ВидеоДин ва боварҳо

НАШРИ ВИДЕОИ ҲАҶҶИ УМРАИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Хадамоти  матбуоти президенти Тоҷикистон видеои сафари Ҳаҷҷи Умраи Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2005-ро нашр кард.  Дар видео лаҳзаҳое нишон дода мешаванд, ки Эмомалӣ Раҳмон эҳром дар бар санги Каъбаро зиёрат мекунад ва дар Макка намоз мегузорад. Ба Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин иҷозат доданд, ки дар он сафар вориди хонаи Каъба шавад.

Эмомалӣ Раҳмон дар умум 4 маротиба Ҳаҷҷи Умра кардааст. Бори охир ӯ бо ҷамъи бузурге аз аҳли хонавода ва хешу табору мансабдорони баландпоя моҳи январи соли 2016 ба сафари Макка рафта буд. Он вақт низ хадамоти матбуоти президент лаҳзаҳои адои маносики Ҳаҷ кардани Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамроҳонаш, аз ҷумла зикр кардани Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми зиёрати санги Каъбаро нашр карда буд.

Хадамоти  матбуоти президенти Тоҷикистон дар ин бора навишт: “Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳи ӯ либоси хоси маросими ҳаҷ — эҳромро ба бар карда, бо 7 маротиба давр задан дар гирди хонаи Каъба, яъне тавофи қиблаи мусулмонон дар рӯйи замин, маросими умра ё худ зиёрати хонаи рамзии Худоро ба ҷо оварданд.

Пас аз тавофи хонаи Каъба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳи ӯ дар пушти мақоми пайғамбар Иброҳими Халилуллоҳ, ки дар як паҳлӯи Каъбатуллоҳ аст, 2 ракъат намози нафл хонданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати ҳамроҳ пас аз адои намоз барои пешрафту шукуфоии ояндаи Тоҷикистон-хонаи умеди ҳамаи тоҷикони ҷаҳон ва сарҷамъию осудагии мардуми шарифи тоҷик дуои хайр карданд.

Сипас дар назди чоҳи замзам бо як ҷаҳон орзуву ниятҳои нек аз оби замзам нӯши ҷон намуда, онҳо ба пояи кӯҳи Сафо баромаданд, то дар саъйгоҳ, яъне миёни кӯҳҳои Сафо ва Марва 7 маротиба рафтуо кунанд. 4 бор аз Сафо то Марва ва се бор баръакс ҳаракат бояд кард.”

Зиёрати хонаи Худо-Каъбатуллоҳ  05.01.2016

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button