Тиб ва беҳдошт/Муҳити зистХабарҳои кӯтоҳ

Боз 40 ҳолати нави сирояти коронавирус

Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, ки дар як шабонарӯзи гузашта дар ин кишвар боз 40 ҳолати нави сироят ба COVID-19 сабт шуда, шумораи умумии гирифторони коронавирус аз 30 апрел то шоми 22 ноябр ба 11 894 нафар расидааст.

Вазорат мегӯяд, ки то имрӯз 86 нафар аз ин вируси қаттол ҷон бохта, дар як шабонарӯзи гузашта дар кишвар ягон ҳолати марг аз COVID-19 сабт нашудааст. Ин дар ҳолест, ки манобеи дигар дар бораи ҳалокати дастикам 4 нафар аз коронавирус дар Тоҷикистон дар як шабонарӯзи ахир хабар медиҳанд.

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, ки 11 ҳазору 271 нафар, ё 94,7% аз шумораи умумии гирифторон шифо ёфтаанд. 42 нафари онҳо дар як шабонарӯзи охир аз бемористон рухсат дода шудаанд.

Мунтақидон мегӯянд, омори расмии вазорати тандурустӣ вазъи воқеии гирифторӣ ба коронавирус дар Тоҷикистонро аз ҷомиа пинҳон мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button