Хабарҳои кӯтоҳ

Ахбори ҷиноии Тоҷикистон: 24 ноябр

Аз навори хабарҳои рӯзи 24 ноябри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Дастгир гардидани ҷавонзани 26-сола бо ҷурми дуздӣ

Ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб аризаи зани 41-солаи сокини деҳаи Корези поёни шаҳри мазкур ворид гардид, ки 20-уми ноябри соли 2020, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 7 ҳазору 500 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонзани 26-солаи сокини шаҳри Кӯлоб ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир гардида, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ошкор шудани ташкили фоҳишахона

Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 41-солаи сокини кӯчаи Н.Қарабоеви пойтахт ҳамчун гумонбар дар ташкил ва нигоҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд.
Номбурда, 23-юми ноябри соли 2020, дар хонаи истиқоматиаш барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба ҷавони 21 сола ва ҷавонзани 22-солаи сокинони шаҳри Душанбе шароит фароҳам оварда, аз онҳо 120 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Ҳамчунин, номбурда ҳамон рӯз дар хонаи истиқоматиаш барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба ҷавони 23-сола ва ҷавонзани 20-солаи сокинони пойтахт шароит фароҳам оварда, аз онҳо 120 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Дар шаҳри Бӯстон дузд ғофилгир шуд

Ба мақомоти милитсияи шаҳри Бӯстон муяссар гардид, ки пеши роҳи дузди корозмӯдаеро бигарад, ки аз чапдастиҳои ӯ соҳиби 24 манзили истиқоматӣ ва 1 мағозаи хӯрокворӣ зарар дидааст. Шаҳрванд Азимов Назим Юсуф-уғлӣ соли таваллудаш 1992 истиқоматкунандаи шаҳри Бӯстон танҳо дар ду ҳолат баъди ғайриқонунӣ ворид шудан ба манзилҳои истиқоматӣ аз онҷо дасти холӣ баромадааст. Дар боқимонда 23 ҳолати ҷиноятӣ дар баробари пули нақду тилловорӣ, ашё ва таҷҳизоти маишии техникиро тасарруф кардааст. Зарари ба шаҳрвандон расонидашуда дар умум аз 150 ҳазор сомонӣ зиёд аст.
Дуздиҳо аз моҳи ноябри соли 2019 инҷониб то лаҳзаи боздошт гардидани гумонбаршуда, моҳи ноябри соли 2020, асосан шабона содир шудаанд. Сокинони маҳаллаҳои Ғалаба, Носири Хисрав, Мирсаид Миршакар, Раҷаб Қурбонов, Мирзо Турсунзода ва аз ҳама бештар Маҳаллаи Нави шаҳри Бӯстон аз чапдастиҳои Азимов Назим Юсуф-уғлӣ зарар дидаанд.
Пеш аз ворид шудан ба манзилҳои истиқоматӣ гумонбаршуда дар дами дарвоза соҳибони хонаро овоз дода даъват мекард, агар касе даъватро шунида наздаш меомад бо ҳар баҳона дур мешуд. Дар акси ҳол яъне агар соҳибхона ҷавоб намедод маънои онро дошт, ки дар хона касе нест. Роҳи воридшавиро пайдо намуда, ба мақсад мерасид.
Гумонбаршуда Назим Юсуф-уғлӣ бе тайёрии пешакӣ бо услуби интихоби тахминӣ манзилҳои истиқоматиро ҳадаф қарор додааст. Ҷабрдидаҳои пулу молашон тасарруфшуда ҳавлинишинҳо ва ҳам сокинони баландошёна мебошанд.

Кормандони ШВКД дар шаҳри Бӯстон дер боз барои пайдо намудани яғмогар корбарӣ менамуданд. Дар натиҷа масъулини шуъбачаи кофтукови ҷиноятии Шуъбаи мазкур ӯро зимни дуздии навбатӣ ғофилгир ва назди қонун сархам намуданд. Ба даст афтодани гумонбаршуда гувоҳи он аст, ки ҷинояткор бе ҷазо намемонад.
Акбар Шарифӣ, майори милитсия

Ду устои таъмири нақлиёт сабукрави мизоҷро тасарруф карданд

Кормандони Шуъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд дар натиҷаи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ баъди 4 рӯзи дуздидашудани сабукрави тамғаи «Мерседес-Бенс» аломати қайди давлатиаш tj 5050 СК02 ба шаҳрванд Саидбаҳоваддин Исомаддинов сокини шаҳри Хуҷанд таалуқдошта, шахсияти гумонбарони ҷиноятро муайян ва нақлиётро ба соҳибаш баргардониданд. Нақлиёти мазкур 72 ҳазор сомонӣ арзиш дошта шоми 3-юм ба 4-уми ноябр дар ҳудуди маҳаллаи 19-уми шаҳри Хуҷанд тасарруф карда шуд. Дар дуздии ин автомашина ду устои нақлиёт шаҳрвандон Баротов Абдуғаффор Аминович соли таваллудаш 1984 ва Шарипов Аъзам Рустамович соли таваллудаш 1994 истиқоматкунандагони шаҳри Хуҷанд даст доранд, ки соҳиби нақлиёт мизоҷи доимии онҳост.
Зимни аз ҷониби соҳибмулк пешниҳод кардани автомашина барои таъмир гумонбаршудаҳо Баротов ва Шарипов бо маслиҳати пешакӣ қисми техникии ба ҳаракатдарорандаи сабукравро, ки маъмулан онро «зажиганӣ» мегӯянд канда калидро нусхабардорӣ мекунанд. Боз ҳолати аввалаашро барқарор карда баъди таъмир ба дасти соҳибаш супорида дар пайи тасарруфи нақлиёт мешаванд ва ба мақсад ҳам мерасанд. Яъне суроғаи мизоҷро пайдо намуда аз саҳни манзили истиқоматиаш баландошёнаи №39-и маҳаллаи 19-уми шаҳри Хуҷанд барои дар оянда ба қисмҳо ҷудо карда фурӯхтан сабукравро тасарруф кардаанд.

Гумонбаршудаҳо бо мақсади интиқол додани автомашина аз рақамҳои транзитӣ истифода намудаанд.
Аз рӯи ҳодиса бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Акбар Шарифӣ, майори милитсия.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button