Хабарҳои кӯтоҳ

Садамаи марговар дар канори шаҳри Ваҳдат

Рӯзи 22 ноябр,  соати тахминан 18:00, бар асари бархӯрди ду мошини “Тойота-Филдер” ва “Опел-Астра” дар канори шаҳри Ваҳдат як зани 50-солаи мусофири “Опел” дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, як мусофири 27-солаи ин мошин ҷароҳат бардоштааст.

Ду навраси 15- ва 16-сола аз ноҳияи Рӯдакӣ  бо гумони дуздии телефони мобил ва 350 сомонӣ аз ҷайби як харидор дар бозори “Корвон” дастгир шудаанд.

Аз навори хабарҳои рӯзи 23 ноябри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ҳаракат ба самти муқобили роҳ боиси фавти мусофир гардид

Рӯзи 22-юми ноябри соли 2020, тахминан соати 18:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота-Филдер», Шамсов Далер Қурбоналиевич, соли таваллудаш 1995, сокини деҳаи Чаманзори шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Ваҳдат ба самти деҳаи Чаманзори шаҳри мазкур, дар километри 27-уми роҳи мошингарди «Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ» аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», таҳти идораи ронанда, Ҳусейнов Маҳмадюсуф Қурбонович, соли таваллудаш 1996, сокини шаҳри Душанбе, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири дохили автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Дӯстова Холида Подабоновна, соли таваллудаш 1970, сокини ноҳияи Данғара, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст ва мусофири дигари ҳамин автомашина Тоҷиддини Хол, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Фархор, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Дуздии телефон ва маблағ аз ҷониби ноболиғон

Ба ШВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи зани 32-солаи сокини кӯчаи Соҳилии ноҳияи мазкур ворид гардид, ки санаи 21-уми ноябри соли 2020, тахминан соати 14:00, ҳангоми дар назди истгоҳи ҶДММ «Бозори Корвон» қарор доштанаш, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз ҷайбаш 1-адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг» ва 350 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 2550 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро 2-нафар ноболиғи 15 ва 16-солаи сокинони ноҳияи Рӯдакӣ содир намудаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button