Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

ВИДЕО: Боздошти ду ронандаи мошинҳои гаронбаҳо барои ташкили пойга дар Душанбе

Таҳқиқи навори пойга: Боздошти 2 ронандаи нақлиёти гаронарзиш ва таҳдиди 35 000 сомонӣ ҷарима

Ташкили пойгаи ғайриқонунӣ ва бо суръати баланду сабқати нодуруст идора намудани воситаи нақлиёт, махсусан дар вақти шабона дар бештари маврид ба ҳодисаҳои нохуши роҳу нақлиётӣ ва садамаҳои марговар оварда мерасонад. Вобаста ба ошкору пешгирии чунин қоидавайронкуниҳои дағали ҳаракат дар роҳ Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар ҳамкориву ҳамбастагӣ бо аҳолӣ як қатор чорабиниҳои профилактикӣ, рейду санҷишҳо ва чорабиниҳои оперативӣ гузаронида истодааст.
  Чунончӣ, субҳи 22 ноябри соли 2020 ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе наворе ворид гардид, ки шаби 21 ба 22 ноябри соати 00.58 шабона 2 нафар ронандагони воситаҳои нақлиёти гаронарзиши хориҷӣ байни ҳам пойгаи ғайриқонунӣ ташкил карда, бо таҳдиди хатар ба ҷони дигар иштирокчиёни ҳаракати роҳ дар яке аз кӯчаҳои марказии шаҳри Душанбе – кӯчаи Мирзо Турсунзода ин амали ғайриқонуниро амалӣ намудаанд.

Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт бо мақсади муайяну боздошт намудани соҳибони воситаҳои нақлиёти мазкур ба таври фаврӣ чораҳои дахлдор роҳандозӣ карда шуда, дар давоми руз зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шахсияти ҳар ду ронандагон ошкору муайян ва ронандагону автомашинаҳо ба мақмомоти милитсияи шаҳри Душанбе дастрас карда шуд.
Инҳо:
  Асомиддинзода Исомиддин санаи таваллудаш 14.06.1991, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кучаи Ҳувайдуллоев, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс-350», аломати қайди давлатиаш 1050QQ01; соҳибкор, корманди ширкати мебелсозии ҶДММ «Сафо»;

Иброҳимов Кароматулло Қудратуллоевич санаи таваллудаш 25.08.1992, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кучаи Шерализода, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс Е-550», аломати қайди давлатиаш 7000RT01; соҳибкор, ба хариду фуруши автомашина машгул аст.

Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки дастрасшудагон Асомиддинзода Исомиддин ва Иброҳимов Кароматулло бо ҳам ҳамсинф буда, баъди як нишаст бо дигар ҳамсинфонашон ҳангоми сайругашт дар кучаҳои марказии шаҳр чунин амали хатарнокро ташкил намудаанд. Тибқи санҷиш ва нишондоди ронанда Иброҳимов Кароматулло ҳамчунин муайян карда шуд, ки номбурда ҳангоми баргаштан ба суи хонааш бо сабаби аз меъёр баланд будани суръати ҳаракати воситаи нақлиёташ дар ру ба руи маркази савдои Ёвар аз уҳдаи идора набаромада, ба монеаҳои бетонии давродаври канори роҳ бархурдааст.

Бо назардошти ҳолати мазкур нисбати ронандагон бо дастрасии моддаи 326 иловаи 1 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳар ду автомашина то таъини ҷазои маъмурӣ дар ҷаримагоҳи муваққатии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе нигоҳ дошта мешаванд.
  Мавриди зикр аст, ки тибқи муқаррароти моддаи мазкур барои кирдори содирнамудаашон ҳар як ронандаро дар алоҳидагӣ ҷарима ба андозаи аз 250 то 300 нишондиҳанда, баробар ба аз 14 ҳазору 500 сомонӣ то 17 ҳазору 400 сомонӣ бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт ба муҳлати 2 сол таҳдид мекунад.
  Бо истифода аз фурсати муносиб Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба муаллифи навор, ки бетарафиро ихтиёр накарда, навори мазкурро тавассути телефони мобилиаш сабт ва барои баррасӣ ба мақомоти милитсия ирсол намуд, изҳори миннатдорӣ баён менамояд. Илова бар ин, мақомоти милитсияи пойтахт аз кулли шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки дар сурати шоҳиди чунин қоидавайронкунӣ гардидан, онро сабт ва барои баррасӣ ба мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе ирсол намоед.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button