Муҳоҷирон

Ҷавони тоҷик дар Обнинск ба ҳамла ба кормандони пулис айбдор мешавад

Як шаҳрванди 28-солаи Тоҷикистон дар шаҳри Обнински вилояти Калугаи Русия ба таҳқир ва зӯроварӣ нисбат ба корманди пулис айбдор мешавад. Ба ӯ то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Бино ба фарзияи тафтишот, ки дафтари матбуоти раёсати тафтишоти вилояти Калуга нашр кард, ҷавони тоҷик шоми 19 ноябр, дар ҳолати мастӣ дар ҳавлии яке аз биноҳои истиқоматӣ дар Обнинск тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардааст. Сокинон ба пулис хабар додаанд. Кормандони пулис ба ҷои ҳодиса омада, аз муҳоҷири тоҷик хостаанд, ки рафтори зиддиҷамъиятиашро бас кунад.

“Дар посух ин мард нисбат ба намояндагони давлат дашномҳои қабеҳ карда, як корманди пулисро аз либосаш кашида, жетонашро канд ва ба дасти корманди дигари пулис низ зарба задааст”, – гуфта мешавад дар иттилоияе, ки дар сомонаи раёсати тафтишоти вилояти Калуга нашр шудааст.

Шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳабс гирифта шуда, нисбат ба ӯ бар асоси моддаҳои 318 ва 319-уми Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми таҳқир ва истифодаи зӯроварӣ нисбат ба намояндагони давлат парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Назари муҳоҷири боздоштшуда ба иттиҳомоти эълоншуда дастрас нест. Вале маъмулан муҳоҷирон дар Русия дар ҳолатҳои истисноӣ, вақте ки кормандони пулис ба ҷонашон мера

сонанд, алайҳи онҳо иқдом мекунанд.Шаҳри Обнинск дар тақрибан 100-километрии ҷанубу ғарби Маскав ҷойгир шудааст.

Гражданин Таджикистана оскорбил и применил насилие в отношении представителя власти в городе Обнинске

Следственными органами Следственного комитета Российской Федерации по Калужской области возбуждено уголовное дело в отношении гражданина Таджикистана за оскорбление и применение насилия в отношении сотрудников полиции (ч. 1 ст. 318, ст. 319 УК РФ).

Согласно материалам уголовного дела, 19 ноября 2020 г. в вечернее время 28-летний мужчина, будучи в состоянии алкогольного опьянения, нарушал общественный порядок у одного из жилых домов г. Обнинска, выражался нецензурной бранью, вел себя агрессивно. По обращению жителей на место происшествия прибыли сотрудники полиции, которые потребовали прекратить противоправные действия. В ответ на это мужчина стал высказывать нецензурные оскорбления в адрес представителей власти, схватил одного из сотрудников полиции за форменную одежду, оторвав ему знак-жетон, а второму сотруднику полиции нанес удар по руке.

После этого нарушитель был задержан, следователем ему предъявлено обвинение, а также инициирован его арест.

За содеянное обвиняемому грозит до 5 лет лишения свободы.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button