Хабарҳои кӯтоҳ
Шумори гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон ба 11 932 нафар расид
Бино ба омори нави вазорати тандурустии Тоҷикистон, дар як шабонарӯзи охир дар ин кишвар 38 ҳолати нави сироят ба коронавирус сабт шуда, ягон ҳолати марг аз ин беморӣ сабт нашудааст. Ба маълумоти ин манбаъ, шумораи умумии гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон аз 30 апрел то шоми 23 ноябр ба 11 ҳазору 932 нафар расида, аз ин шумор 11 ҳазору 312 нафар, ё 94,8% аз ҷамъи гирифторон шифо ёфтаанд Аз ҷумла 41 нафар дар як шабонарӯзи охир аз бемористонҳо рухсат дода шудаанд.
Мунтақидон ба омори расмии вазорати тандурустии Тоҷикистон эътимод надоранд ва бар инанд, ки ин вазорат шумори воқеии гирифторони коронавирусро пинҳон мекунад.