Коррупсия

ВИДЕО: Худро корманди комиссариати ҳарбӣ муаррифӣ карда, ҷавононро ғорат мекард…

РВКД Душанбе хабар дод, ки Назарзода Акбарҷони Гадо, соли таваллудаш 1992, истиқоматкунандаи н. Рӯдакӣ, деҳаи Теппаи Самарқандӣ, худро ҳамчун корманди комиссариати ҳарбӣ муаррифӣ намуда, ҷавононро аз ба таври зӯрӣ ба хизмати ҳарбӣ бурдан тарс дода, телефонҳои мобилиашонро аз они худ кардааст. Бино ба ин манбаъ, тафтишоти пешакӣ дастикам 13 ҳолати мардумфиребии Назарзодаро ошкор кардааст.

Боздошти қаллоб: худро корманди комиссариати ҳарбӣ муарифӣ намуда, даст ба тамаъҷӯӣ задааст (Навор)

Баъзан аз надонистани ҳуқуқу ӯҳдадориҳои шаҳрвандӣ инсон дучори мардумфиребону қаллобон гардида, боиси парешонӣ ва аз даст додани пулу мол мегарданд. Ба кормандони мақомоти милитсияи пойтахт зиёда аз 13-нафар ҷавонон, ки аксаран донишҷӯён ҳастанд бо аризаи шикоятӣ дар он хусус муроҷиат намудаанд, ки мавриди фиреби як нафар мардумфиреб қарор гирифта, телефонҳои мобилии худро аз даст додаанд.

Дар натиҷаи баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон кормандони милитсияи шаҳри Душанбе бо гузаронидани як қатор чорабиниҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Назарзода Акбарҷони Гадо, соли таваллудаш 1992, истиқоматкунандаи н. Рӯдакӣ, деҳаи Теппаи Самарқандиро ҳамчун гумонбар дастгир намуданд, ки қаблан суд шудаву ба худ хулосаи зарурӣ набароварда, боз такроран даст ба ҷиноятҳои қасдона задаст.

  Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки номбурда бо усули хосе ҷиноятҳои қаллобиро содир намудааст. Ӯ худро ҳамчун корманди Комиссариати ҳарбӣ муааррифӣ намуда, ҷавононро аз ба таври зӯрӣ ба хизмати ҳарбӣ бурдан тарс дода, телефонҳои мобилиашонро аз они худ кардааст.
  Тафтишоти пешакӣ 13-ҳолати мардумфиребии ӯро ошкор намуд, ки ҷиҳати муайян намудани ҳолатҳои содир намудани дигар ҷиноятҳо тафтиш идома дорад.
  Бояд гуфт ин амали ноҷавонмардонаи дастгиршуда, боиси коста гардидани обруву эътибори мақомоти давлатӣ ва дилсард гаштани ҷавонон аз хизмати ҳарбӣ гашта, номбурда барои содир намудани ин кирдорҳои ҷиноятиаш дар назди қонун ҷавоб ҳоҳад гуфт.

  Айни замон нисбаташ бо моддаи 247 қисми 2-Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди тафтиш қарор дорад.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button