МуҳоҷиронЧеҳраҳо

Пирӯзии ду бародари тоҷик дар озмуни беҳтарин сохтмончиёни шаҳри Маскав

Дар озмуни маҳорати касбии мутахассисони ҷавони соҳаи сохтмони шаҳри Маскав ду ҷои аввалро ду бародар аз Тоҷикистон – Саноӣ ва Комрон Сулаймоновҳо ба даст оварданд. Дастаи ширкати сохтмонии «МонАрх», ки бародарон Сулаймоновҳо дар ҳамин ширкат кор мекунанд, беҳтарин дастаи мухассисони ҷавон дар соҳаи сохтмони пойтахти Русия дониста шуд.

Саноӣ ва Комрон фарзандони адиби зодаи муқими Хоруғ Довудшоҳ Сулаймоншоҳ мебошанд. Саноӣ 26 сол дошта, Донишгоҳи славянии Русияву Қирғизистон ва сипас магистратураи Донишгоҳи давлатии сохмтони шаҳри Маскавро хатм кардааст. Бародари хурдии ӯ Комрон 23 сол дошта, Донишгоҳи давлатии меъморӣ ва сохтмони шаҳри Томски Русияро хатм кардааст.

Комрон ва Саноӣ мегӯянд, ки мехоҳанд зеҳниятҳои нохуби шаклгирифта дар бораи тоҷиконро бишкананд.

Ду бародари тоҷик дар озмуни сохтмончиёни Маскав пирӯз шуданд

Муаллиф: Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Онҳо мегӯянд, мехоҳанд зеҳниятҳои нохуби шаклгирифта дар бораи тоҷиконро бишкананд.

Аз 19 то 28 октябр дар Маскав озмуни маҳоратҳои касбӣ дар миёни мутахассисони ҷавонисоҳаисохтмони шаҳр баргузор гардид. Ҷойҳои якум ва дуюмро дар дастовардҳои шахсӣ бародарон  Саноӣ ва Комрон Сулаймоновҳо аз Тоҷикистон ба даст оварданд. Инчунин ширкатиМонАрх“, ки бародарон дар он ҷо кор мекунанд, барои беҳтарин дастаи мутахассисони ҷавони соҳаи сохтмон ҷойи аввалро сазовор гардид.

Озмуни маҳоратҳои касбӣ ҳамасола дар шаҳри Маскав баргузор мешавад ва ин на танҳо рақобат байни дастаҳои созмонҳо, балки имкони баланд бардоштани тахассуси ҳар як ширкаткунанда мебошад. Дар озмун мутахассисони ҷавоне ширкат меварзанд, ки ба гуфтаи ширкатҳояшон, дар соҳаи худ беҳтарин ҳисобида мешаванд.

Дар суҳбат бо “Азия-Плюс” бародарон Сулаймоновҳо гуфтанд, ки дар байни садҳо нафар ширкаткунандагон танҳо онҳо аз Тоҷикистон буданд. Ва озмун як ҳафта дар Донишгоҳи давлатии Маскав баргузор шуда буд.

– Ин озмун шумораи зиёди иштирокчиёнро ҷалб мекунад. Имсол дар он 24 даста ва зиёда аз 100 нафар мутахассисони ҷавон ширкат варзиданд. Фикр мекунам, ки чунин озмун бояд дар Тоҷикистон низ баргузор шавад. Иштирок дар чунин озмунҳо ба такмили малака ва дониши мутахассисони ҷавон мусоидат мекунад ва ширкатҳои ғолиб низ сазовори эътироф мегарданд, – мегӯяд Саноӣ Сулаймонов.

– Аз Тоҷикистон танҳо ман ва бародарам, ки дар ширкати МонАрх ба ҳайси муҳандис кор мекунад, дар озмун ба унвони мутахассис ширкат варзидем. Озмун як ҳафта дар Донишгоҳи давлатии сохтмони Маскав баргузор шуд. Дар натиҷаи ширкати мо ҷойи аввалро сазовор гардид ва беҳтарин дастаи мутахассисони ҷавони сохтмони мулкӣ гардид.

