ (Маҳмурод Одинаев) дар чанд рӯзи пеш, се писари ӯро бозпурсӣ карданд”. Ин зан мегӯяд, ки пулис писарҳои ӯро дар ҳоле барои бозпурсӣ даъват кард, ки хонаводаи онҳо солҳо боз бо Маҳмурод Одинаев рафтуомад надорад.

Масъулони Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳанӯз аз сарнавишти Маҳмурод Одинаев хабар надоранд ва ангезаи бозпурсии наздикони ӯ маълум нест. Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ дар тамоси телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, талош дорад, маълум кунад, ки чӣ ҳодиса рӯй додааст, аммо муваффақ нашуд ва маълумоти дақиқе дар ин замина низ дастрас накард.

Шокирҷон Ҳакимов, аз раҳбарони дигари Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бори ахир Маҳмурод Одинаев шаби шанбе бо ӯ аз як шумораи ношинос дар тамос шуд ва хабар дод, ки наздиконаш боздошт шудаанд.

Дар ҳамин ҳол Нусратуло Маҳмудзода, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабари фишор ва бозпурсии наздикони Маҳмурод Одинаевро беасос хонд. Ӯ гуфт, ки бори охир наздикони ӯро дар робита ба қазияи “латукӯби як зан” бозпурсӣ карда буданд.

Аз ин қабл Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон аз таъқиби аъзои худ хабар дода буд. Зоиров рӯзи 22 ноябр дар Фейсбук навишт, на танҳо дар замони интихоботи президентӣ, балки баъд аз он низ дар Душанбе ва минтақаҳои дигар раванди таъйиби аъзои ин ҳизб идома дошааст. Ин ҳизб интихоботи президентии 11-уми октябрро таҳрим карда буд.

Аввали моҳи октябр Маҳмурод Одинаев, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ хабар дода буд, ки афроди ношинос дар Ҳисор шабона писарашро латукӯб карданд. Аммо ВКД дар пай гуфт, ки писари Одинаев “дар ҳолати сархушӣ бо муштариёни тарабхона муноқиша намуда, мавриди латукӯб қарор гирифтааст”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button