Барои дастовардҳои шахсӣ, ман ҳамчун муҳандис дар бахши истеҳсолӣ-техникӣ ҷойи аввал, бародарам ҳамчун муҳандиси бехатарии кор ҷойи дуюмро гирифтем.

Ин озмун ба мо кӯмак кард, ки на танҳо малакаи худро нишон бидиҳем, балки бо иштироки худ мо мехостем нишон диҳем, ки мутахассисони варзида аз Тоҷикистон низ зиёд ҳастанд.

Комрони Сулаймон 23 сол дорад. Донишгоҳи давлатии меъморӣ ва муҳандисии шаҳри Томскро хатм кардааст.

Бародари бузургаш  Саноӣ 26 сол дорад. Ӯ  Донишгоҳи славянии Қирғизистону Русия ва баъд дараҷаи магистрро дар Донишгоҳи давлатии муҳандисии шаҳри Маскав ба даст овардааст.

Ҳоло дар Маскав мутахассисони зиёди тоҷик кор мекунанд?

– Бале, дар Маскав ва дигар шаҳрҳои Русия мутахассисони тоҷики дараҷаи аълои соҳаҳои гуногун кам нестанд. Бисёр табибон, муаллимон, муҳандисони хуб ҳастанд. Хеле аламовар, аст, ки чунин як зеҳнияте мавҷуд аст, ки тоҷикон танҳо ҳамчун мардикор кор карда метавонанд, мо бояд ин қолабҳоро бо дастовардҳо ва муваффақиятҳои худ бишканем. Дарвоқеъ, бо муваффақият баромад намудани ману бародарам дар мусобиқа низ қадаме дар ин самт аст. Мо тавонистем нишон диҳем, ки мутахассисони тоҷик метавонанд ба муваффақиятҳои назаррас ноил шаванд.

– Шумо дар ширкати МонАрх кор мекунед, оё дар Маскав ягон ширкати сохтмонии тоҷикон фаъолият намекунад?

– МонАрх- як ширкати байналмилалӣ ва муосир аст, ки диққати худро ба мутахассисони ҷавон ва кӯшо равона мекунад ва ману бародарам аз он шод ҳастем, ки дар ин тим ҳастем ва фаъолият мекунам.

Ширкати мо беморхонаҳо, биноҳои маскунӣ ва дигар иншооти иҷтимоӣ месозад.

Мутаассифона, бо вуҷуди он ки шаҳрвандони Тоҷикистон тақрибан нисфи Маскав ва дигар шаҳрҳои Русияро обод карданд, дар ин ҷо ягон ширкати ҷиддии сохтмонии тоҷик вуҷуд надорад, мегӯяд Саноӣ. – Мо албатта дар ин масъала фикр карда истодаем, аммо ҳоло ин танҳо нақшаҳои мо мебошанд. Аммо ман мутмаинам, ки агар яке аз соҳибкорони муваффақи мо тасмим бигирад, ки чунин як ширкатро дар Маскав таъсис диҳад, ноком нахоҳад шуд. Чун барои кор кардан аз байни тоҷикон на танҳо коргарони оддӣ, балки мутахассисони хуб низ пайдо хоҳанд кард.

Бародарон фикри ба ватан баргаштанро доранд. Дар айни замон, мутахассисони ҷавон нақша доранд, ки дар ширкатҳои калон кор карда, дар сохтмони иншооти азим таҷриба бигиранд.

Русия, ба гуфтаи Саноӣ, маҳз кишварест, ки чунин имкониятҳоро фароҳам меорад. Вақте ки ӯ дарк мекунад, ки ӯро ҳамчун мутахассис дар ватан ниёз дорад, фавран ба он ҷо бармегардад.

– Корфармоёни мо бояд як чизро дарк кунанд, ки мо дар асри 21 зиндагӣ дорем ва бояд гуфт, ки ин замони одамоне мебошад, ки дониш ва малакаи аъло доранд.

Бародарон Сулаймоновҳо аз оилаи эҷодкоранд. Падари онҳо Довудшоҳ Сулаймоншоҳ нависанда аст ва дар шаҳри Хоруғ зиндагӣ мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button